МУРОҶИАТНОМАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШҶУЁН, ХОНАНДАГОН, ПАДАРУ МОДАРОН ВА АҲЛИ МАОРИФ

Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодону омӯзгорони муҳтарам, падару модарони меҳрубон, аҳли маориф ва илми мамлакат!
Тавре ки огаҳӣ дорем, мутаассифона, бемории сироятии КОВИД – 19, ки аксари мамлакатҳои оламро фаро гирифтааст, ҳоло вориди мамлакати мо гардидааст.
Ин бемории сироятӣ чандин омӯзгору олим ва кормандони соҳаи маориф ва илмро аз байни мо бурд. Вазорат бо андӯҳи гарон ба аҳли хонадону пайвандони фавтидагон изҳори таслият намуда, ба онҳо сабру бурдборӣ хоҳон аст.
Бемории мазкур имрӯз тамоми инсониятро дар ҳолати ногувор қарор дода, боиси коста гардидани раванди рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар тамоми олам гардидааст. Тамоми олимону муҳаққиқон, табибону ҷомеашиносон ва коршиносону сиёсатмадорони дунё талош бар он доранд, ки ин мусибатро аз сари аҳли башар дур бисозанд.
Ба андешаи Саъдии Шерозӣ:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд,
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми неруи худро ба он равона кардааст, ки шаҳрвандонашро аз ин беморӣ ҳифз намояд ва барои ташхису табобати онҳо шароити мусоиде фароҳам созад. Доир ба ин мушкилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ назару андеша ва таъкидҳои хешро бори дигар баён карда, аз ҳар сокини мамлакат ҷиддан даъват карданд, ки оромии рӯҳию равонии худро ҳифз намуда, ба таҳлукаю воҳима наафтанд.
Сарвари мамлакат зимни суханронӣ бо қаноатмандӣ аз мардуми Тоҷикистон ҷиҳати дастгирию риояи дастуру ҳидоятҳои Ҳукумати мамлакат чунин ибрози назар карданд: «Дар ҳоле ки мо карантин эълон накардаем, шаҳрвандони мо бо риояи талаботи беҳдоштӣ ва тартибу низом ба пастшавии шиддати беморӣ кумак карда истодаанд. Таҳлилҳо ҳам нишон медиҳанд, ки вазъият рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки ба хотири ҳарчи зудтар бартараф гардидани ин беморӣ риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштиро идома диҳад. Бори дигар таъкид мекунам, ки саломатии ҳар шахс, пеш аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва табобати беморӣ низ дар сурати ҳамкории мардум бо табибон натиҷаи нек медиҳад».
Дар заминаи ҳамин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ба ҳамаи хонандагону донишҷӯён муроҷиат карда, хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон ва рӯзҳои дигари таътил ба вазъи саломатии худ ва атрофиёнашон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, тартибу низоми вазъи кунунии кишварро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд. Дар рӯзҳои ид барои идгардак ба хонаи якдигар нараванд, ҳамсинфону ҳамкурсони худро ба зиёфатҳои идона даъват нанамоянд ва шиори Вазорати маориф ва илмро, ки «Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем» аст, ба таври қатъӣ риоя кунанд.
Устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилот даъват ва вазифадор мешаванд, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат қарор дода, бетарафӣ зоҳир накунанд.
Падару модарони азиз, бо арзи адаб ба шумо муроҷиат карда, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоем, ки вазъи имрӯзаи эпидемикии давлат ва оламро дуруст дарк намоед, ба заҳмату талошҳои духтурон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони дорухонаҳо ва санитарию эпидемикии деҳа, ноҳия ва шаҳри худ эҳтиром гузоред ва ба онҳо муносибату муоширати хуб карда, дар ин лаҳзаҳои душвор кумаку дастгириҳои хешро ба хонадони онҳо дареғ надоред, зеро онҳо ҳастии худро барои ҳифзи саломатии мардум равона кардаанд.
Падару модарони меҳрубон, бо назардошти эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳамаи анъанаву суннатҳои миллӣ оид ба таҷлили идҳои динӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои ид садди роҳи идгардаки кӯдакон шуда, аз оростани дастурхонҳои пурдабдабаи идона, омода кардани хӯроку хӯришҳои гуногун, даъвати хешу табору наздикон худдорӣ карда, маблағҳои худро барои ҳифзи саломатии хонадону пайвандон, харидории китобу лавозимоти таълимӣ ва вазъи беҳдоштии фарзандони худ равона сохта, ба шахсони ятим, беморону дармондагони маҳалли зисти худ дасти ёрию навозиш дароз намоед.
Дар баробари ин, хоҳиш менамоем, ки ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории оламро фарогир – КОВИД-19 зери назорати ҷиддӣ қарор диҳед. Нагузоред, ки гурӯҳҳои мухолифу манфиатҷӯ аз ин вазъият истифода карда, фарзандони мову шуморо гирифтори доми фиребу найранги худ созанд.
Волидайни муҳтарам, вақтро барои фарогирии дониши фарзандони худ самаранок истифода баред, рафтори ҳамарӯзаи онҳоро назорат карда, кӯшиш намоед, ки фарзандони шумо бештари вақти худро ба хондани китобҳои дарсӣ, бадеӣ, тамошои филмҳои дорои мазмуни тарбиявию ахлоқӣ ва барномаҳои телевизионии таълимӣ сарф кунанд. Дар муҳити хона нигаҳ доштани фарзандон сабаби ҳифзи саломатии онҳо, хонавода ва аҳли ҷомеа мегардад.
Муҳтарам роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, дар чунин рӯзҳои ҳассос бо дарки масъулият бо тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли пешоҳанги ҷомеа ҳамкорӣ карда, дар паст гардидани шиддати паҳншавӣ, аз байн бурдани бемории коронавирусу дигар маризиҳои сироятӣ саҳм гузоред ва дар самти иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм доир ба раванди таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум тадбирҳои зарурӣ андешед.
Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем ва дар муттаҳидию ҳамдигарфаҳмӣ ба рӯзҳои неку пурсаодати миллату меҳан хоҳем расид.

МУРОҶИАТНОМАИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ВМКБ

Мо- аъзоёни Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тамоми бошандагони вилоят муроҷиат карда истода, қабл аз ҳама, ин нуктаҳоро таъкид кардан мехоҳем:
Мардумони Бадахшон аз замонҳои хеле пеш дар ҳамин хок, ки имрӯз ба як гӯшаи зебою ободи Тоҷикистони азизамон табдил ёфтааст, новобаста аз шароити сангину тоқатфарсо бо ҳам аҳлона зиндагӣ мекардаанд. Фишорҳо, таҳдидҳо, ҳама гуна хатарҳои дохилию берунаро ба мисли тамоми мардуми азиятдидаи тоҷики минтақаҳои дигари Тоҷикистони кунунӣ, ки рӯзгори онҳо низ дар гузаштаҳои дур ҳамранги ҳаёти мардуми кӯҳистон миёншикан буд,тадриҷан паси сар менамуданд.
Ҳамватанони азиз! Падарону модарони меҳрубон. Ҷавонони шарафманд. Ин рӯзгори биҳиштӣ барои мардуми тоҷик ба мисли як ҳадяи муқаддасе аст. Он, албатта, ба ивази чандин ҷонҳои падарону бародарону хоҳарон ба даст омадааст. Пас, биёед, бо маслиҳат, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому умедворӣ ба ҳам оем, ки чунин таҷрибаро аҷдодони мо доиман дар зиндагиашон истифода мекарданд ва мо ҳам бо ҳамин роҳ зиндагиро боз ва боз аз пештар беҳтару зеботар созем.
Ҳамдиёрони азиз! Маълум аст, ки аз охири соли 2019 дар ҷаҳон бемории дунёфарогири Каронавируси нави СOVID-19 паҳн гардид ва имрӯз мардуми Сайёраи замин аз ин беморӣ азият мекашанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мардумони қитъаҳои мухталифи ҷаҳонро аввалҳо таҳлука ва тарсу ҳарос печонида буд ва ин бошад бемориро бамаротиб афзун намуд. Табибони тамоми ҷаҳон барои мубориза бурдан ба ин вабои мудҳиши асри ХХ1 камари ҳиммат бастанд ва тавонистанд, ки дар баъзе кишварҳо роҳи ин бемориро гиранд ва ҳанӯз мубризаҳо идома доранд.
Ба Тоҷикистони мо ҳам ин беморӣ ворид гашт ва инак, мубталошудагон ба ин беморӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба қайд гирифта шудаанд.
Имрӯз дар расонаҳо, шабакаҳои интернетӣ баъзеҳо маълумотҳои воҳиманок, бардурӯғ ва навмедонаро паҳн мекунанд, ки асосе надоранд. Баръакс, бо ин роҳ дар дили ҳамватанон ноумедӣ, заифӣ, тарсу ҳарос, нобовариро бештар хоҳем кард, ки фардо моро касе намебахшад.
Ҳамдиёрони гиромӣ! Аз мушоҳидаҳои ҳаррӯза маълум аст, ки табибон ба ҳамаи мушкилӣ, вазниниҳо, мондашавӣ нигоҳ накарда, дар беморхонаҳо шабу рӯз барои барқарор кардани саломатии маризон хизмат мекунанд. Мо ба табибон ва ҳамаи онҳое, ки имрӯзҳо мунсифона ва ҳалол хизмат менамоянд, изҳори сипос мекунем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ба наздикӣ кардааш бо кормандони соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе ба ин тарафи масъала таваҷҷӯҳи ҳозиринро ҷалб намуда, таъкид кард, ки ба чунин овозаҳои бардурӯғ ва воҳимаасос бовар накунанд. Ба масъулони кор ва мутахассисон мушаххасан супориш дод, ки ба масъалаи тақсим карда додани маводи озуқа, доруворӣ барои маризони ин вирус ва табибон назорати қатъӣ бурда, ба шахсоне, ки дар хона табобат мегиранд, ҳамеша кӯмаки амалии худро расонанд.
Ҳамдиёрони иззатманд! Биёед дар ин лаҳзаҳои барои ҳамаи мо ҳассос бо ҳам муттаҳид шуда, бародарвор, хоҳарвор, падарвору модарвор бар зидди ин бемории сироятӣ беамон мубориза барем, дар ин моҳи шарифи Рамазон ба якдигар дасти кӯмаку саховат дароз намоем. Чун дар паҳлуи ҳамдигар қарор мегирем, боварӣ ба зиндагии имрӯзу фардо бештар мегардад ва бо қудрати муттаҳидӣ, дӯстию бародарӣ метавонем хушҳолона зиндагиамонро ба маҷрои аввала баргардонем.
Дар Ватани ором ҳамеша хушбахт ва дур аз ҳама гуна беморӣ бошед.

ТАБРИКОТИ муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҷавонони азиз!
Қаблан, ҳамаи Шуморо ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май , самимона табрику муборакбод менамоям.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷомеаи имрӯза кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон басо муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳим пешбаранда буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд, ба хубӣ таъмин созанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллат арзёбӣ намудаанд.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишриҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, мукаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амният давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби чаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро сутуни асосии миллату давлат шуморида, онҳоро дар соҳаи хизмати пайваста дастгирӣ намуда, ба мансабҳои роҳбарони вазорату идораҳо таъин намуда истодаанд, ки ин нишон аз боварӣ ва эътимоди Сарвари давлат ба Шумо ҷавонон аст.
Дар навбати ин ҷавонон низ дарк бояд кунанд, ки ба хотири мустаҳкам намудани андешаи миллӣ ва устувории ғояҳои ватанпарварона самимона ва сидқан дўст доштани меҳани худ, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки миллӣ ва барои густариши онҳо ҷаҳду талош намудан лозим аст. Ин қишри созандаи ҷомеа чун идомадиҳандагони ормонҳои дерини аҷдодӣ, парчамбардорони миллат ва пайравони кору пайкори Пешвои миллат, бо тамоми ҳастии хеш эҳсос менамоянд, ки дўст доштани ватан, баланд бардоштани обрую нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, ифтихор кардан аз он ва барои ҳифзу ҳимояи хоки муқаддаси диёри маҳбуб омода будан, арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба воситаи он мо метавонем кишвари ободу пешрафта ва пуриқтидор бунёд намоем. Воқеан ҳам талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон моро бовар мекунонад, ки ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутарқӣ сафарбар менамоянд ва алабатта фаъолона ва худихтиёрии сафарбар шудани ҷавонони вилоят ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳо мебошад.
Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи чаҳонишавии муносибатҳо гардида, афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо намегузоранд, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софу Ватани азизро ғуборолуд созанд. Тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлоли дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.
Имрузҳо дар тамоми соҳаҳои иктисоди миллии мамлакат, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди кишвар ҳиссаи назаррас мегузоранд.
Дар баробари ин ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф тахсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаан, ки барои вилоятамон зарур мебошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташабуссу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад.
Дар ин ҷода ба ҳамаи Шумо ҷавонони азиз комёбиву бурдборӣ ва пирўзиҳои навро орзумандам.
Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!