БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ВМКБ БА ИНТЕРНЕТИ БАЛАНДСУРЪАТ ПАЙВАСТ МЕГАРДАД.

Бо супориши раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ширкати мобилии «Тсел» дар ҳудуди беморхонаи вилоятӣ насби шабакаи мухобиротии «WI FI»-ро таъмин менамояд то ниёзмандону беморон дар ин вазъияти душвор тавонанд бо хешу пайвандони худ робиати мустақим дошта бошанд, шабакаҳои иҷтимоиро истифода баранд, вақти худро хуш гузаронанд. Ин таъкиди роҳбарияти ситод аз ҷониби ширкат хуш пазирфута шуда, дар кўтоҳтарин фурсат супориши роҳбарияти вилоят иҷро хоҳад шуд.

ТАБИБОН БОЯД ДАР ЧУНИН ВАЗЪИЯТ ДАСТГИРИ ЁБАНД.

Таҳти раёсати раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оиди пешгирии бемории сироятии коранавирус баргузор гардид. Роҳбарияти вилоят аз фаъолияти муштараки аъзоёни Ситоди вилоятӣ ҷиҳати пешгирии ин вабои аср ва дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадию профилактикӣ, танзими нарху навои маҳсулот дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят изҳори қаноатмандӣ кард. Роҳбарияти Ситоди вилоятӣ аз қаҳрамонию ҷонфидоиҳои шифокорони вилоят, ки дар рўзҳои мушкили ба сари мардуми тоҷик омада ба таври шабонарўзӣ вазифаҳои хизматиашонро содиқонаю софдилона иҷро намуда истодаанд, таҳсину офарин гуфта аз сокинони вилоят ва мардуми шарифи Бадахшон даъват ба амал овард, ки дастгирии табибон ин пеш аз ҳама бароҳ мондани чораҳои худмуҳофизатӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигенӣ, иҷрои ҳатмии фосила байни ҳамдигар ва худдори кардан аз гаштугузор дар кўчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.
Роҳбари Ситоди вилоятӣ Ёдгор Файзов қайд карданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои Исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохон дар чуини вазъияти ба вуқӯъ омада се нуқтаи муҳимро хеле асос медонанд.
-Якум ин баромадан аз хона қатъиян манъ аст. Фақат дар ҳолати ниҳоят зарурӣ, ҳатми будани истифодаи ниқоб ва ҷойи махсус
-Дуюм ин нигоҳ доштани масофа на камтар 1,5 метр байни ҳамдигар
-Сеюм риоя намудани гигиенаи шахсӣ
Раиси вилоят изҳор доштанд, агар мо ин се нуқтаи муҳимро риоя накунем пешгири намудан аз ин бемории сироятӣ хеле мушкил мегардад. Бе ин ҳа шабонгоҳ шумораи зиёди мардум дар кўчаю хиёбонҳо бо ҳам нишаста сўҳбати тулонӣ мекунанд, ки ин таҳдид ба зиёдшавии шумораи бемории илтиҳоби шуш сабаб мегарданд. Ба хотири пешгири кардани ин бемории сироятӣ ҳар як шаҳрванд бояд иҷрои се шарти асосиро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор диҳад. Дар ҷараёни кори Ситоди вилоятӣ қайд шуд, ки раисони ҷамоату шаҳрак ва деҳот, раисони маҳаллаҳо бояд як гурўҳи вижа ташкил карда, барои дастрас кардани маҳсулоти ниёзи аввалия дар якҷоягӣ бо мақомоти вилоятӣ ё шаҳрӣ баҳри таъмини сокинони маҳаллаҳо бо орду равған ва маҳсулоти кишоварзӣ хизмат расонанд. Ин ташаббус ба хотири ҷилавгирӣ аз сироятёбӣ ба касалии «COVID 19» ва пешгирӣ аз гаштугузори бемаврид ва ҷамъшавии мардум рўйи даст гирифта шудааст. Ёдгор Файзов аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкороне, ки дар таъмини сокинон бо орд ва дигар маҳсулоти ғизои саҳми арзишманд доранд изҳори минатдории хешро ба онҳо баён дошт. Вале мардум бояд ба таҳлука наафтода, зиркаии сиёсиро аз даст надиҳанд.Зеро ҳамарўза ба қаламрваи вилоят маводи зиёди озуқа чӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандўст ва чӣ аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои фурўши орд ва дигар маҳсулоти хурока таъмин менамоянд. Танҳо сокинон бояд аз меърёи мавҷуда зиёд ҷамъ нашаванд ва саломатии худро эҳтиёт намоянд. Таъкид шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ таҳти таваҷҷўҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти таъмини маводи ниёзи аввалия ягон мушиклот мавҷуд нахоҳад шуд. Ёдгор Файзов таъкид дошт, ки худи ҳамин рўз 120 тонна орд вориди вилоят шуда, дар анборҳои соҳибкорон маводи зиёди ғизои мавҷуд аст, ки ин барои бошандагони вилоят мушкилот эҷод накарда, ворид намудани маводи ғизои бетанафуз ба қаламрави Бадахшон идома меёбад. Ёдгор Файзов дар хитоб ба соҳибкорон ва шахсони саховатпеша муроҷиат карда қайд дошт он нафароне, ки мехоҳанд дасти мадади худро дар ин рўзҳо дароз намоянд бояд маблағро на барои маводи озуқа балки барои харидорӣ ва дарёфти маводи доруворӣ масраф намоянд ба манфиати кор мебошад. Зеро нуқтаҳои фурўши шаҳру ноҳияҳои вилоят пур аз маводи ниёзи мардум буда, танҳо табақаи ниёзманди аҳолӣ зери назорати мақомоти маҳаллӣ шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, таъминоти ин қишри ҷомеа бо маводи хўрока таҳти назорати мақомотҳои марбута қарор доранд. Ба хотири ҳифзи сиҳатии сокинон ин пеш аз ҳама дарёфи кардани доруворӣ ва наҷот додани сироятшудагон аз беморӣ муҳим дониста мешавад.
Роҳбарияти ситоди вилоятӣ аз сардори Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Фарид Музаффаров ва сардухтури касалхонаи вилоятӣ Саидбек Давлатбеков қатъиян талаб кард, ки мушкилоти мавҷудаи беморхонаро ҳамарўза ба роҳбарияти ситоди вилояӣ ва сохторҳои марбута таҳлил ва пешниҳод карда, баҳри дастгирии табибон ҷиҳати таъмини маводи доруворӣ ва дигар эҳтиёҷоти зарурӣ чораҷўйи гардад. Дар пайравӣ ба иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёдгор Файзов дар ҳузури аъзоёни Ситоди вилоятӣ гузаронидани як маоши вазифавии худро барои дастгирии табибони беморхона раво дониста, ҳамзамон мувовини якуми раиси вилоят ва муовинон низ маоши як моҳаи худро ба суратҳисоби беморхонаи вилоятӣ ихтисос дод ва аз шахсони саховатманду соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар чунин рўзҳои мушкил дастгири намудани беморону табибоне, ки шабу рўз баҳри ҳифзи сиҳатии мардум ҷони худро зери хатар монданд айни муддаъо мебошад.
Масъулини соҳаи тандурустии вилоят ҷиҳати вазъи беморхонаҳои вилоят гузориш дода, таъкид карданд, ки аз 122 нафар мубталоёни бемории илтиҳоби шуш 14 нафар пурра табобат ёфта, аз касалхона рухсат карда шуда, боқимонда таҳти назорати табибон қарор дошта, рўзҳои анздик боз як гурўҳ аз табобатхона ҷавоб дода мешавад. Ёдгор Файзов аз он изҳори ташвиш кард, ки шумораи зиёди сокинон барои дидорбинии маризон меоянд, ки дар шароити феълӣ ин амал боиси боз ҳам бештар зиёд шудани шумораи гирифторони маризӣ мешавад. Пешниҳод гардид, ки нафароне мехоҳанд пайвандони худро бо ғизо таъмин созанд аз зарфҳои истифодашавандаи як карата истифода намуда, дар он ҳатман ному насаби беморро навишта ба кормандони масъули беморхона супоранд то дастраси онҳо шавад.
Ёдгор Файзов аз роҳбарияти ширкати мобилии «Тсел» талаб намуд, ки дар ҳудуди беморхонаи вилоятӣ насби шабакаи мухобиротии «wi fi »-ро таъмин намоянд то ниёзмандону беморон бо хешу пайвандони худ робиати мустақим дошта бошанд. Ин таъкиди роҳбарияти ситод аз ҷониби ширкат хуш пазирфута шуда, дар кўтоҳтарин фурсат ин супориши роҳбарияти вилоятиро иҷро хоҳанд кард.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо пешниҳод намуд, ки масъулини соҳаи тандурустии вилоят бояд ҳамарўза мушкилот ва норасоиҳои ҷойдоштаи соҳаи тандурустиро ба мақомоти марбута пешниҳод намояд то аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳали он чораҳои мушаххас андешанд. ба намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар вилоят ахборот дода қайд намуд, ки корхонаи ордбарории ноҳияи Шуғнон фаъолияти густурда дошта, иловатан аз шаҳри Кўлоб ба миқдори 150 тонна ғалла ба корхона барои коркад ворид гардид, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ягон мушикилот пеш нахоҳад омад.
Ба роҳбарияти шуъбаи Хадамоти зидиинҳисории вилоят дастур дода шуд, ки баландравии нарху навои маҳсулотро дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, бо соҳибкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд.
Роҳбарияти Ситоди вилоятӣ ба он табибоне, ки 14 рўз ба табобати маризон сару кор доранд метавонанд дар дилхоҳ истироҳатгоҳҳои вилоят хастагии худро бартараф намоянд. Дар идомаи ҷаласа таъкид шуд, ки он соҳибкороне мехоҳанд ба шифокорон кўмак намояд дар ҳамкорӣ бо мақомот фаъолият карда, маблағҳои худро тавассути суратҳисоби махсуси хукумати вилоят ва ё раёсати молия роҳандозӣ намоянд то имконияти таъмини беморонро бо доруворӣ ва дигар эҳтиёҷот қонеъ карда шавад.
Дар фарҷоми ҷаласаи Ситоди вилоятӣ пешниҳодоти зиёди аъзоён ба миён гузошта шуда, баҳри бартараф кардани мушкилотҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳаллӣ он чораҳои тахирнопазир андешида шуданд.

ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ

БА ДИҚҚАТИ СОҲИБКОРОН ВА ШАХСОНИ САХОВАТМАНДИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, КИ ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНОВИРУС Ё ХУД COVID 19 БЕТАРАФ НЕСТАНД СУРАТҲИСОБИ МАХСУСИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ КУШОДА ШУДААСТ. ХОҲИШМАНДОН МЕТАВОНАНД БА СУРАТҲИСОБИ МАЗКУР МАБЛАҒИ ХАЙРИЯВИИ ХУДРО ГУЗАРОНАНД. СУРАТҲИСОБ ТАҲТИ НАЗОРАТИ БЕВОСИТАИ РАИСИ ВМКБ ҚАРОР ДОШТА ТАНҲО БАРОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНОВИРУС ДАР ВИЛОЯТ ИСТИФОДА ХОҲАД ШУД.

Суратҳисоби махсуси МИҲД ВМКБ PMA 700001406
С.ҳисоб.№ 20204972922045200301
КИБ 350101800
ҳисоб.№ 22402972000002
Бонк СХМВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон