Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон масъалаи баҳсӣ бардоштани қаҳвахонаи шаҳрванд Азизуллоев З – ро ки аз тарафи шаҳрванд Фаромуз Иргашов дар шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос гардидааст мавриди таҳлил қарор дода маълум менамояд, ки чанд моҳ қабл раиси ВМКБ муҳтарам Ëдгор Файзов шаҳрванд Азизуллоев Зиë ва Фаромуз Иргашов оиди ин масъала ба ҳузур пазируфтанд. Шаҳрвандон дар назди раиси вилоят арз доштанд, ки қаҳвахонаи шаҳрванд Азизуллоев Зиë бардошта шуд, вале то ҳол ба ивазаш чизе нагирифтааст. Мутаассифона ҳангоми аз байн бурдани қаҳвахона Азизуллоев З дар маҳбас қарор доштанд ва имкони ҷамъ намудани кулли ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани хонаи нав надоштанд. Соҳибмулк ва Фаромуз Иргашов иброз доштанд, ки қаҳвахонаро аз нав бунёд хоҳанд кард. Раиси вилоят ҳуҷҷатҳои шаҳрвандро аз назар гузаронда тасдиқ намуд, ки ба он кас ҳақиқатан бояд соҳибмулки нав ҷуброн пардохт намояд. Баъд аз оне, ки шаҳрванд Азизуллоев Зиё бори дуюм бо ҷурми даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе дар соли 2020 ба муҳлати муайян ба маҳбас кашида шуд, ҳамсараш Азизбекова Мадина ба назди раиси вилоят омада иброз дошт, ки мавзеи қаҳвахонаи собиқро панҷарабандӣ месозад ва онро аз нав обод мекунад. Деворҳои он ҳанӯз боқӣ мондаанд ва болопӯшро аз нав барқарор хоҳад кард. Раиси вилоят оиди ин дархост розигӣ дод ва иброз дошт, ки аз ҳуқуқи ӯ ҳимоят хоҳад кард. Раис вилоят боз таъкид карданд, ки ҳатман ба Суд барои пурра қонунӣ кардани талаботи худ муроҷиат намояд ва нусхаи мактуб (муроҷиатномаро) ба дастгоҳи раиси ВМКБ низ ирсол намоянд, чунки масъалаи хусусӣ намудани собиқ қаҳвахона ва биноҳои ҳозираи системаи маориф як қатор нозукиҳо дорад. Дигар ягон муроҷиат ба дастгоҳи раиси ВМКБ ворид нашуд ва ягон хел футболбозӣ ҳам ҷой надошт ва надорад ва ягон зани калонсол оиди ин масъала ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ муроҷиат накардааст. Масъалаи мазкур таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ қарор дошта, дар сурати қонунӣ будани хариди синфхона (собиқ қаҳвахона) аз ҳуқуқи шаҳрванд муҳофизат хоҳад кард