ДАСТГИРИИ ТАБИБОН ВА БЕМОРОН

Кӯмаки озуқаворӣ, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии табибон ва беморони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон равона шуда буд имрӯз тавассути кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят ба роҳбарони муассисаҳои тиббии шаҳри Хоруғ супорида шуд. Маводи озуқаворӣ аз қабили карам, сабзӣ, пиёз, бодиринг иборат буда барои нигоҳ доштани сиҳатии беморон ва баланд бардоштани имунитети маризон ба манфиат хоҳад буд. Табибон ва беморон аз кӯмаки ғамхоронаи Роҳбарияти Олии мамлакат бархурдор гардида миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат барои дастгири намудан дар ин рӯзҳои мушкил баён намуданд.

КӮМАКИ МОЛЯВӢ

Бо мақсади саҳм гузоштан дар пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавируси нави covid -19 шахсони саховатпеша, сокинони касбу кори гуногун аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба суратҳисоби бонкӣ, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кушода шудаст, маблағҳои муайян ирсол намуда истодаанд. Ин навбат аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ 20 ҳазору 877 сомонӣ ва кормандони Сарраёсати молияи вилоят 6 ҳазору 468 сомонӣ ба суратҳисоби мазкур гузаронида шуд. Ҳамчунин, Директори Маркази чумҷуриявии омўзишии «Логос» Ҷумъа Булбулов маблағи 1000 сомонӣ, Ташкилоти ҷамъиятии «Сано» 1000 сомонӣ ва сокини маҳаллаи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ шаҳрванд Саидаҳмад маблағи 300 сомониро ба суратҳисоби бонкии пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавирус ирсол намуданд.
Воридшавии маблағ ба суратҳисоби мазкур идома дошта, шаҳодат аз он медиҳад, ки сокинони вилоят дар самти мубориза бо ин беморӣ, ки саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, бетараф нестанд. Ёдрас мешавем, ки сарфи маблағҳои ҷамъгардида таҳти назорати бевоситаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қарор дошта, маълумот пайваста тариқи васоити ахбори оммаи расмӣ ба аҳолӣ расонида мешавад.

АНДЕШАИ ОЛИМОН ЯКДИЛИ ДАР РӮЗИ ХАТАРИ ПАҲНШАВИИ «COVID 19»

Андешаҳо дар хусуси кўмаки саривақт ва хирадмандонаи Пешвои миллат ба табибони ВМКБ
Имрўз мардуми мо давраи душвореро аз сар мегузаронад, ки бо паҳншавии вируси «Короновирус» алоқамандӣ дорад. Дар давоми панҷ моҳи охир ин беморӣ қариб дар 200 давлати ҷаҳон паҳн гардид. Аз замони ба таври расмӣ эълон шудани мавҷудияти ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ таъсис дода шуданд, ки ҳамаруза ҳолати паҳншавии ин бемориро таҳти назорат карор гирифтаанд. Дар доираи чораҳои пешгирии паҳншавии ин беморӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беморхонаҳои Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо 45 адад мошини боркаш маводҳои доруворӣ, хурокворӣ ва либосҳои махсуси тиббиро равон карданд, ки ин кўмаки саривақтӣ имкон фароҳам овард, ки кори табибон дар самти мубориза бо вируси «Короно» ба таври кофӣ ва аз рўи талабот ба роҳ монда шавад. Чунин дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки беморхонаҳои вилоят бо воситаҳои муайянкунии ин беморӣ ва таҳҷизоти табобатӣ муҳайё гардид.
Паҳншавии вируси «Короновирус» дар сар то сари ҷаҳон боз якбори дигар аз мо тақозо мекунад, ки дар пеши ин хатар муттаҳид бошем, зеро ин маразро дар парокандагӣ ва танҳоӣ ҳеҷ ягон давлат ғалаба карда наметавонад. Имрўз мо ин якдилиро дар тамоми ҷаҳон эҳсос мекунем. Олимон дар роҳи ихтирои дору заҳмат мекашанд, табибон дар табобати беморон, деҳқонон дар роҳи тавлиди озуқаворӣ, коргарон барои истеҳсоли маводҳои антисептикӣ, дузандаҳо дар духтани ниқоб ва либоси муҳофизати барои табибон ва ҳокимон роҳбарии умумии ин корҳоро пеш мебаранд. Таъсиси ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории «Короновирус» аз он шаҳодат медиҳад, ки муносибати роҳбарияти мамлакат нисбати ин бемори хеле ҷиддӣ аст. Мо шаҳрвандони оддӣ бояд дар ин рўзҳо интизоми қавӣ дар роҳи риояи талаботҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳамкорӣ бо роҳбарони мамлакатро дар амал татбиқ намоем. Ҳамвора Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи мубориза бо ин беморӣ тамоми корҳои заруриро анҷом дода истодаанд ва мо умедвор ҳастем, ки ин ҳамкории мардум ва давлат дар ояндаи наздик ин бемориро аз мамлакати мо дур хоҳад кард.

Назархудоева Лола-номзади илмҳои фалсафа, декани факултаи Таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ