ТАЬМИНИ ОБИ НУШОКИ

Зимни сафари кори ба нохияи Ишкшоим раиси вилоят дар маросими ба истифода додани хати оби нушоки иштирок ва сухрони намуданд. Дар деҳаи Ҳисори Ҷамоати деҳоти Зонг нуқтаи оби нӯшокиро, ки дар ҳамкорӣ бо Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Кӯҳистони Фонди Оғохон ва Раёсати Шаетсария оид ба хамкори ва рушд бо арзиши лоҳиавии 422320 ҳазор сомонӣ ва дарозии умумии хати оби нӯшокӣ 11593 метрро ташкил медод мавриди истифода қарор дода шуд. Маблағгузор Раёсати Шветсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд мебошад.Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович зимни баромад барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди рушд алалхусус БҶИИМК –и Хазинаи Оғохон, Раёсати Шветсартя оид ба хамкори ва рушд ва барои сокинони деҳаи Ҳисор ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бнёдкорӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Инчунин мененҷери минтақавии БҶИИМК дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Хумориков Хуҷамёр оид ба амалӣ гардидани пружаҳо ва ҳамкориҳои дуҷониба суханронӣ намуданд.Дар навбати худ сокинони ин деҳа миннатдории самимии худро ба роҳбарияти Олии кишвар, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва БҶИИМК –и Хазинаи Оғохон ва Раёсати Шветсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд баён доштанд. Нимаи ҳамин рӯз дар деҳаи Шитхарви Ҷамоати Шитхарв хати оби нӯшокӣ бо арзиши умумии 1246794 сомонӣ ва дарозии хати обӣ нӯшокӣ 14371 метр, мабаггузори асосии лоиха Раёсати Шветсария оид ба хамкори мебошад мавриди истифода қарор дода шуд. Сокинони деҳаи Шитхарв аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия сарфароз буда сипоси самимии худро баён намуданд.Ҳамчунин дар деҳаи Қозидеҳ хати оби нӯшокӣ бо арзиши умумии 858177 сомонӣ бо дарозии 15213метр мавриди истифода қарор дода шуд.Бояд қайд намуд, ки сол то сол дастрасии аҳолии деҳоти ноҳия ба оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардида мушкилотҳои ҷойдошта бартараф гардида истодаанд.


Зимни сафари кори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов аз муассисаи таълимии рақами 23 деҳаи Яхшиволи ноҳияи Ишкошим дидан намуданд.

Зимни сафари кори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов аз муассисаи таълимии рақами 23 деҳаи Яхшиволи ноҳияи Ишкошим дидан намуданд. Аз фонди захиравии раиси вилоят барои аз нав тамир кардани болопуши бинои мазкур 13 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки сабаби бартараф гардидани мушкилоти чойдошта дар ин муассиса гардид. Аз навсозии муассисаи мазкур тибқи нақшаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим солҳои 2021 – 2025 ба нақша гирифта хоҳад шуд.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов бо мақсади шиносои аз вазъияти иқтисодиву иҷтимоии нохия ва омодаги ба зимистони дар пешистода ба нохияи Ишкошим сафар карданд.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов бо мақсади шиносои аз вазъияти иқтисодиву иҷтимоии нохия ва омодаги ба зимистони дар пешистода ба нохияи Ишкошим сафар карданд. Зимни сафари кори раиси вилоят аз шароити муассисаи таълимии рақами чоруми ҷамоати деҳоти Зонги деҳаи Зонг дидан намуданд. Муассисаи мазкур бо маводҳои сузшвори (ангиштсанг) ва таҷҳизотхои гармидиҳи таъмин буда барои гузаронидани зинистони дар пешистода омода мебошад. Раиси вилоят ба дониши хонандагони муассиса баҳои баланд дода барои бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта ба масьулин супоришҳои мушаххас доданд.