ХАМКОРИ БА ХОТИРИ ФАРДОИ НЕК

12 ноябри соли 2020 – бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мухтарам Ёдгор Файзов ва намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) нерўгоҳи нави офтобӣ, бо иқтидори 220 киловатт дар нохияи Мурғоб мавриди истифода карор дода шуд, ки он калонтарин дар Тоҷикистон ва дар нуқтаи аз ҳама баландтарини дунё ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад. Инчунин лоиҳаи нерўгоҳи барқии нигоҳдорандаи нерўро бо тавоноии 180 киловатт-соат дар бар мегирад. Нерўгоҳи офтобии нав натиҷаи бевоситаи ҳамкории бомуваффақият байни Ҳукумати Чумхурии Тоҷикистон, USAID ва ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад. Тибқи дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Чумхурии Тоҷикистон, USAID насб намудани нерўгоҳро дар Мурғоб дастгирӣ намуд, то ки иқтидори нерўгоҳи барқии «Тоҷикистон» (собиқ Оқсу) бо иқтидори 1,5 мегаватт, ки дар наздикии он ҷойгир шудааст, афзоиш бидиҳад ва нерўи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба шабакаи барқии маҳаллӣ таҳвил бидиҳад.Ноҳияи Мурғоб яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 6000 одам аз манбаҳои барқтаъминкунии «Помир Энерҷӣ» ва шабакаҳои миллии барқӣ, бо сабаби дар баландии 3600 метр қарор доштанаш, дар бунбаст қарор доштанд. Нерўгоҳи офтобии нав дар Мурғоб дастрасӣ ба нерўи барқ дар давоми рўз то 50 фоиз зиёд мекунад. Ин на танҳо сатҳи зиндагии сокинонро баланд мебардорад, балки барои рушди умумии иқтисоди минтақа мусоидат мекунад.