ҶАЛАСА ОИДИ БАРНОМАИ УСТУВОРИИ ШАҲРИ ХОРУҒ БАРГУЗОР КАРДА ШУД.

Ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунанда оид ба Барномаи устовории шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов , Директории Оҷонсии Шветсария оид ба рушд ва ҳамкори Валбурга Рус, роҳбари Хадамоти Оғохон оид ба рушд Қозидавлат Қоимдодов, директории иҷроияи Оғохон оид ба макони зист Ҳоди Ҳусейни ва дигар аъзоёни кумита ширкат варзиданд. Барномаи таъмин намудани устовори дар шаҳри Хоруғ ҷалби маблағи 10 миллион доллари амрикоиро дар бар гирифта баҳри рушди инфрасохтори Маркази вилоят нақши босазо мегузорад.
Ҷаласи кумитаро раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳусни оғоз бахшида, қабл аз ҳама ба иштирокдорон ҷиҳати таваҷҷӯҳи хоса ба рушди бемайлони хоҷагии вилоят ва минчу6мла шаҳри Хоруғ изҳори сипос намуд.
Қайд карда шуд, ки афзалияти шаҳри Хоруғ ҳамчун як намунаи устувори шаҳр метавонад ба ҳадафҳои стратегӣ, ки дар чаҳоирчубаи сатҳи миллии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофика расидаанд, имконпазир гардад. Сармоягузорие, ки барои шаҳри Хоруғ бар асари хафҳои табии, ичтимоӣ ва иктисодӣ таъмин карда шудаанд, боътимод буда, ҳамчун меъёри асоси барои давлат муқарар гардидаанд.
Тибқи фармони Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди шаҳри Хоруғ дар сатҳи миллӣ ҳамчун намунаи устувории шаҳр ва чорабиниҳое, ки дар он гузаронида мешаванд бояд дар мувофиқа бо 10 меъёрҳои асосӣ барои таъмин намудани устувории шаҳр дар коҳиш додани хатари офатҳои табии СММ амалӣ карда мешаванд. Инчунин дастрасӣ ба шабакаҳо, захираҳо ва санҷишиҳои техники шаҳрҳои устувори ҷаҳони барои шаҳри Хоруғ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти лоиҳа имкониятро фароҳам меорад. Гуфта шуд, ки фаҳмонда додани мафҳуми устуворгардони муҳим буда, тарзи дуруст ба нақшагирии шаҳрсозӣ, ташкили дурусти бароҳмонии идоракуни дар рафти ҷаласа ҳалли мусбии худро пайдо хоҳад намуд.
Дар навбати худ Директории Оҷонсии Шветсария оид ба рушд ва ҳамкори Хонума Валбурга Рус зимни баромад қайд кард, ки зимни ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба Бадахшон ман бо натиҷаи фаъолияти муборизаи босубот бо касалии сироятии Ковид 19 аз наздик шинос шуда, ҳамчун зодаи ќўхистон барои ташкили корҳои пешгирӣ дар сатҳи баланд изҳори сипос менамоям. Мақсади лоиҳа бехтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва беҳтаргардони ба ҳисоб меравад. Ҷалби ҳарчи бештари табақаҳои аҳолии ба пиёдасозии лоиҳа муҳим арзёби гардида, ба баланд бардоштани маърифату дониши сокинон дар амалисозии он муҳим дониста шуд. Корҳо бояд аз рӯи ин барнома дар сатҳи баланд анҷом дода шуда, дар дигар манотиқи кишвар низ натиҷаҳои онҳо истифода бурда шаванд.
Қозидавлат Қоимдодов роҳбари Хадамоти Оғохон оид ба рушд роҷеъ ба Барномаи таъмин намудани устоври дар шаҳри Хоруғ ибрози назар карда, таъкид дошт, ки барои амалисозии чунин лоиҳаҳо қабл аз ҳама ҳуҷҷатҳои лозими талаб карда мешавад. То заминахои хуқуқии барнома муайян гардад. Баъдан роҳҳои ҷалби сармоя, донорҳо дида баромад шуда, тинҷиву оромӣ ва фазои мусоид талаб карда мешаванд. Ҷонибдории ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини шафофияти лоиҳа низ яке аз омилҳои муҳим арзёби гардида, танҳо бо матрах намудани ҳуҷҷатҳои лозими пиёдасозии барнома амали мегардад.
Ҳоди Ҳусейни директории иҷроияи Оҷонсии Оғохон оид ба макони зист зикр намуд, ки 4 сол пеш мо бобати ташкили чунин лоиҳа сухан мерондем ва имруз имконият фароҳам омад то ба пиёдасозии он таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Натиҷаи амалисозии барнома баъди 15 сол ҷамъбаст мегардад. Волоҳазрат шаҳри Хоруғро ҳамчун нигини Бадахшон ва Тоҷикистон арзёби намуд ва ин лоиҳа ин маконро ба нигини ҳакики мубадал менамояд. Ин лоиҳа натанҳо барои мардуми Бадахшон, балки берун аз он низ ҳамчун намунаи комил хизмат хоҳад кард. Зеро дар амалишавии он аз таҷрибаҳои пургановати башарият истифода бурда хоҳад шуд.
Баъди суханрониҳо муаррифии лоиҳа сурат гирифт ва дар рафти он бобати 5 бастаи он маълумоти мукаммал манзури иштирокдорон гардид. Умуман барои пиёда намудани барномаи таъмин намудани устоври дар шаҳри Хоруғ маблағи 10 миллион масраф хоҳад гашт. Пас аз анҷоми муаррифии лоиҳа миёни ҳозирин бобати амалисозии он табодули назар ба миён оварда шуда, роҷеъ ба ҳайати Кумитаи роҳбарикунанда, аъзоён, идоракунӣ, таклифу пешниҳодот ба миён оварда шуд. Инчунин масоилди вобаста ба тарафҳои ҳуқуқи ба тавсиб расондани карорҳо, ташкили низомнома бо муайян намудлдани ҳуқуқҳо муҳокима гардиданд. Ҳамчунон паҳлуҳои дигари вобаста ба амалишавии барнома баррасӣ гардида, масоили бинои Маркази Ҷавонон устувори аз рӯи талаботи ҷахонии сохтмонӣ дида баромада шуданд. Дар як вақт беҳдошти ҳолати санитарию гигиенӣ, дастрасии устувор ба оби нушок, бунёди стансияҳои обпарто баррасии хешро пайдо намуданд. Дар анҷоми кори ҷаласа самтҳои фаъолияти минбаъда муайян гардиданд.

БОЗДИД АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники миллитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ дар ҷараёни боздиди кори аз Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон рафти корҳои созандагиву бунёдкориро дар маркази вилоят ошно гардид. Вазири корҳои дохилиро дар ҷараёни сафар муовини якуми раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ва дигар шахсони расмӣ ҳамрохи намуда, боздиди корӣ нахуст аз Маркази савдои навбуёнд вокеъ дар Бозори 20 солагии Истиқлолият оғоз гардид. Бояд гуфт дар ин мавзеъ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ сохтмони Маркази савдои сетабақа идома дошта, қарор аст, ки дар остонаи ҷашни миллӣ чорумин маркази тиҷорати дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Дар ҳудуди Бозори 20 солгаии Истиқлолият ҳамчунин коргоҳи дузандагӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳалли бо ҷалби 45 нафар бонувону ҷавондухтарон дар пешоруи ҷашни Истиқлолияти давлати мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Бунёди коргоҳи мазкур барои фаъолияти пурсамар ва фароҳам овардани рушди соҳибкори дар ин гушаи кишвар мусоидат менамояд.
Вазири корҳои дохилии Чумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники миллитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ зимни боздид аз иншооти ҷашнии шаҳри Хоруг аз мавзеъи сохмтони пули мошингузари маҳаллаи Селхозтехника дидан ба амал овард. Бо максади коҳиши тамбашави дар хатсайриҳои шаҳри Хоруғ бо Ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди саввумин пули калони мошингузар бар фарози рудхонаи Ғунд дар шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудаст.Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ дарозии он беш аз 200 метр буда, он дар маркази вилоят нахустин пули мошингузари замонави хоҳад буд.
Бо дастуру супоришхои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин сохтмони бинои фелилали рақами 66-и Бонки давалатии амонатгузории Ҷумҳури «Амонатбонк» оғоз гардида аллакай 68 фисдаи корҳо ба анҷом расиданд. Бинои бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикитсон «Амонатбонк» иншооти ҷашни буда дар арафи таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлолияти давлати мавриди истифодабари қарор хоҳад гирифт. Тибқи лоиҳа бинои мазкур чорошёна буда аз маҷлисгоҳ, шуъбахо ва қисми амалиётиву утоқҳои махсуси кори иборат мебошад. Фармоишгари ин сохтмон худи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк ба ҳисоб меравад.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо ҷараёни сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ аз наздик ошно гардида, барои ба тартиб даровардани роҳравҳо ва майдончаҳои атрофии бинои Театр масъулини сохтмониро муваззаф намуд, ки дар асосӣ тарҳи меъмориву шаҳрсозӣ ҳудуди Театри миллиро пурра азнавсозӣ намоянд. Кайд намуд, ки Театри мазкур барои 1000 ҷойи нишаст пешбини гардида, маблағи сохтмони он баробар ба 37 миллион сомони мебошад, ки айни ҳол қариб 90-фоизи ин маблағ ба кор бурда шудаст.
Дар остонаи ҷашни милли қарор аст, ки дар майдони Исмоилии Сомонии шаҳри Хоруғ дар баробари парчами давлати ҳамчунин Нишони милли яке аз муқаддасоти дигари миллӣ низ бунёд хоҳад шуд. Фармоишгари Нишони миллӣ ҶДММ «Талко Менеҷмент » буда, паймонкори ин сохтмон ҶДММ «Бунёд» як ширкати сохтмонии маҳалли мебошад. Ин пружа низ дар қатори дигар иншооти ҷашни қарор гирифта, гурӯҳи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ ин иншоот дидан намуданд.
Дар баробари ин корҳои бунёди дар бинои муассисаи таълимии рақами 8-уми шаҳри Хоруғ бомаром ҷараён гирифта барои бунёди бинои таълимии ин иншоот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон 26 миллон сомони ҷудо гардидаст, ки аллакай 85 фоизи корҳо дар бинои якум ба итмом расонида шудааст. Ин бино барои 640 нафар хонанда бо тамоми шароитҳои лозими пешбини гардида, он аз се ошёна ва се бинои асосии таълими иборат мебошад. Корҳои сохтмони дар ин иншоот аз моҳи июни соли 2019 оғоз гардиданд. Дар марҳилаи якум аз руи лоиҳаи пешбинигардида, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бинокорон бо масолеҳи сохтмони пурра таъмин буда, аллакай ҳаҷми муайяни корҳои бунёди анҷом дода шуданд. Паймонкори ин иншоот ҶДММ «Шариф ШС» буда, сохтмончиён ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.
Хамчунин дар ҷараёни сафар бунёди майдончаи муосири варзишии маҳаллаи Тирчидро мавриди санҷиш қарор дода, барои бо сифати баланд ба истифода додани ин майдончаи варзишӣ ба масъулини шаҳрдорӣ супоришҳои иловагӣ дода шуданд.