БА ДИҚҚАТИ РОНАНДАГОН ВА МУСОФИРОН

Ҳаракати ҳамагуна нақлиёти ҷамъиятие, ки дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба мусофиркашонӣ машғул ҳастанд таҳти назорати ҳамаруза қарор дода мешавад, ба ронандагони ингуна нақлиёт огоҳинома оиди ҳатми будани истифодаи ниқоб (маска) ва ба таври минималӣ аз гирифтани мусофироне, ки тибқи талаботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, риоя наменамоянд худори намоянд. Аз мусофирон низ бо мақсади ҳифзи намудани саломатии худ ва наздикон ба қадри имкон аз истифодаи нақлиётҳои ҷамъиятӣ камтар истифода баранд. Масъалаи мазкур аз тарафи Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ва Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят пайгирӣ карда мешавад.

Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов зимни ситод оид ба пешгири аз паҳншавии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 ҷиҳати расман эълон гардидани ин бемори дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ, сардори Раёсати тандурустии вилоят Музаффаров Ф, Директори МНДСЭ-ии вилоят Исломбекова М, дар муҳлати кутоҳтарин ба нуқтаҳои савдои кучагӣ, бахусус онҳое, ки бевосита ба фуруши маҳсулоти хурока, аз қабили маҳсулоти нонӣ, шир ва гушт машғуланд хотима бахшида, мағозаи соҳибкороне, ки гирду атроф ва дохили мағозаашон ба талаботҳои санитариву гигиенӣ мувофиқат намекунанд, пурра маҳкам карда шаванд.
Инчуин бо дарназардошти расман эълон гаштани мавҷудияти касалии вируси сирояткунандаи тоҷдор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба манъи фаъолияти минбаъдаи бозорҳои масолеҳи сохтмонӣ, пушока, марказҳои хизматрасонии маишӣ (сартарошхонаҳо, ошхонаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои хурди тайёр кардани хурок) чораандешӣ намоянд.

ТАЪТИЛИ МУВАҚҚАТИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ВИЛОЯТ БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА ШАВАД.

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов зимни ситод оиди пешгири аз паҳншавии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 ба Сардори Раёсати маорифи вилоят Мардов Одинашо супориш доданд, ки масъалаи истифодабарии самаранокии таътили муваққатии толибилмони муассисисаҳои талимии ҳудуди вилоят, бахусус шаҳрро якҷо бо раисон ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳамаруза таҳлил карда, аз ҷараёни омодашавии хонандагони тамоми зинаҳои таҳсилот ба озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон ватани азиз» дар сатҳи ноҳия ,шаҳр ва вилоят, мунтазам маълумот пешниод намоянд, зеро гашту гузори бемавриди хонандагони муассисаҳои таълими ва кӯдакони боғчаҳои бачагона дар боғҳои фароғати бозори марказии шаҳри Хоруғ ва дигар кӯчаву пасткӯчаҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Дар ин самт Раёстаи маориф ва илми ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохила дар вилоят ва бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ вазифадор карда шуданд, ки назоратро пурзӯр намоянд ва дар сурати дубора такрор шудани ин амал волидайн ба ҷавобгари кашида хоҳанд шуд.

СИТОД НАЗДИ РАИСИ ВМКБ ОИДИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНОВИРУС Ё ХУД COVID 19 ДАР ВИЛОЯТ

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов таваҷҷуҳи аъзоёни ситоди вилоятиро барои иҷро намудани супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди пешгири намудан аз сироятёби ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷалб намуда иброз дошт, ки мубталошави ба бемори сироятии короновирус ё худ covid 19 моро ором гузошта наметавонад. Ин аст, ки Раёсати тандурустии вилоят, Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ҳамчун ҳамоҳангсоз дар ҳамкори бо идораи телевизион ва радиои ВМКБ ҷиҳати пешгири ин бемори бо ҷалби табибони соҳа корҳои тарғиботиву ташвиқотиро бештар ба роҳ гузошта аҳолии вилоятро ба худмуҳофизати аз сироятёби ба ин бемори талқин намоянд. Гуфта шуд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии ҳаргуна бемории сирояти ин истифодаи ниқоб ва дигар маҳлулҳои безараргардонида ба хисоб меравад. Аз ин рӯ раиси ВМКБ ба ҳар як идораву муассиса ва корхонаву ташкилот дар ҳудуди вилоят фаъолиятдошта дастур дод, ки кормандони худро бо ниқоб ва дигар маҳлулҳои антисептики таъмин намоянд. Вобаста ба таъмин намудани идораву муассисаҳо ва корхонаву ташкилотҳо бо ниқоб имрӯз дар Ҷумуҳрии Тоҷикистон корхонаҳои зиёд ба духти навъҳои гуногуни он марок зоҳир намуда истодаанд. Аз ҷумла корхонаи Кохи Бонувони ноҳияи Дарвоз имконияти хуби духтан ва бо нархи дастрас таъмин кардани аҳолии вилоятро дорад аз ин ру масъулин метавонанд ба шуъбаи саноат ва дастгоҳи раиси ВМКБ дар самти таъминкуни бо ниқоб муроҷиат намоянд. Зеро вазифаи ягонаи ҳар яки сокини вилоят пеш аз ҳама муҳофизати гирду атроф ба ҳисоб меравад. Ба Раёстаи тандурустии вилоят ва Маркази назорати давлатии санитари ва эпидималогии вилоят дастур дода шуд, ки дар ҳамин шабу руз фаъолияти ошхонаҳо, ҷойҳои савдои либос, маҳсулоти сохтмони, кошонаҳои ҳусн, сартарашхона ва савдои кучагиро зери назорат гирифта фаъолияти онҳоро дар фосилаи кутоҳи вақт катъ намоянд ва фурушандагони маҳсулоти хуроквориро ҳатман ба истифодаи дурусти ниқоб ҷалб намоянд.
Дар робита ба безарарагардонии роҳҳо, кучаву хиёбонҳо ва бозори марказии шаҳри Хоруғ, раиси ВМКБ он нуқтаро баён намуд, ки давоми чанд руз аз ҷониби РВКД роҳҳои асосии ҳудуди шаҳри Хоруғ безарар гардонида шуда минбаъд низ ҳафтае ду маротиба ин амали нек аз ҷониби масъулини раёсат идома хохад ёфт. Ҳамчунин таваҷҷухи аъзоёни ситоди вилояти оид ба пешгирии бемориҳои сироятии ба фаъолияти нақлиёти мусофирбар дар ҳудуди вилоят ва безараргардонии онҳо ҷалб гардид супориш дода шуд, ки даромадани шахсони бе никобро ба воситаҳои нақлиёт иҷозат надиҳанд.
Ҳамзамон раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба масъулини КДАМ ҶТ дар ВМКБ, РВКД ва Раёсати тандурустии вилоят дастур дод, ки воридкунии ҷасади одамони фавтида аз дигар минтақаҳои кишварро таҳти назорати махсус карор дода онҳоро мутобиқи талаботҳои маркази назорати давлати санитари ва эпидималогии вилоят безарар гардонда дар ҳолати махсус ҷаноза ва ба хок супориданд. Гуфта шуд, ки дар ҳамин шабу рӯз маҳдуд намудани фотеахони ва дигар маросимҳои хурсанди, чорабиниҳои оммавӣ низ ба манфиати кор хоҳад буд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки шахсоне, ки вориди вилоят мегарданд ҳатман дар муддати 14 шабонаруз дар карантин қарор дода шаванд. Раиси вилоят аз фаъолияти сусти Раёсати тандурустӣ дар марвиди надоштани омори дақиқ ва қобилияти таҳлили ҳаррӯзаи сироятёби ба бемориҳои сирояти изҳори нигарони намуда талаб намуд, ки дар ҳамкори бо Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ин масъаларо ҷонок намуда ҳамаруза ба раиси вилоят маълумотҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
Инчунин роҳбарияти вилоят аз риоя нагардидани Фармони Пешвои миллат ва Пешвои Исмоилиёни дунё дар мавриди қатъ намудани намози дастаҷамъона дар ҷамоатхонаҳо изҳори нигарони намуда барои бартараф намудани ин мушкилот дар маҳаллаҳои Тирчид ва УПД масъулинро вазифадор намуд. Гуфта шуд, ки дар ин шабу руз бояд сокинони вилоят аз ҷойҳои серодам канораҷӯӣи намоянд ва беҳтарин роҳи пешгирии бемориҳои сирояти муҳити хонаро интихоб намоянд.
Раиси ВМКБ зимини ҷаласаи ситоди вилояти таваҷҷухи аҳли нишастро ба нарху наво дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят, роҳкирои мошинҳои мусофирбар аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ ҷалб намуда иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ин масъаларо зери назорати катъи қарор дода фаъолияти кориро дар ин самт боз хам ҷонок хоҳад намуд.
Гуфта шуд, ки дар вилоят реҷаи махсуси фуруши орд о аз ҷониби Агентии захираҳои моддии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ гузошта шуда ҳамаруза ба бозори марказии шаҳри Хоруғ микдори то 10 тонна орд ворид мегардад. Тибқи нақша дар ояндаи наздик барои таъмин намудани сокинони шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят бо орд фуруши он маҳалла ба маҳалла ба роҳ гузошта хоҳад шуд. Раиси вилоят қайд намуд, ки дар рӯзҳои наздик роҳҳо байни Ҷумҳурии мардумии Чин ва Тоҷикистон боз хоҳад гардид ва воридкунии маҳсулоти ниёзи аввал ба шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нав барқарор хоҳад шуд.

Як ҳафта боз дар муассисаҳои таълими ва боғчаҳои бачагона бо мақсади безарар гардонидани синфхонаҳо бо маҳлулҳои махсуси безараргардони, толибилмон ба таътили иловагӣ фаро гирифта шуданд. Аммо гашту гузори бемавриди хонандагони муассисаҳои таълими ва кудакони боғчаҳои бачагона дар боғҳои фароғати бозори марказии шахри Хоруғ ва дигар кучаву пасткучахо зиёд ба мушоҳида мерасад. Дар ин самт Раёстаи маориф ва илми ВМКБ, РВКД ва бахши хифзи хуқуқи кудаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ вазифадор карда шуданд, ки назоратро пурзӯр намоянд ва дар сурати дубора такрор шудани ин амал волидайн ба ҷавобгари кашида хоҳанд шуд.
Бо мақсади дастгирии табибони ҳозики ВМКБ, ки шабу рӯз бо карантиншудагон кору фаъолиятро пеш бурда истодаанд, баъди ба итмом расидани мӯҳлати фаъолият ҳавасманд гардонида хоҳанд шуд, иброз дошт раиси ВМКБ Ёдгор Файзов. Гуфта шуд, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо ин мухофизат намудани табибон дар ин шабу руз ва фароҳам овардани шароит барои табибон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараени ситоди вилояти раиси вилоят ба масъулини консули минтақавӣ дар ВМКБ бо ташкили гурӯҳи ризокорон дар худуди вилоят баҳри муосидат ба таъмини низом, расондани кӯмак ба шахсони барҷомондагон, кӯҳансолон барои харидории хуроку дигар лавозимот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми ҷаласа баҳри пешгирӣ аз сироятёби ба бемориҳои сироятӣ аз ҷониби аъзоёни ситод таклифу пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуданд.

,ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ ДӮХТИ НИҚОБҲОИ МУҲОФИЗАТИИ ТИББӢ БА РОҲ МОНДА ШУД.

Дар доираи чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар бинои Ассотсиатсияи экофарҳангии Помир воқеъ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ дўхти ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Ширкати «Де Памирӣ» бо ҷалби 3 нафар дўзанда ба омода кардани чунин ниқобҳо машғул буда, дар як рўз имкони тайёр намудани 100 адад ниқобро доранд. Бо назардошти харидорӣ аз тарафи фармоишгарон айни ҳол дар коргоҳ 63 адад ниқоб захира буда, дўхтани онҳо идома дорад. Аз рўи иттилои роҳбари ширкати «Де Памирӣ» Ёралӣ Бердов дар ҳолати зарурат имкон аст, ки дўхти ниқобҳои тиббӣ зиёдтар ба роҳ монда шуда, дар як рўз то 200 ададро омода созанд. Нархи як адад ниқоб 6 сомониро ташкил дода, дар сурати пешпардохт гардидани 50%-и маблағ имкони харидории матоъи махсус аз шаҳри Душанбе зиёдтар мегардад. Ин ниқобҳо аз матоъи пахтагӣ омода карда шуда, барои истифодаи чандкарата пешбинӣ гардидаанд.
Ёралӣ Бердов таъкид дошт, ки сифати ниқобҳо бо мутахассисони Раёсати тандурустии вилоят мувофиқа карда шудааст. Бояд таъкид намуд, ки ниқобҳо дар коргоҳи мазкур дар ҳаҷмҳои гуногун омода карда шуда, ниқобҳо барои кўдакон бо маблағи 5 сомонӣ фурўхта мешаванд. Дар баробари фармоиш хоҳишмандни алоҳида низ метавонанд бемамониат ниқобҳоро аз худи бинои Ассотсиатсияи экофарҳангии Помир, ошёнаи 1 харидорӣ намоянд.
Ҳамчунин, дар корхонаи дўзандагии «Меҳри модар»-и ноҳияи Дарвоз, ки бо номи Кохи бонувон маъмул аст, дўхти ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои муҳофизати фардӣ ба роҳ монда шуда, дар як рўз то 200 либос барои кормандони соҳаи тиб ва 2 ҳазор ниқоб омода месозад. Кормандони идораву муассисаҳо ва шахсони алоҳида метавонанд мустақиман ё тавассути дастгоҳи раиси ВМКБ ниқобҳоро аз корхонаи мазкур дастрас намоянд.

ВАЗЪИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВМКБ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ ҶОРӢ

Дар соли 2020 барои соҳаи тандурустии вилоят маблағи 81.3 млн. сомони пешбини гардааст, ки ин нисбати соли 2019 8,4% зиётар мебошад. Дар соҳаи тандурустии вилоят 490 духтур, аз ин шумора 130 нафар бо категорияи олӣ ва 308 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Дар муассисаҳои тиббию профлактикии вилоят аз 760 басти воҳиди корӣ 491 табиб бо банди 701 воҳиди корӣ фаъолият дошта, 59 басти воҳидҳои корӣ холӣ ва 71 нафар мутахассисони фаъолиятдошта дар синни нафақа қарор доранд. Ба сокинони вилоят 408 адад муассисаҳои шифоиву пешгирӣ, аз қабили 227 адад муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 36 адад муассисаҳои Хадамоти бистарикунонӣ, 9 адад МНДСЭ ва 62 адад муассиса бо фаъолияти ҳамгироӣ хизмат мерасонанд. Инчунин, дар вилоят 9 адад муассисаи хусусии соҳа, аз ҷумла 3 муассисаи дандонпизишки, 6 муассисаи ташхисӣ ва 58 адад дорухонаҳои шахсӣ фаъолият доранд.
Дар соли ҷорӣ сохтмони беморхонаи деҳотӣ Вранги ноҳияи Ишкошим бо маблағгузории Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағи харҷномавиаш 6300,0 ҳаз. сомониро ташкил медиҳад. Инчунин бо кўмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд сохтмони 7 бунгоҳи тибби ва 2 маркази саломатӣ низ дар вилоят ба нақша гирифта шудааст.