Иҷлосияи ҳафтуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон

Возможно, это изображение (один или несколько человек и люди стоят)

Иҷлосияи ҳафтуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо садо додани Суруди миллӣ ба кори худ оғоз кард. Дар кори иҷлосия аз миёни 66 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 56 вакил ва роҳбарони идораву муассисаҳо, мақомоти қудрати ва ҳифзи ҳуқуқ намояндагони ВАО ва дигар шахсони расмӣ ки вакил нестанд ширкат варзиданд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ҳамзамон раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба баррасии рўзномаи иҷлосия масъалаҳо оиди рафти иҷрои қарори раиси вилоят «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳоли барои солҳои 2020-2022», ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халки ВМКБ аз ҳавзаи интихоботии №49-и ноҳияи Роштқалъа Ҷонибек Қозибеков «Дар бораи иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва вакилӣ»,баррасии пешниҳоди комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ оид ба иқтисод, буҷет, молия ва андоз вабаста ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлати», баррасии пешниҳоди раиси Комиссия оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурудгоҳо,ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳо инчунин обектҳои физикию ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурии мақомоти иҷроияи вилоят, қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аз ҳавзаҳои интихоботии Питоб№27, Шитам №32-и ноҳияи Шуғнон ва таъини интихобот дар ҳавзахои мазкур ва тасдиқи қарорҳои раиси вилоят ,ки дар байни иҷлосияҳои шашум ва ҳафтуми даъвати шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят қабул гардиданд, пешниҳод намуд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН «ҶУМҲУРИЯТ»

Возможно, это изображение (1 человек)


ЁДГОР ФАЙЗОВ, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Баъзан оид ба соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои беасосе садо медиҳанд, ки гӯиё он бо сабабу омилҳои ба миллати тоҷик новобаста, “аз тақдир ҳамчун туҳфа тақдим гардида бошад”. Аммо таърих гувоҳ аст, ки дастоварди таърихӣ натиҷаи муборизаҳои дурударози фикрию фитрӣ ва ҷавонмардонаю ҷонсупориҳои ҳазорон фарзандони фарзонаву оқили миллат дар масири таърихи ҳазорсолаҳои мавҷудияти он аст. Бинои истиқлолият тавассути андешаи тамаддунофару фарҳангсолор ва илммеҳвари тоҷик асрҳои аср бунёд гардида, дар ин ҷода хизмати ниёгони шуҳратёри мо хеле бузург аст.
Таърихи шашҳазорсолаи ориёиҳо гувоҳ аст, ки наздик ба се ҳазор сол ин қавм дорои анъанаҳои давлатсозию давлатдорӣ аст ва дар радифи дигар манбаъҳои муътамади таърихӣ шоҳасари оини зардуштӣ – “Авасто” низ аз мавҷудияти тафаккури сиёсию шуури давлатбунёдгари ориёиён маълумот медиҳад. Метавон аз давлатҳои зиёди хурду калон, ки дар ҳудуди тамаддуни ориёӣ вуҷуд доштанд, ёдовар шуд. Масалан, яке аз аввалин давлати умумиориёии Ҳахоманишиён, ки меъмори он Куруши Кабир аст, империяи бузурге буд, ки тамоми қавмҳои ориёиро ба ҳам оварда, аз намунаҳои беҳтарини давлатдории ҳамон давра ба ҳисоб меравад. Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар, ки таърихи 2500-сола дорад, маҳз таҳти роҳбарии ин абармард таҳия ва интишор гардид. Таваҷҷуҳ кунед, ки дар Эъломия нигошта шудааст: “Ҳар кас озод аст, ҳар дину оинро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад››. Шояд дар дигар тамаддуну фарҳанги сиёсию ҳуқуқии миллатҳои таърихӣ андешаи ғайр оид ба ин ва дигар масъалаҳо бошанд, аммо Эъломияи Куруши Кабир ва нуктаҳои дар он дарҷгардида сарманшаи ҳуқуқи байналмилалии замони нав гардиданд. Умуман, ҳар як низоми давлатдории миллии мо чи дар давраи Саффориёну Тоҳириён ва чи Сомониён ба хазинаи назария ва амалияи давлатдории умумибашарӣ неъматҳои бебаҳо ворид намуданд. Нуктаи муҳими дигареро, ки мехоҳам зикр намоям, он аст, ки маҳз андеша, тафаккур ва шуури миллӣ, ки дар сиёсат, иқтисод, илм ва фарҳанг таҷассуми худро меёбанд ва ядрои он дар ботини миллат сиришта мегардад, имкон фароҳам овард, ки бо вуҷуди аз даст додани зимоми давлатдорӣ дар асрҳои миёна забон, фарҳанг, урфу одат, анъана, арзишу эътиқоди созандаи миллат он воҳаи бесарҳаде буданд, ки аҷдодони мо тавассути онҳо дар ҳудуди бузурги қораи Осиё истиқлолияти тамаддунӣ ва фарҳангии худро то асри 20 нигоҳ доранд.
Мавриди зикр аст, ки бо вуҷуди дар натиҷаи тақсимоти миллию ҳудудӣ дар аҳди шуравӣ тоҷикон аз бештари марказҳои фарҳангию илмии худ маҳрум монда бошанд ҳам, зимни муборизаҳои шадиди қаҳрамонони миллат Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва садҳо миллатдӯстони бомаърифат Тоҷикистон мақоми ҷумҳуриро касб намуд. Дар ин маврид месазад, ки ба як нуктаи хеле муҳим диққат дод. Муқобилияту мухолифатҳои шадиди ҷараёнҳои миллатгарою нажодпараст ва иртиҷоии динӣ, ки мехостанд мавҷудияти миллати бузурге бо номи “Тоҷик”-ро дар Осиёи Марказӣ инкор созанд, то ҷое нақши манфии худро ҳангоми тақсимоти ҳудудию миллӣ бозид. Аммо, дар баробари ин, сарсупурдагони миллат тавонистанд дар ҳамин марҳила, дар такя ба хиради азалии миллат, дар муддати кӯтоҳтарини таърихӣ, яъне 60 соли замони шуравӣ (онро дар назар дорам, ки Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон соли 1929 таъсис ёфт), ҷумҳурии сифатан наверо бунёд намоянд. Пойтахти он, шаҳри зебоманзару маркази умеди кулли тоҷикони имрӯзаи ҷаҳон – Душанбе он замон деҳа буд. Ин аз он далолат медиҳад, ки андешаи созанда ва тафаккури илммеҳвари тоҷик қодир аст, дар ҳама ҳолат ва шароит мушкилотро паси сар намуда, аз нав ҷойгоҳи худро дар байни пешрафтатарин миллатҳо ёбад.
Дар арафаи қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат таҳти таъсири тафаккури нави сиёсӣ ҳаракати озодандешӣ ва озодихоҳӣ авҷ гирифт. Аз ҷумла, ба шарофати неруҳои миллатдӯсту ватанпараст ба забони миллиамон мақоми давлатӣ дода шуд. Аммо, мутаассифона, чун қишри зиёии воқеан, дорои андешаи миллидошта ташаккул наёфта буд ва маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷомеа дар сатҳи талаботи давр набуд, баъзе неруҳои дохилию хориҷӣ ҷиҳати роҳандозии манфиатҳои муғризонаи худ аз ин суиистифода намуда, маҷрои ҳаракати озодихоҳиро ба самти низоъ равона карданд. Махсусан, дахолати баъзе ходимони дин ба фаъолияти сиёсию идории давлат ва бо эҳсоси динии мардум бозӣ кардану иҷозати амал барои ҳизби характери динидошта боиси бархӯрдҳои ҷиддӣ аввал дар сатҳи низоми идорӣ ва баъдан дар дохили ҷомеа гардид. Марказҳои қабули қарори давлатию иҷтимоӣ фалаҷ гашта, шахсияти сатҳи миллии қобилияти дар гирди сиёсату андешаи худ муттаҳидкунандаи ҷомеа вуҷуд надошт.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ боиси ҳалокати ҳазорҳо фарзандон ва гуреза шудани зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар дохили давлат ва берун аз он гардида, хисороти ҳангуфти моддию молиявӣ ба бор овард. Ягона ниҳоди ҳокимият, ки зарфияти қонунии пешгирии ин фоҷиаро дар он марҳилаи мудҳиш дошт, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, аммо бо сабаби муташанниҷ будани вазъ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, ки касе кафолати амнияти вакилони мардумиро дода наметавонист, гузарондани иҷлосияи он ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки иҷлосияи навбатии парлумони мамлакат дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардад.
Хушбахтона, Иҷлосияи 16-уми таърихию тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва дар асоси қарорҳои муҳими қабулнамудаи он Ҳукумати конститутсионӣ ташкил ва шохаҳои ҳокимият барқарор шуданд.
Вакилони мардумӣ дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафареро ба роҳбарии кишвар интихоб намуданд, ки зарурати таърихӣ худ талабгори чунин шахсият буд. Дар назарияи сиёсӣ ҳамин гуна шахсиятҳоро сарвар ва пешво мегӯянд, ки дорои сифат ва хислатҳои муҳими муайян буда, на ҳама вақт ва на дар ҳама шароит дар байни ин ё он ҷомеаи миллӣ вуҷуд доранд. Инро мо имрӯз ҳам баръало дида истодаем, ки дар баъзе мамлакатҳо садсолаҳо чунин сарвари сиёсӣ ё пешвои миллӣ ҳузур надорад, ки ҷомеаро ба ҳам оварда, ба роҳи созанда сафарбар намояд. Нақши сарвари сиёсӣ ва пешвои миллӣ, ки дар ин маврид мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назар дорем, дар таърихи ин ё он давлату миллати пешрафта хеле бориз аст. На танҳо дар тасаввури мардуми одӣ, балки дар андешаи бештари зиёиёну сиёсатмадорони он давраи Тоҷикистон намеғунҷид, ки Сарвари нави ҷавон қодир аст давлатро роҳбарӣ карда, вазъро ба эътидол орад. Аммо Пешвои муаззами миллат бо сифати ҷавонмардона, хислати инсондӯстона, мавқеи устувор, ҷасорату иродаи қавии сиёсӣ ва дарки нозуки вазъият дар заминаи донишу таҷрибаи ҳаётӣ тавонистанд аз рӯзҳои нахустини ҳукуматдорӣ мардуми Тоҷикистонро муътақид созанд, ки интихоби Роҳбари нав тасодуфӣ набуда, зарурати таърихӣ аст. Дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат роҳбар ва миллат пешворо ёфтанд, ки қавлашон бо амалашон тавъам аст ва ҳар қароре, ки иҷлосия қабул намуд, маҳз ба тавассути талошҳои хастанопазири Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гашт.
Имрӯз сиёсатшиносон ва сиёсатмадорони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор дода, тазаккур медиҳанд, ки тафаккури стратегӣ, сиёсати дурандешона, қобилияти хуби сари вақт дарк намудани моҳияти ҳаводиси бавуқуоянда ё, аллакай, омада, садоқат ба рисолати амиқан даркшудаи таърихӣ ва ҷасорати иродаи қавии Президенти кишварамон таҳкурсии давлатро мустаҳкам, суботи ҷомеаро таъмин, самти рушдро муайян ва дар арсаи байналмилалӣ мақому ҷойгоҳи миллату давлатро дарёфт ва таҳким бахшид. Зимнан, аз эътирофу эҳтироми зумрае аз шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонии сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки аз заҳмату саҳми Пешвои миллат, на танҳо дар ҷодаи сиёсати дохилӣ, балки дипломатияи байналмилалӣ намудаанд, иқтибос меорам.
Президенти Россия Владимир Путин, агар мавқеи асосии Эмомалӣ Раҳмонро дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамонро барои бисёре аз халқҳо ва давлатҳои олам намунаи ибрат шуморад, пас Ҷорҷ Буш, Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон тавсиф намуда, ӯро сиёсатмадори ангуштшумор дар сатҳи ҷаҳон медонад.
Бо қабули Конститутсия, рамзҳои давлатӣ, асъори миллӣ, муайян кардани сохти давлатдорӣ, шакли идоракунӣ, таъсиси рукну ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ, аз ҷумла Маҷлиси Олии дупалата, Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷанбаҳои давлатдорӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили низоми байналмилалӣ аз ҷониби аксар мамолики ҷаҳон, ба расмият шинохта шуд. Аммо, бояд иқрор шуд, ки ин раванд осону ҳамвор набуд. Роҳбари давлат дар асоси омӯзиши мӯшикофона шахсиятҳоеро ба ҳукумати нав ҷалб намуд, ки воқеан, ҳирфаӣ буданд ва муҳимтар аз ин, аз принсипҳои давлатдории навин, ки ягонагии давлат, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявияти он ҳимоят менамуданд. Ҳукумати конститутсионӣ барқарор гашт ва ҳадафу вазифаҳо муайян гардиданд.
Дар доираи чор ҳадафи стратегӣ Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ бо суръати баланд рушд намуда, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, истиқлолияти энергетикиро, махсусан дар самти таъмини хоҷагии халқ бо неруи барқ, ба даст оварда, амнияти таъминоти озуқавориро ҳифз намуд. Дар заминаи бунёди иншооти саноатӣ ва ба кор андохтани зарфиятҳои мавҷуда ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии кишвар зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Соҳаҳои маориф, тандуруcтӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва ғайра ба дастовардҳои бесобиқа ноил гаштанд. Кифоя аст, ки аз сохтмони чанд иншооти муҳиму бузург, яъне Неругоҳи барқи обии “Роғун”, шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма, нақбҳои “Истиқлол”-у “Хатлон” ва “Шаҳристон” ёдовар шавем.
Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ҳамчун ҷузъи муҳими таркибии низоми сиёсии на танҳо минтақавӣ, балки ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти мухталиф нақши босазо дошта, узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва чандин сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавии дигар мебошад. Тоҷикистон ба симмати узви зиёда аз 80 созмони бонуфузи байналмилалию минтақавӣ бо ташаббусҳои созандааш баромад мекунад. Ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об дар сартосари ҷаҳон ҳамовозии амиқ пайдо намуда, дар асоси он стратегияву барномаҳои гуногун қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
Рушди бесобиқаи илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, саноату кишоварзӣ, роҳу нақлиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар сатҳи ҷумҳурӣ, рушди забони давлатӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, боло рафтани мақому мартабаи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир дар солҳои истиқлолият далели раднопазири онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ роҳи дуруст, стратегияи дурандешонаро пеш гирифтааст. Имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна эътироф менамоянд. Аз ҷониби давлат эълон гардидани сиёсати “дарҳои кушода” шароит фароҳам овард, то давлатҳо, ташкилотҳои бонуфузи гуногунсамтаи сатҳи ҷаҳонӣ, ширкатҳои бузург ва дигар иттиҳодияҳои байналмилалӣ бо Тоҷикистон шартномаҳои ҳамкорӣ баста, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафайн аз ин ҳамкориҳо баҳра бардоранд.
Мо, агар имрӯз аз кулли дастовардҳои Тоҷикистони азиз дар давраи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ сухан гӯем, на танҳо соату рӯз, балки дигар ченакҳои замонӣ низ камӣ хоҳанд кард. Танҳо иброз бояд дошт, ки таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи сарбаланди тоҷик тавонист, ки дар муддати кӯтоҳтарини таърихӣ аз имтиҳони ҷиддии таърих бори дигар бо сари баланд баромада, давлату марзу бум, ҳувияти миллӣ ва тамоми дастовардҳои тамаддунию фарҳангии онро ҳифз намуда, ҷойгоҳи сазоворро дар арсаи байналмилалӣ дарёфт намояд.

ДАР ВМКБ ДАР ДАВОМИ СОЛ 22 МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДААСТ

Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят и на открытом воздухе)

Дар вилоят шумораи ҷавонон 82759 нафар мебошанд, ки аз ин 7610 нафарашро хонандагон ташкил медиҳанд. Майдончаҳои варзишӣ дар вилоят 307 адад ва толорҳои варзишӣ 71 ададро ташкил медиҳанд. Солҳои 2019-2021 дар вилоят 22 адад майдончаи варзишӣ ва 5 толори варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2030 бунёди 81 майдонча ва 87 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд ба нақша гирифта шудааст.
Дар вилоят 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3674 нафар варзишгар аз ҷумла 678 духтар аз руи 6 намуди варзиш ба тамрин фаро гирифта шудаанд. Ҷавонони вилоят дар 27 мусобиқаҳои варзишии ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, созовори 202 медал аз ҷумла, 72 медали тилло, 45 медали нуқра ва 85 медали биринҷӣ гардиданд.
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 дар як руз иҷро шуда, ҷавонони вилоят бори дигар содиқ будани худро ба сиёсати Пешвои миллат исбот намуданд.

СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят, костюм, дерево и на открытом воздухе)

Бо дастгирӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони ватандӯст имрӯз дар ободонию созандагии Ватан саҳми назаррас доранд, ки ин иқдом дар тамоми қаламрави ҷумҳури хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Хушбахтона дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ шахсони саховатпеша зиёд ҳастанд, ки дар ободонии диёр саҳм мегузоранд. Соҳибкор аз ноҳияи Шуғнони ҷамоати Сучони деҳаи Бидурд Соҳибқулов Қарақул ба маблағи зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ истгоҳҳои замонавӣ дар шаҳри Хоруғ ва гулгашти “Бидурд” бунёд кардааст. Ин иқдоми наҷибонаи соҳибкор боиси таҳсин буда дар кушодашавии он Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов, Раиси Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маликшо Неъматзода, раиси шаҳри Хоруғ муҳтарам Мирзонабот Алишер ва соҳбкори ватандӯст Соҳибқулов Қарақул иштирок намуданд. Роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хоруғ ба соҳибкор баномус аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр изҳори сипос баён намуданд ва ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд доданд.

Паёми табрикии Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба муносибати Рӯзи соҳибкорон.

Возможно, это изображение (1 человек)

Мўҳтарам соҳибкорон
Ҳамкорон ва шарикон!
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 14 октиябр иди касбӣ Рӯзи соҳибкорӣ эълон гардида, ҳамасола дар кишвар қайд мегардад. Иҷозат фармоед ҳамаи соҳибкорони ба номуси вилоятро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо Рузи соҳибкорон, табрик намоям.
Таҷлили Рузи соҳибкорон ба даврае рост омад, ки чанде пеш тамоми мардуми кишвари азизамон, минҷумла сокинони вилояти Кўҳистони Бадахшон 30 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гирифтанд. Истиқлолияти миллии кишвар имрӯз дар радифи ҷашнҳои муҳимтарини миллиамон ҷой гирифта, ҳамасола сазовор таҷлил мегардад. Зеро маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва кўшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чун дигар минтақаҳои кишвар дастовардҳои зиёд ба даст омад ва саҳми соҳибкорони арҷманд низ дар ин пешрафт хеле арзанда аст. Соҳибкори кардан дар шароити маҳдуди вилоят ин худ як қаҳрамонӣ, номуси баланди ватансозӣ ва хизмат ба халқу миллат буда заҳмати зиёд, масъулият, маҳорат ва истеъдоди баландро талаб менамояд. Боиси зикр аст, ки имруз соҳибкорӣ омили муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа яке аз нақшҳои асосиро мебозад. Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат, саҳми соҳибкорони вилоят дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии ватани азизамон назаррас мебошад. Зиеда аз 70 фоизи даромади худии буҷаи вилоят аз ҳисоби соҳибкорон ва сектори хусусӣ буда нақши онҳо дар таъмини пардохти нафақа, маош ва кумакпулиҳо хеле бориз аст. Соҳибкорон вилоят бо хусуияти инсондустии худ машҳури олам ҳастанд, чунки чи қадар молу маводро онҳо ба шаҳрвандони ниёзманд моҳҳо ҳамчун қарз медиҳанд, ки ин бар зарари соҳибкор аст, вале боиси қадрдонии онҳо ва баркат дар касбашон мебошад. Саҳми алоҳида соҳибкорон дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободкориҳо беқиёс буда, дар обод ва зебо намудани диёр хизмати фарзондонаро анҷом доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз пуштбони соҳибкорон буда, дар ҳамаи чорабиниҳо аз хизмати содиқонаи онҳо ба миллату давлат сухан меронанд ва ташаккуроти хешро ҳамеша иброз медоранд. Бо дастури Ҷаноби Олӣ , Ҳукумати кишвар як қатор барнома ва воситаҳои гуногуни дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкориро амалӣ карда истодааст. Аз ҳамин лиҳоз фазои соҳибкори ва рушди сектори хусусӣ дар ҷумҳурӣ сол аз сол беҳтар гашта, соҳибкорони мо дар ҷомеа мақоми хосеро пайдо карданд ва бо молу хизматрасонии худ Точикистони соҳибистиқлолро дар ҷаҳон муаррифӣ доранд.
Боварии комил дорам, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорӣ, ташаббус ва кушишҳои якҷояи мову шумо, шумораи соҳибкорони муввафақ зиёд гардида, бахши мазкур минбаъд низ рушд меёбад.
Бори дигар шумо соҳибкоронро бо иди касбиатон табрику таҳният намуда, ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, муввафакият, рузгори обод, амалишавии ҳамаи ташаббус ва лоиҳаҳоятон таммано дорам!
Бо эҳтироми самимӣ Ёдгор Файзов
Раиси ВМКБ

МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Возможно, это изображение (3 человека, люди сидят и люди стоят)

Баҳри вусъат бахшидани фаъолияти Иттифоқи касабаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов Раиси Иттифоқи касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзодаро ба ҳузур пазируфт.
Маликшо Неъматзода Раиси Иттифоқи касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохурӣ зикр дошт, ки маҳз бо ин мақсад аз рўзҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқҳои касаба барои ташкили давлати ҳуқуқбунёду демократӣ баҳри ҳимояи шаҳрвандон бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлуи ҳам истода, дар ташкили сохтори давлатӣ саҳми арзишманд гузошт. Гуфта шуд, ки дар муддати 30 соли соҳибистиқлолӣ чандин созишномаҳои тарафайн имзо шуд, ки ба манфиати шаҳрвандон равона гардидааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба вусъат бахшидани фаъолияти Шўрои Иттифоқи касаба таваҷҷуҳи ҷиддӣ равона намуда, сол то сол фаъолияти ин нигоҳ дар корхонаву муассисаҳо беҳтару хубтар ба мушоҳида мерасад.
Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов зикр намуд, ки имрўзҳо дар ҳудуди вилоят дар тамоми корхонаҳо фаъолияти Шўрои Иттифоқи касаба хуб ба назар расида, он пеш аз ҳама ба манфиати кормандон нигаронида шудааст. Сохтмони бинои замонавӣ барои чунин ташкилот лозиму зарурӣ дониста шуда, алакай дар ҳамдастӣ бо Федедратсияи Иттифоқи касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала ҳалли худро пайдо намудааст. Ҳамчунин қайд шуд, ки дар вилоят ба ташкили урдугоҳҳо барои кудакон дар таътили тобистона низ диққати зарурӣ равона гардида, новобаста аз паҳншавии бемории сироятии Ковид 19 кудакон дар таътили тобистона ба урдугоҳҳо фаро гирифта шудаанд, ки ташаббуси шурои Иттифоқи касабаи вилоят дар ин ҷода назаррас мебошад. Дар фарҷоми мулоқот аз тарафи Раиси Иттифоқи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба Раиси вилоят туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҷамбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар нуҳ моҳи соли 2021

Возможно, это изображение (2 человека, люди сидят, люди стоят и костюм)


Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти дпвлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷамбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2021 бо иштироки Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло ва Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов баргузор гардид.
Аз натиҷаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар нуҳ моҳи соли равон муовини раиси ВМКБ Умедҷон Носирзода ҳисобот дода қайд намуд, ки соли 2021 ҳам яке аз он солҳои махсусест, ки дар таърихи ВМКБ, ҳаёти сокинони ба номуси он, нақши мусбату дарозмуддати худро хоҳад гузошт. Ин соли таҷлили бузургтарин ва муҳимтарини иди сатҳи миллӣ, 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки бо тантанаи хос ва рӯҳияи баланд ҷашн гирифта шуд. Ин солест, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз бори навбатӣ ба ВМКБ ташриф овард, ки дар рушди баъдиии ин гӯшаи дурдасти кишвар, таҷвияти рӯҳия сокинони он саҳифаи тозаеро боз кард.
Дар тӯли 9 моҳи сол МИҲД и вилоят сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вазифаи афзалиятнок ва пешбарандаи ҷомеа дар маркази диққати доимӣ қарор гирифта, барои ба иҷро расонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021», Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 гузошта, инчунин, дар бобати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, бо сарҷамъии махсус фаъолияти пурсамареро ба анҷом расонд.

ИҶРОИ БУҶЕТИ ВМКБ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2021

Нет описания фото.

Нақшаи даромадҳои буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 111,9 фоиз иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 81,8 млн сомонии пешбинишуда ба буҷет 91,5 млн сомонӣ ворид шудааст. Аз ҳисоби даромадҳои худдӣ дар ин давра маблағи 9,7 млн сомонӣ аз нақшаи пешбинишуда ба даромади буҷети вилоят зиёдтар ворид гардид. Иҷрои сифатноки нақшаи қисми даромади буҷет дар давраи ҳисоботиро ноҳияҳои Дарвоз ва Рӯшон таъмин намуданд.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят 162298,2 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки ин 99,8 % нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Қисми хароҷоти буҷети вилоят 90.2 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи нӯҳмоҳа 269 млн 904,7 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 243 млн 483,3 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 90.0 фоиз, маориф 89,5 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 92,6 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 95,2 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 80,5 фоиз, фарҳанг ва варзиш 88,7 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 80.2 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.
Ба ҳолати 1 октябри соли 2021 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дар назар доштани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 1 млн 986,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2021 ба маблағи 44,5 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Лозим ба ёдоварист, ки ба давраи ҳисоботи қарздори аз ҳисоби музди меҳнати кормандони буҷети дар вилоят вуҷуд надорад. Маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар вилоят барои зимистонгузаронӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ 64,3%, Барои хариди ангиштсанг ва ҳезум дар соли 2021-ум маблағи 11188,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, аз он барои соҳаи маориф маблағи 8680,9 ҳазор сомонӣ (77,6 фоиз), тандурустӣ маблағи 1986,2 ҳазор сомонӣ (17,8 фоиз), ва соҳаи фарҳанг маблағи 520,9 ҳазор сомонӣ (4,7 фоиз) ташкил медиҳад.

ТАЪМИР ВА АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ ВМКБ

Возможно, это изображение (дорога, гора и природа)

Барои таъмири роҳҳои автомобилгард дар нӯҳ моҳи соли 2021-ум 2624,9 ҳазор сомонӣ, ҷудо гардида, корҳои таъмирию барқарорсози идома доранд. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 466,1 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки ба воситаи он роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ гардидааст.
Қайд кардан зарур ҳаст, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ азнавсозии қисмати роҳи автомобилгарди Ёгед то Қалъаи Хумб ба масофаи 25,6 км бо арзиши харҷномавии 31,2 млн. доллари ИМА бо маром идома дошта, ба ҳолати имруза корҳои замини, сохтмони бинои 2 ошёнаи маъмурӣ, сохтмони озмоишгоҳ, коргоҳи асфалтистеҳсолкунӣ, сангмайдакунӣ, бетонистеҳсолкунӣ ба маблағи 18,9 млн. доллари ИМА ба анҷом расонида шудааст. Инчунин, сохтмони 17 купрук аз ҳисоби Вазорати нақлиёт ва Бонки Ҷахонӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб бо арзиши лоиҳавӣ 20,4 млн. доллари ИМА оғоз гардида, то ин давра корҳои сохтмони ба маблағи 6,2 млн. доллари ИМА ба анҷом расонида шудааст.

ИДИ КАСБӢ МУБОРАК

Возможно, это изображение (2 человека и люди стоят)

Ба ифтихори Рузи кормандони мақомоти Суди , ки ҳамасола санаи 26- уми октябр қайд карда мешавад бо ташаббуси Суди вилоят конфронсияи илми- назариявӣ дар мавзуъи «Таъсисебии мақомоти Суди дар ВМКБ ва инкишофи он дар даврони Истиклолият» баргузор гардид. Дар конфронс Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов, роҳбарони якқатор идораву муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят иштирок намуда , кулли кормандони ин ниҳодро ба хотири рузи касбиашон шодбош намуданд. Сипоснома ва ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баҳри адо намудани вазифаи хизматӣ дар таъмини адолати суди ба сардори Суди вилоят ва кормандони ин ниҳод дар вазъияти тантанави тақдим намуд.