ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ ФАРДОИ НЕК

Имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов, Сафири Иттиҳоди Аврупо (НИА) дар Тоҷикистон хонум Мэрилин Ҷозефсон, директори генералии Агентии Оғо Хон оид ба макони зист (АКАХ) дар Тоҷикистон Ҳоди Хусанӣ ва оҷонсиҳои дахлдори Шабакаи Рушди Оғо Хон (АКДН) ду майдончаи варзишии муосирро дар шаҳри Хоруғро ифтитоҳ намуданд. Иншооотҳои мазкур дар доираи лоиҳаи“Мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфросохтори муҳим дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо сохта шуда мавриди истифода қарор дода шуд.Дар бораи мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфросохтори муҳим дар шаҳри дар Хоруғ: Лоиҳаи 1.800.000 Евро, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шудааст ва аз ҷониби Бунёди Хазинаи Оғо Хон, Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Манотиқи Кӯҳистон дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ амалӣ карда мешавад. Ин лоиҳаи 18-моҳа (1 октябри соли 2019 то 31 марти соли 2021) ҳадафи мусоидат ба сулҳу субот дар шаҳри Хоруғ тавассути беҳтар намудани инфрасохтор ва хизматрасониҳои серталаб, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва фароҳам овардани имкониятҳо барои кору шуғли муваққати дар корҳои сохтмонӣ мусоидат мекунад.

П А Ё М И табрикотии раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ифтихори Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр! Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рўйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рўҳбаландии хоса таҷлил мегардад. Бо камоли ифтихору мамнуният тамоми мардуми шарифи Бадахшонро ба ифтихори 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барояшон хушбахтӣ, умри бобаракат, фазои тинҷу ором ва рўзгори ободу осударо таманно менамоям.6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид, ки он дар таърихи тоҷикон як воқеаи фараҳбахш ва фаромўшнашаванда буда, дар саҳифаи давлатдорӣ бо ҳарфҳои зарҳалин сабт ёфт. Ин ҳуҷҷати муҳим воқеан ҳам истиқлолияти кишварамонро пойдору сиёсати давлатдории моро ба низом овард. Конститутсия пояҳои сохтоҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлати ҷавонро устувор гардонда, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандонро муайян намуд ва бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз Тоҷикистон ба шоҳроҳи сифатан нави давлатдории худ ворид гашт. Конститутсия Тоҷикистонро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, ба аҳли љомеа новобаста аз мансубияти миллӣ, забон, эътиќод имкониятҳои мусоиди кору зиндагиро кафолат медиҳад ваҳуқуқу озодии шахсро муқаддас мешуморад. Имрўз аз ҷониби тамоми кишварҳо ва институтҳои байналмилалӣ Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи беҳтарин дар байни 120 давлати дунё эътироф гардидааст. Воқеан ҳам имрўз мардуми бофарҳанги мо дар ҷомеаи озоди демократӣ зиндагӣ мекунад. Бо шарофати сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мо таҳаввулоти бузурге ба амал омада, бо иқдомҳои бунёдкорию созандагиашон Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфт.Бо соҳибистқлол гардидани Тоҷикистон ва қабули Конститутсия рўзгори мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон хеле баланд гардида, ба онҳо ҷиҳати эҳёи суннатзои волои ниёгон, аз ҷумла озодона амалисозии эътиқодҳои динию мазҳабӣ шароити мусоид фароҳам овард. Бесабаб набуд, ки боби ҳафтуми он ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бахшида шудааст, ки мо аз ин ифтихори бузург дорем. Маҳз таъминоти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти мардуми кўҳистон аз Конститутсия ё бахт-номаи мо сарчашма мегирад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф, тандурустию фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд».Ҳамдиёрони гиромӣ! Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.Хотирнишон месозам, ки эҳтиром ба Конститутсия ва қонун – эҳтиром баҳуқуқои худ ва дигарон мебошад. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демокраӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кўшиши худро ба он равона созем, ки Бадахшони азизамонро ба як гўшаи пешрафтаи Тоҷикистон мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як диёри ободро ба мерос гузорем.Бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро ба ифтихори Рўзи Конститутсия самимона табрик гуфта, ба хурду бузурги кишвар саломативу сарбаландӣ ва пирўзиву хонаободӣ орзу менамоям.