Ситоди ҷумҳурявӣ оид ба зимистонгузаронӣ

Санаи 18 ноябри соли 2020 ҷаласаи Ситоди ҷумҳурявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъоляти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ баргузор гардид, дар он омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зимитонгузаронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Ҷаласаи мазкур тариқи видеоконфронс баргузор гардида, дар кори он намояндагони вазорату идораҳо соҳаӣ-аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва намояндагони субектҳои иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштрок намуданд.Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 супоришу тадбирҳои вобаста ба ҳалли масъалаҳои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020-2021 дар 4 банд 42 зербанди Нақша чорабиниҳо пешбини гардида, муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти иҷрокунанда ба таври мушаххас дарҷ гардидаанд.Бояд қайд намуд, ки бо мақсади Нақшаи мазкур дар тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарорҳои дахлдори дохилӣ ба тасвиб расида, ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақша чорабиниҳои дахлдор тасдиқ карда шудаанд.Дар асоси пешниҳодҳои вазорату идораҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, Вазорат оид ба рафти иҷрои қарори зикргардида гузоришҳои ҷамъбастии ҳармоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шудааст.Ҳамзамон, бо мақсади омӯзиши ҳолати воқеии рафти иҷрои қарори мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдори соҳавӣ таъсис дода шуда, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеӣ ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз рафти иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъоялти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, аз ҷумла дар муассиаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсатҳои матлубот, шабакаҳои барқи ва ғайраро мавриди омӯзиш қарор дода, гузоришҳои дахлдор ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намудааст.Лозим ба қайд аст, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли2020, №199, қарори раиси вилоят аз 22 апрели соли 2020, №101 «Оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъоляти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2020-2021»-ро ба тасвиб расонида, аз ҷониби сохторҳои марбута мавриди иҷро қарор дода шудааст.Дап рафти ҷаласа аз ҷониби Муовини Сарвазир оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар самти захираҳои маводи озуқаворӣ ва маводи сухт ибрози назар карда шуда, супоришҳои қатъи вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи захира ва сари вақт омода намудани соҳҳаҳои мухталифи ВМКБ ба зимистонгузаронӣ дода шудаанд.Дар охири ҷаласа муҳтарам муовини Сарвазир супоришҳои мушаххас ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар самти гузаронидани мавсими зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 додаанд.

8383Поделились: 23НравитсяКомментироватьПоделиться

ВОХУРИ БО СОҲИБКОРОН

Намояндаи “Казох – экспорт” Худоиев Рамеш ва муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар бо як гурух сохибкорони вилоят вохури баргузор намуда онҳоро бо имконотҳои нави маблағи ва ҳамкори шинос намуданд. Муовини раиси ВМКБ Иматшозода Анвар Иматшо дастгирии бахши хусусиро аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуда, қайд дошт, ки бо мақсади боло бурдани сатҳи иқтисодиёт ва коҳиши муҳоҷирати хориҷи ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоиста барои ҳар фарди кишвар дар чаҳорчуби сиёсати дарҳои бози Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди бахши хусусӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол беҳтару хубтар гардидааст.Бояд гуфт ташкилоти «Қазок-экспорт» аз миёни 13 ширкати бонуфузи Қазоқистон мебошад, ки дар давоми 1 сол фаъолияти худ тавонистаст, ки дар асоси қарордодҳои муштараки соҳибкорон бо ширкатҳои фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монад. Дар давоми ин вақт тавассути ҳамкориҳои «Сомон айр» ва «Евро контер»-н Қазоқистон як чархбол дастраси ширкати ҳавонавардии Сомон Эйр гардида, аст, ки 4 адади дигар чунин чархболҳо низ дар оянда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда хоҳанд шуд.Рамеш Худоиев намояндаи ташкилоти «Қазоқ-экспорт» тазаккур дод, ки дар қалмрави Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳоли ҳозир зиëда аз 6 хазор корхонаҳои бузурги саноати фаъолият доранд, ки дар сурати ба роҳ монадани шартномаҳои муштараки ҳамкорӣ дар самти таъмини маҳсулоти каннодӣ, орд ва маҳсулоти ордӣ, масолеҳи сохтмонӣ, автомобил ва дигар корҳои муҳандисӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ монанд.Муовини раиси ВМКБ Иматшозода Анвар Иматшо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Қазоқистонро ба иқтисодиëти вилоят муҳимарзёби намуда, қайд дошт, ки дар пайи баргузор намудани форуми навбатии сармоягузории Помир-инвест пешниҳод намудани лоиҳаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни сайёхи, ба кор андохтани канданиҳои фоиданок, содироти обҳои маъданӣ ба ин кишварро аз афзалиятҳои муҳими бахши соҳибкори маънидод намуд.Намояндаи ташкилоти мазкур имтиёзҳои пешбинишударо дар самти дастгирии бахши хусусӣ, аз ҷумла пардохти маблағи молу колои воридоти ба муддати то 60 руз ва дар самти дастрас намудани нақлиëти автомобили тог 3 сол дар назар дошта шудаст, ки тавассути намояндагии ташкилоти «Қазок экспорт»дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.

МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов намояндагии “Казахэкспорт” дар Ҷумҳурии Тоҷикситон Худоиев Рамеш Қурбонҳусейновичро ба ҳузур пазируфтанд.Казахэкспорт ташкилоти суғуртавии калони Ҷумҳурии Қазоқистон буда мақсадаш муаарифи намудани молҳои содиротии Ҷумҳурии Қазоқистон дар хориҷ, пайдо намудани харидори боварибахш барои мол ва кӯмаки молиявӣ ба харидор баҳри дастрасӣ ба қарзи бонки, суғуртаи қарз ва ë дигар ҳамкориҳову хизматрасониҳо ва ҳамчун кафил шудан байни молистеҳсолкунанда (фурушанда) ва харидор мебошад. Ҷумҳурии Қазоқистон таъминкунандаи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо орд, равғани растани ва зиëд молҳои саноати мебошад. Мутаассифона бисëр соҳибкороний ва идораҳои тоҷикистони аз ҷумла аз имконотҳои иқтисодии Қазокистон кам маълумот доранд ва ё ба онҳо дастрасӣ аз ҷумла молиявӣ надоранд. Қазахэкспорт ба ҳайси як миëнрав метавонад ин мушкилотро то андозае ҳал намояд. Раиси вилоят ва намояндаи Казахэкспорт оиди дастрасии соҳибкорони вилоят ба молҳои Ҷумҳурии Казокистон, кӯмаки молияви ва имконоти дигаре ки Ҷумҳурии Қазоқистон метавон аз он баҳра бурд ( таъчизот барои сохтмони неругоҳҳои барқи, купрукҳо ) афкори андеша намуданд.Бояд қайд кард, ки Рамеш Худоиев яке аз шахсиятҳое аст, ки ҳангоми сар задани касалии КОВИД 19 дар вилоят дар таъмин намудани аҳолии вилоят бо орд кӯмаки бузурги молиявӣ намуд ва баҳри ин хизмати шоистааш раиси вилоят ӯро аз номи мардуми вилоят бо сипоснома қадрдони намуд

332332Комментарии: 23Поделились: 30НравитсяКомментироватьПоделиться