РУШДИ ДЕҲОТ

Дар мавзеи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон меҳмонхонаи замонавӣ бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Меҳмонхона аз ҷониби соҳибкор Насим Раҳматшоев бо маблағи 585 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ 8 ҳуҷра бо катҳои хоб ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмӯъ меҳмонхона метавонад дар як вақт то 20 нафарро қабул намояд. Ҳуҷраҳо бо ҷиҳоз, телевизор ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст. Тибқи иттилои масъулин, дар давраи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот наздики 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд ва акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои меҳмона, 15 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Шуғнон саривақтӣ аст, зеро ин ноҳия бо табиати зебову рангин ва обҳои шифобахши мавзеи Ҷелонди метавонад шумораи сайёҳони хориҷи ва дохилиро дар вилоят афзоиш диҳад.

ОБИ ПОЛЕЗӢ

Ба истифода додани оби полезӣ дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов. Ин лоиҳа бо дастгирии Барномаи Ҷонибдории Рушди Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон амали карда шуд. Тибқи ин лоиҳа қубур аз дараи деҳаи Шитам то дашти деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон кашида шуд ва барои обёри намудани заминҳои корам, ки солҳои зиёд аз набудани оби полезӣ танқисӣ мекашанд истифода хоҳад шуд. Сокинони деҳаи барои амали намудани ин барнома миннатдории худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва Барномаи Ҷонибдории Рушди Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон иброз намуданд.

Имрӯз бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов нуқтаи хизматрасонии сӯзишворӣ дар ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Имрӯз бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов нуқтаи хизматрасонии сӯзишворӣ дар ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Нуқтаи хизматрасонии сӯзишворӣ аз тарафи соҳибкори Ватанӣ Шоҳсафедов Гуламадшо бо маблағи 200 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Зимни ифтитоҳи нуқтаи сӯзишворӣ раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов миннатдории самимиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба соҳибкор Шоҳсафедов Гуламадшо барои саҳм гузоштан дар ободонии диёри худ баён намуданд.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ОВОЗАҲО ОИДИ КОНИ НУҚРАИ “ЯКҶИЛВА” МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОДА ИТТИЛОЪ МЕДИҲАД.


Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов омода ҳастанд, ки ба саволҳои мардум тавассути нишастҳои матбуоти ё вохӯри оиди масъалаи мазкур равшани андозад.
Иттилоъ дода мешавад, ки соли гузашта ширкати “Минералз” ба буҷаи ноҳияи Мурғоб 1млн 299 ҳаз 896 сомонӣ ворид намуд, ва имсол бошад 1 млн 400 ҳаз 806 сомонӣ андоз ворид карда шудааст.
Аз сабаби он ки ширкати мазкур иҷозаи баровардани ашёи хом надошт ва фоида нагирифт ва андоз аз фоидаро насупорид. Умед меравад рӯзҳои наздик масъалаҳои баровардани ашёи хом то сохтмони завод иҷоза дода мешавад ва ширкати “Минералз” – и Хитой андоз супорандаи калонтарини вилоят хоҳад шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар форуми ” Помир инвест” якчанд конҳои дигарро низ ба сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод карда буд ва солҳои наздик боз якчанд кони вилоят ба кор андохта мешаванд, аҳолии вилоят аз ҷойи кор таъмин хоҳад шуд.
Бояд қайд кард, ки соли 2018 андози корхонаи мазкур ба буҷаи ҷумҳурӣ супорида шуд ва соли 2019 бошад он ба буҷаи ноҳияи Мурғоб ворид карда шуд.

ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ РОНАНДАГӢ БА НАВАСКАРОН АЗ ТАРАФИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН.

ТАҚДИМИ ШАҲОДАТНОМАҲОИ РОНАНДАГӢ БА НАВАСКАРОН АЗ ТАРАФИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН.

САФАРБАРКУНИИ ҶАВОНОНИ ВМКБ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САФАРБАРКУНИИ ҶАВОНОНИ ВМКБ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар маркази Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон шаҳри Хоруғ чорабинии идона бахшида ба гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов баргузор карда шуд. Дар чорабини муовинони раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар намояндагон иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон қайд намуданд, ки тайёр намудани насли наврас барои хизмати софдилона имрӯз аз назари ҳарвақта дида, барои ватанамон хеле муҳим мебошад. Дар робита ба ин афкор мебояд, ки силсилаи корҳои фаҳмондиҳи ва тарғиботу ташвиқоти ватандорию меҳнатпарастиро байни ҷавонон пурзӯр намоем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, воҳидҳои сохтории он мувофиқи ҳидояту дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ҷавонон, омода намудани онҳо ба хизмати ҳарбӣ, муҳайё намудани шароити мусоид ба сарбозону афсарон дар қисмҳои низомие ки дар ҳудуди вилоят мустақар мебошандаҳамияти хоса медиҳад.
Муҳофизу ҳимоятгари Ватан будан аз ҳар кас заҳмати зиёд, бедорхобй, иродаву матонат, ҷасорат, душворписандӣ ва фидокориё ҷонбозиро тақозо мекунад.
Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон шаҳодатномаҳои ронандагӣ барои наваскарон тақдим карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки Барномаи муштараки мақомоти иҷроия , Фонди Оғохон ва Оҷонсии Оғохон оид ба муҳити зист ба маблағи 1 мин 850 ҳазор доллари амрикоӣ ташкил медиҳад аз тарафи Созмони Аврупо дастгири карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки Барномаи муштараки мақомоти иҷроия , Фонди Оғохон ва Оҷонсии Оғохон оид ба муҳити зист ба маблағи 1 мин 850 ҳазор доллари амрикоӣ ташкил медиҳад аз тарафи Созмони Аврупо дастгири карда шуд. Маблағи мазкур барои сохтмони 6 адад майдончаи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, хати оби нӯшоки барои маҳаллаҳои Заводи Нон ва Бизмич, сохтмони мактаби рақами 5 дар марҳалаи С. Абдураҳмонов ва бехатар кардани маҳаллаи Шарифободи шаҳри Хоруғ аз офатҳои табиӣ равона карда мешавад. Масоилҳои баланд бардоштани дониш ва малакаи иҷрои корҳои сохтмони муҳандисӣ, беҳтар намудани салоҳияти ҷавонон дар масоили роҳбарӣ ва таъмини ҳаёти солим, тақвият додани кори мақомоти давлати бо ҷомеа низ дар нақшаи барнома мебошанд. Барнома аз тарафи Оҷонсии Оғохон оид ба муҳити зист (AKAH) ва Барномаи Ҷонибдории Рушди Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон (MSDSP) амали карда мешаванд. Оғози барнома моҳи ноябри соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҳамкории худро бо Шарикони рушд бахусус Ташкилотҳои Оғохон боз ҳам рушд дода, ният дорад дар солҳои наздик боз якчанд барномаҳоро рӯйи кор оварад.