Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов роҳбари Раëсати минтақавии ширкати мобилии ҶСП “ТТ ” Мегафон Тоҷикистон дар ВМКБ Садоншоев Раҳим Нуралишоевичро ба ҳузур пазируфтанд.

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов роҳбари Раëсати минтақавии ширкати мобилии ҶСП “ТТ ” Мегафон Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Садоншоев Раҳим Нуралишоевичро ба ҳузур пазируфтанд. Раиси вилоят алоқаи мобилии ширкати мобилии Мегафон дар вилоятро қаноатбахш арзëби намуда барои таъмини деҳаҳои дурдасти вилоят бо алоқаи мобили ба масъулини ширкати мазкур изҳори сипос баëн намуданд. Роҳбари Раëсати минтақавӣ ширкати мобилии ҶСП “ТТ ” Мегафон Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Садоншоев Раҳим низ қайд доштанд, ки мо омода ҳастем, ки дар дигар ҷамоатҳои дурдасти вилоят низ алоқаи мобилии Мегафонро ҷори намоем ва аҳоли вилоятро бо сифати баланди алоқаи мобили таъмин намоем. Дар анҷоми мулоқот Раиси ВМКБ муҳтарам Ëдгор Файзов роҳбарияти ширкати мобилии Мегафон дар вилоятро барои хизматҳои арзанда, таъмини алоқаи мобилии сифатнок дар вилоят ва хамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ бо Сипосномаи Раиси ВМКБ қадридонӣ намуданд.