КОНФРОНСИ ИЛМИ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

Бахшида ба Рўзи байналмилалии забони модарӣ дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Академик Баҳодур Искандарови Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар ВМКБ ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Забони модарӣ – дар ҷомеаи муосир, Руйкарди илмӣ» баргузор гардид. Дар кори конфронс раиси ВМКБ Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов олимону донишмандон ва кулли мардуми саодатманди вилоятро бо Рӯзи байналмилалии забони модари табрик намуда иброз дошт, ки ҳамарўза оид ба забонҳои маҳалли дар вилоят баҳсу мунозираҳо рафта истодаанд, ва то ҳатто ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шабакаҳои иҷтимои муроҷиатномаҳо ва пешниҳодоти зиёд ворид мегарданд. Муовини директор оид ба илм ва таълим- номзади илмҳои гуманитарӣ Шаҳло Саиднуриддинова дар марвиди мушкилоти беҳбудии ҳуруфи алифбои помирӣ баромад намуда, паҳлуҳои ин мавзуъро ба тарви васеъ шарҳ доданд. Дар кори ҳамоиши илмӣ олимону донишмандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баходур Искандарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят оиди таърихи пайдоиши истилоҳи «Забонҳои помирӣ» ва таҳияи алифбоҳо ба ин забонҳо», таърихи омузиши забонҳои ин минтақаи кишвар, ҷиҳатҳои қонунии ҳимоя ва инкишофи забонҳои помирӣ ва чандин мавзуъҳои марбут ба таълифи осори бадеи ба забони помири мавриди барраси қарор дода шуда оиди рушди минбаъдаи ин забонҳо таклифу пешниҳодҳои судманд ба миён гузошта шуданд.

ФАРМОИШИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барои ҳамкории судманд ва ба муносибати 28 – умин солгарди таъсисëбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов ва муовини Раиси вилоят Носирзода Умедҷон бо медали ҷашнии 28 солагии таъсисëбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.