ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

Субҳи имрӯз бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ муовинони раиси вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят, собиқадорон ва дигар қишриҳои ҷомеа иштирок намуданд. 16 – уми ноябр чун Рузи Президент бошукӯҳу ва муҳташам таҷлил карда мешавад ва ин руз дар радифи дигар ҷашнҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардидааст. Мансаби Президентӣ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст ва дар ин санади олии мамлакат низому шартҳои интихоб гардидан ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ муайян шудааст. Моддаи 67 – уми Конститутсия муқаррар намудааст, ки Президент пеш аз шурӯъ ба иҷрои ин вазифа дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Дар таърихи Тоҷикистон омадааст, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал маросими савгандёдкунӣ ва ба адои вазифа оғоз кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Мантиқан ба рӯзи 16 – уми ноябр рост омадани таҷлили Рӯзи Президент дар он инъикос мегардад, ки маҳз аз ҳамин рӯз саҳифаи наве дар таърихи кишвар боз гардид ва маҳз аз ҳамин рӯз дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд омадан гирифтанд ва аз ҳамин рӯз шакли идоракунии Президентӣ дар мамлакат ибтидо гирифт. Аз ин рӯ, бо мақсади арҷгузорӣ ба давлати навини тоҷикон, ҳурмату эҳтиром ба давлатдориву давлатсозӣ дар кишвар, боло рафтани сатҳи сиёсатмадорӣ, афзудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва дар ниҳоят фаъолияти басе густурдаву пурмаҳсули Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 16 – уми ноябр чун Рӯзи Президент дар мамлакат қабул гардид.