Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 дар шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон

20 августи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Вамари ноҳияи Рӯшон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ба номи Отамбек Илчибековро ифтитоҳ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли ояндасози миллат бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Фармоишгари иншооти навбунёди соҳаи маориф Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд.

Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат аст ва барои 640 ҷойи нишаст дар як баст бунёд гардидааст. Он аз 34 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ , тахтаҳои электронӣ бо видеопроекторҳо, китобхона, 10 утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Илова бар ин дар мактаби навсохт китобхонаи электронӣ низ мавҷуд аст, ки дорои 10 адад компиютер буда, дар махзани он номгӯи зиёди китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ ҷойгир аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассисаи навбунёди замонавӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам овардани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ва дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан омӯзгорон дар мактаби як ошёнаи кӯҳна ба хонандагон дарс мегуфтанд, ки шароити ногувор дошт. Акнун, дар маркази ноҳияи Рӯшон мактаби наву замонавӣ бунёд гардид, ки орзуи деринаи сокинон амалӣ гардид ва минбаъд хонандагон дар муассисаи барҳавову замонавӣ ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо техникаю технологияи ҳозиразамон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Шумораи умумии омӯзгорон дар ин муассисаи таълимӣ 48 нафар мебошад ва 8 нафари онҳо мутахассисони ҷавонанд. Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона бунёд шудааст ва барои зиёда аз 50 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар ошхона ба хонандагон ғизоҳои гарм пешниҳод мегардад.

Барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори муосири варзишӣ сохта шудааст, ки 70 ҷойи нишаст дорад. Толори мазкур асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва намудҳои гуногуни варзиш пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 230 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Гуфта шуд, ки соли таҳсили 2018 ва 2019 аз шумораи умумии хатмкунандагони муассисаи пешинаи таълимӣ, ки 36 нафарро дар бар мегирифт, 28 нафарашон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, 5 нафар тибқи Квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ду нафар ба омӯзишгоҳҳои касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки ин натиҷаи ҳамкории зичи волидон бо аҳли омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва илмомӯзии худи хонандагон арзёбӣ мегардад.

Бо мақсади таъмини гармӣ дар фасли сармо тамоми синфхонаҳо, роҳраву ҳуҷраҳои ёрирасон ва утоқҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, муҷаҳҳаз аст.

Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, барои сокинони шарафманди ин гӯшаи диёри биҳиштосо арзёбӣ намуданд.

Барои таъмини бехатарӣ ва мушоҳидаи пайвастаи раванди таълим дар дохил ва беруни бинои навбунёд камераҳои назоратӣ насб гардидааст.

Пешвои муаззами миллат ба омӯзгорону хонандагон дар самти истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» солҳои 2020-2040 ҳидоятҳои судманд доданд.

Саҳни ин бинои таълимиро Парчами давлатӣ бо сутунпояи 11 метра оро медиҳад. Барои зебою назаррабо гардидани атрофи муассисаи таълимӣ майсазор гардида, гулҳои мавсимии рангоранг ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудааст.

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон

Дар ноҳияи Рӯшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Вамар қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Майдони Парчами миллӣ дар канори рудхонаи Панҷ дар як мавзеи қаблан бекорхобида бо баландии 30 метр сохта шуда, паҳноии матоъи Парчам 6 ва дарозиаш 13 метрро ташкил медиҳад.

Сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ва боғи фароғатӣ дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 – солагии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон аз ҷониби коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Роҳравҳои майдони Парчами давлатӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сафолакпӯш гардида, дар шафати он ҳавзи оббозӣ барои кӯдакону наврасон бунёд шудааст.

Ҳамчунин гулҳои рангоранг, дарахтони ороишию мевадиҳанда майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Рӯшонро оро медиҳанд.

Ҳудуди майдони Парчами давлатӣ ва боғи навбунёд чароғон карда шуда, барои фароғати сокинон курсиҳо гузошта шудааст. Бо бунёд шудани майдони Парчами давлатӣ ва боғи фароғатӣ боз як гӯшаи ноҳия ободу зебо гардида, ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табдил ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоят доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузоштани Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст, зеро нишон ва ҳам парчам аз муқаддасоти миллат ба шумор меравад.

Дар маҷмуъ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон сохтмони 142 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар доираи ин тадбирҳои бунёдкорона ин ноҳияи кӯҳистони мамлакат боз ҳам ободу зебо мегардад.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон ва боздид аз замини наздиҳавлигии сокини ноҳияи Рӯшон Давлатмаҳмадов Ҳамдам

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ноҳияи Рӯшон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон нахуст бо рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар қитъаи замини наздиҳавлигии сокини деҳаи Рӯшон Ҳамдам Давлатмаҳмадов шинос шуданд.

Ҳамдам Давлатмаҳмадов таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти меҳнати садоқатмандона, муносибати дилсӯзона ба замин ва истифодаи пурсамару оқилонаи ҳар порча замин сармашқи кори худ қарор дода, дар ин деҳа аз аввалин кишоварзоне дониста мешавад, ки бо ташкили гармхона ҳамасола маҳсулоти фаровони кишоварзӣ истеҳсол мекунанд ва рӯзгори оилавии 3 хонаводаро таъмин менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки ин сокини ноҳияи баландкӯҳи Рӯшон соли чорум аст, ки қариб дар 10 садяк замин 5 адад гармхона ташкил намудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аҳли ин оила танҳо аз як гармхонаи ташкилкардааш аз 5 то 6 тонна бодирингу помидор мерӯёнад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи ғании ин ҷавони кордон баҳои баланд дода, ташкили гармхонаҳоро дар шароити кӯҳистони Бадахшон намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат бо тарзи истифодаи босамару оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва шароити гармхонаҳои ин сокини ноҳияи Рӯшон шинос шуда, барои дар оянда боз васеъ намудани масоҳати гармхонаҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Бино ба таъкиди роҳбари ин оила дар заминаи истифодаи судманди гармхонаҳо хароҷоти хонаводагӣ пурра таъмин ва ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ амалӣ карда мешавад.

Обдиҳиву ғизодиҳии маҳсулоти полезӣ дар гармхонаҳо пурра бо тарзи қатрагӣ ба роҳ монда шуда, айни замон ҳосили помидору бодиринг фаровон аст. Ин деҳқони соҳибтаҷриба нақша дорад, ки давоми се соли оянда масоҳати гармхонаҳоро ба беш аз як гектар расонаду бо ин роҳ бозори марказии ноҳия ва шаҳри Хоруғро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин намояд.

Дар ин оила дар баробари ташкили гармхона ҳамчунин ҳар порча замини наздиҳавлигӣ самараноку оқилона истифода шуда, дар масоҳати 18 садяк замин картошка, қаланфури булғорӣ, карам, пиёз, сабзӣ, лубиё, помидор, каду, зағир ва макаи дон кишт гардидааст, ки қисми бештари ҳосили онҳо пухта расидааст.

Маҳз, меҳнати шабонарӯзӣ ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ буд, ки имрӯз ҳосил дар саҳро фаровон аст. Дар ин замина дар заминҳои аз кишт холигардида, кишти такрории мош, сабзӣ ва турб бароҳ монда шудааст.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастранҷи кишоварзон ва хӯрокҳои миллии омоданамудаи бонувони ҳунарманди ноҳияи Рӯшон шинос шуданд.

Кишоварзӣ аз бахши муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, дар самти бо ҷойи кор таъмин гардидани сокинон ва ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Оилаи Давлатмаҳмадов дар баробари истифодаи мақсадноку оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамчунин ҳидоятҳои Пешвои миллатро дар самти захираи маҳсулоти ғизоӣ аз ҷониби ҳар як оила барои ду соли минбаъда сармашқи кори худ намуда, аз ҳисоби ҳосили қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҳамасола ба миқдори зарурӣ маҳсулоти гуногун дар шакли консерва аз ҷумла, афшӯра, шарбат, мураббои мевагӣ, лубиё, меваи хушк барои давраи тирамоҳу зимистон захира менамоянд.

Заҳмати шабонарӯзӣ ва истифодаи мақсадноки замини наздиҳавлигӣ имкон фароҳам овард, ки сатҳи зиндагии оилаи Давлатмаҳмадов сол то сол беҳтар шавад. Гуфтан ба маврид аст, ташкили гармхонаҳо дар шароити кӯҳистон ба манфиати иқтисодии худи сокинон буда, имконият фароҳам меорад, ки бозори истеъмолӣ дар чор фасли сол бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ таъмин карда шавад.

Ифтитоҳи бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои нави Комиссариати ҳарбии ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нав дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуда, дорои тамоми шароити кору фаъолият барои кормандон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз дохил ва ҳудуди бинои Комиссариати ҳарбӣ дидан намуда, бо шароити арзандаи кору фаъолияти ҳайати кормандон аз наздик шинос шуданд.

Иншооти нав аз ду ошёна, 14 утоқи кории афсарону ҳайати шахсӣ, толори маҷлисӣ, нуқтаи навбатдори фаврӣ ва дигар мавзеъҳои маишӣ иборат мебошад.

Утоқҳои корӣ ва дигар иншооти ёрирасони комиссариати ҳарбӣ, бо мебел, таҷҳизоти лозима ва системаи алоқаи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар бинои нав барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни таълимӣ, аз қабили мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва гузаронидани дигар фаъолиятҳои хизмативу нақшавӣ имконоти ҳамаҷониба мавҷуд аст.

Масоҳати умумии қитъаи замини Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ аз 1400 метри мураббаъ иборат буда, иншоот дар масоҳати 230 метри мураббаъ сохта шудааст.

Роҳравҳои атрофи бино сафолакпӯш гардидааст. Ҳамзамон дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ ҳудуди иншоот бо гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои ороишӣ зиннат ёфта, барои нишаст ва қабули шаҳрвандон ду суҳбатҷой бо фаввора низ бунёд гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки тайи солҳои охир дар натиҷаи боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакат ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии давлату ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қисми зиёди бинои комиссариатҳои ҳарбии кишвар пурра азнавсозӣ ва ё аз сифр бунёд карда шуда, ин тадбири созанда дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дигар манотиқи кишвар идома дорад.

Давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат дар маҷмӯъ бинои 25 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва ҳайати кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ ифтитоҳи бинои нави кориро дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун тӯҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати кору фаъолият дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити арзандаи кору фаъолият дар бинои нави Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ ва суҳбат бо ҳайати кормандону масъулон дар китоби хотиравии меҳмонони воломақом соядаст гузоштанд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас тавассути заҳмати софдилона изҳори сипос карданд.

Дар доираи сафарии навбатии кории Президенти мамлакат дар маркази ноҳияи Ванҷ як қатор иншооти муҳим ба истифода супорида шуд, ки барои рушду пешрафти ин ноҳияи дурдасти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ ва пешрафту ободии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 680 миллион сомонӣ равона намуд, ки аз ин ҳисоб қариб 100 иншооту биноҳои нав ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ бунёд карда шудаанд.

Дар ин давра аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 150 иншоот ба маблағи 70 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳия ба маблағи умумии 54 миллион сомонӣ 14 иншоот, аз ҷумла 7 муассисаи таълимӣ бунёду таъмир карда шудааст.

Илова бар ин, аз ҳисоби татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар 29 соли охир 182 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

То имрӯз дар асоси нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлоли давлатӣ 55 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардида, то баргузории ҷашн сохтмон ва ба истифода додани 17 иншооти дигар пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони бонангу номуси ноҳия ба истиқболи ин санаи мубораки таърихӣ бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ дар назар аст, ки дар онҳо барои сокинон садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 245 иншоот ба маблағи 196 миллион сомонӣ сохта шудаанд ва сохтмони даҳҳо иншооти дигар то ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ ҳоло корро бо шарикони рушд идома дода, дар давоми се соли минбаъда лоиҳаи таҷдиди 93 километр роҳи мошингарди зикргардидаро ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ амалӣ мегардонад, ки дар доираи он, ҳамчунин, сохтмони 15 пул ва 2 нақб пешбинӣ шудааст.

Дар ноҳияи Ванҷ ҳоло 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи дар доираи онҳо азхудшуда 13 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳо ба соҳаҳои нақлиёт, маориф, таҳсилоти касбиву техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шудаанд.

Имкониятҳои ноҳия дар самти рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ҳарчи бештар ҷалб карда шавад.

Сарвари давлат Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоят ва ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар самти коркарди ашёи хом ва ба кор даровардани иқтидорҳои азкормонда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ноҳия, инчунин, имконият барои парвариши меваю сабзавот ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш хеле фаровон аст, ки дар ин замина даҳҳо коргоҳҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёд кардан мумкин аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро вазифадор карданд, ки ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди боғпарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои доимӣ андешанд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки роҳбарону масъулони ноҳия ҷиҳати иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироатҳо, махсусан, картошка, зироатҳои ғалладонагӣ, бунёди боғҳои нав ва истифодаи самараноки замин тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба паҳншавии бемории нави сиоятӣ, номуътадил гардидани вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ аз ҳамаи роҳбарон, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва умуман, ҳар як сокини ноҳия, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, талаб намуданд, ки барои самаранок истифода бурдани замин ва захира намудани маводи ғизоӣ тамоми таҷрибаву малакаи худро сафарбар намоянд.

Барои рафъи камбудиҳо дар соҳаи маориф Вазорати маориф ва илм ва ҷиҳати беҳдошти вазъи соҳаи тандурустӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми бонангу номуси ноҳия дар оянда низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои рушди минбаъдаи ноҳия ва Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва барои дар сатҳи баланди омодагӣ истиқбол намудани ҷашни муқаддаси Ватани маҳбубамон – сисолагии истиқлолияти давлатӣ саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия кормандони касбу кори гуногун баромад карда, оид ба дастовардҳои ноҳия давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, талошҳову ташаббусҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат андешаронӣ карда, ба Пешвои миллат ҷиҳати таъмини зиндагии сазовор барои мардум изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ ва боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумию маҳсулоти кишоварзӣ

20 август сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияи Ванҷ идома ёфт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарияти ноҳияи Ванҷ самимона истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат нахуст аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва ҳунарҳои дастии сокинони ноҳия боздид ба амал оварданд.

Дар намоиш маҳсулоти кишоварзӣ, ки бо заҳмату талошҳои деҳқонон аз заминҳои зархези ноҳия ба даст омадааст, муаррифӣ гардиданд.

Итттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии заминҳои корами ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 601 гектарро ташкил намуда, аз он масоҳати боғу себзор 1013, ғалладона 520, картошка 472, сабзавот 188 гектар ва боқимонда майдонҳои чарогоҳ ва алафзорро дар бар мегиранд.

Қобили тазаккур аст, ки кишоварзони ноҳия ҳамасола дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони боғоти меваҳои содиротиро афзун намуда, аз ин ҳисоб ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Дар ноҳия ба парвариши себу нок, зардолу, тут, чормағз, картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷӯҳ бештар буда, ҳамасола заҳматкашони ноҳия ҷиҳати амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ саъю талоши ҳамаҷониба менамоянд.

Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ 10 навъи себ, 5 навъи зардолу, 5 намуди тут, 3 навъи картошка, пиёз ва булғорӣ, 3 навъи карам, помидор, боимҷону бодиринг ва ғайра ба намоиш гузошта шуд.

Шарбату афшӯраҳое, ки бо истифода аз маҳсулоти тару тоза аз ҷониби сокинон дар шароити хона омода карда шудааст, як гӯшаи дигари намоишро зебу зиннат медод.

Зимни сӯҳбат бо кишоварзон Пешвои миллат ба онҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар як порча замин ва гирифтани як чанд ҳосили фаровон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Кишоварзон низ дар навбати худ ваъда доданд, ки бо заҳмати аҳлона фаъолият намуда, ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровони дилхоҳ маҳсулот ва таъмини сабади истеъмолии сокинон бо маҳсулоти тару тозаи аз лиҳози экологӣ тоза тамоми таҷрибаи худро равона месозанд.

Ҳамчунин имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи онҳо, ки дар доираи эълони “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” омода карда шудааст, боздид намуданд.

Бонувони чирадасти ноҳияи Ванҷ дар намоишгоҳ ҳунари ҷуроббофӣ ва шерозбофиро муаррифӣ намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакатро ҳунармандону дигар сокинони ноҳияи Ванҷ ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба рушд ва эҳёи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ таваҷҷуҳӣ хоса доранд.

Ҳамин аст, ки сол то сол таваҷҷӯҳи ҷавонону дигар сокинони ноҳия ба омӯзиши ҳунарҳои мардумии дастӣ афзоиш ёфта, истеҳсоли навъҳои гуногуни чунин маҳсулот зиёд мегардад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаи дигари намоишгоҳ ҳунари омода намудани таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав, оши боқилогӣ, тайёр намудани далда, кадуи дампӯхт, таоми аз гӯшти бузу гусфанд омодашуда, қурутоб, оши бурида ва ғайра муаррифӣ карда шуд.

Таомҳои миллии тоҷикон дар олам бо таъму лаззати ба худ хос беҳамто мебошад.

Ҳунарҳои халқӣ, аз қабили гаҳворатарошӣ, табақтарошӣ, ғалтак ва чубҳои ороишӣ, сохтани кат ва оҳангарӣ дар миёни сокинони ин гӯшаи Ватан ривоҷу равнақ ёфтааст.

Ба Пешвои муззами миллат нон ва дигар маҳсулоти нониву ширӣ, ки бо ҳунари баланди кадбонугӣ омода карда шудаанд, муаррифӣ гардид. Дар ин қисмати намоиш бонувони ҳунарманд намунаҳои гуногуни нон, аз ҷумла нони калон ва хурд, чапотӣ, фатир, кулчаи гирдак, орзуқ ва дигар маҳсулоти нониву шириро манзур намуданд.

Манзараҳои зебову дилфиреби сайёҳии ноҳияи Ванҷ, ки дар як гӯшаи намоишгоҳ дар шакли аксу мусаввара ҷолиби диққат буд.

Мутобиқи маълумот бо фароҳам гардидани инфрасохтори соҳа сол то сол шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин гӯшаи зебоманзари мамлакат афзоиш меёбад.

Намоиши мазкур гувоҳи равшани он буд, ки сокинони шарафманди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ сазовор таҷлил менамоянд.