ВОХӮРИ БО МАРДУМ

Зимни сафари кори ба ноҳияи Шуғнон ва ба истифода додани як қатор иншоотҳои соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шуғнон муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо мардум аз наздик сӯҳбату вохӯриҳоро баргузор намуданд. Раиси вилоят мардуми заҳматкаши Шуғнони болоро бо Иди Забони давлати ва кушодашавии иншоотҳое, ки мардуми ин диёр ба онҳо ниёз доштанд, табрику муборакбод намуданд ва иброз доштанд, ки ноҳияи Шуғнон дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурге ноил гардидаст. Маҳз бо шарофати сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Шуғнон, ки калонтарин ноҳия дар вилоят мебошад симоҳои худро куллан тағйир хоҳад дод.
Дар анҷоми суҳбат сокинони ноҳияи Шуғнон миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва Барномаи Ҷонибдории Рушди Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон барои барои дастгириҳо баҳри ободони ва созандагӣ дар ноҳия баён намуданд.

Сохта ва ба истифода додани таҳхона барои нигоҳдории 50 тон тухмии картошка, гандум ва дигар сабзавот дар ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон.

Сохта ва ба истифода додани таҳхона барои нигоҳдории 50 тон тухмии картошка, гандум ва дигар сабзавот дар ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон. Таҳхона аз тарафи Барномаи Ҷонибдории Рушди Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон сохта мавриди истифодабарии сокинон қарор дода шуд.

ТАҶЛИЛИ ИДИ ЗАБОН ДАР ВМКБ

5 октябр ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов иштирокчиёни ҷамъомад ва сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки аз соли 2009 инҷониб дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 5 – уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Раиси вилоят зимни суханрониаш аз ҷумла таъкид намуд, ки алалхусус, дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти давлат ба рушду такомули забони давлатӣ таваҷҷуҳу ғамхории зиёде зоҳир карда мешавад. Дар масъалаи омӯхтани забон, гиромӣ доштани забони модарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дода, дар суханрониҳо, мулоқоту вохӯриҳои сершумори худ муҳимияти ин масъаларо таъкид менамоянд.

Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ба сифати яке аз забонҳои ширину шевотарини дунё аз ҷониби бузургтарин шарқшиносони дунё эътироф гардида, барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллати тоҷик нақши муҳим дорад.
Олими шинохта дар бахши дигар аз суханрони худ даъват намуд, ки ҳамагон бояд ба тозагии забон кӯшанд ва ҳифзи забони давлатӣ кори танҳо забоншиносону олимону адибон нест. Мо ҳар як соҳибони ин забонем ва бо ифтихор аз гузаштаи таърихиву фарҳанги беш аз ҳазорсола имрӯз талош кунем, ки он аз олудагиҳо озод бошад.

Раиси вилоят ҳамзамон изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои рушду такомули забони миллӣ пайваста тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамоянд, то ки забони миллии мо ба ниёзҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ҷавобгӯ ва дар арсаи муборизаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ муқовиматпазир гардад.

РУШДИ ДЕҲОТ

Дар мавзеи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон меҳмонхонаи замонавӣ бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Меҳмонхона аз ҷониби соҳибкор Насим Раҳматшоев бо маблағи 585 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ 8 ҳуҷра бо катҳои хоб ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмӯъ меҳмонхона метавонад дар як вақт то 20 нафарро қабул намояд. Ҳуҷраҳо бо ҷиҳоз, телевизор ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст. Тибқи иттилои масъулин, дар давраи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот наздики 40 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд ва акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои меҳмона, 15 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Шуғнон саривақтӣ аст, зеро ин ноҳия бо табиати зебову рангин ва обҳои шифобахши мавзеи Ҷелонди метавонад шумораи сайёҳони хориҷи ва дохилиро дар вилоят афзоиш диҳад.