ВОХУРИ БО СОҲИБКОРОН

Намояндаи “Казох – экспорт” Худоиев Рамеш ва муовини раиси вилоят Иматшозода Анвар бо як гурух сохибкорони вилоят вохури баргузор намуда онҳоро бо имконотҳои нави маблағи ва ҳамкори шинос намуданд. Муовини раиси ВМКБ Иматшозода Анвар Иматшо дастгирии бахши хусусиро аз ҳадафҳои меҳварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвон намуда, қайд дошт, ки бо мақсади боло бурдани сатҳи иқтисодиёт ва коҳиши муҳоҷирати хориҷи ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоиста барои ҳар фарди кишвар дар чаҳорчуби сиёсати дарҳои бози Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди бахши хусусӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол беҳтару хубтар гардидааст.Бояд гуфт ташкилоти «Қазок-экспорт» аз миёни 13 ширкати бонуфузи Қазоқистон мебошад, ки дар давоми 1 сол фаъолияти худ тавонистаст, ки дар асоси қарордодҳои муштараки соҳибкорон бо ширкатҳои фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судмандро ба роҳ монад. Дар давоми ин вақт тавассути ҳамкориҳои «Сомон айр» ва «Евро контер»-н Қазоқистон як чархбол дастраси ширкати ҳавонавардии Сомон Эйр гардида, аст, ки 4 адади дигар чунин чархболҳо низ дар оянда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда хоҳанд шуд.Рамеш Худоиев намояндаи ташкилоти «Қазоқ-экспорт» тазаккур дод, ки дар қалмрави Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳоли ҳозир зиëда аз 6 хазор корхонаҳои бузурги саноати фаъолият доранд, ки дар сурати ба роҳ монадани шартномаҳои муштараки ҳамкорӣ дар самти таъмини маҳсулоти каннодӣ, орд ва маҳсулоти ордӣ, масолеҳи сохтмонӣ, автомобил ва дигар корҳои муҳандисӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ монанд.Муовини раиси ВМКБ Иматшозода Анвар Иматшо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Қазоқистонро ба иқтисодиëти вилоят муҳимарзёби намуда, қайд дошт, ки дар пайи баргузор намудани форуми навбатии сармоягузории Помир-инвест пешниҳод намудани лоиҳаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни сайёхи, ба кор андохтани канданиҳои фоиданок, содироти обҳои маъданӣ ба ин кишварро аз афзалиятҳои муҳими бахши соҳибкори маънидод намуд.Намояндаи ташкилоти мазкур имтиёзҳои пешбинишударо дар самти дастгирии бахши хусусӣ, аз ҷумла пардохти маблағи молу колои воридоти ба муддати то 60 руз ва дар самти дастрас намудани нақлиëти автомобили тог 3 сол дар назар дошта шудаст, ки тавассути намояндагии ташкилоти «Қазок экспорт»дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда хоҳад шуд.

МУЛОҚОТИ СУДМАНД

Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов намояндагии “Казахэкспорт” дар Ҷумҳурии Тоҷикситон Худоиев Рамеш Қурбонҳусейновичро ба ҳузур пазируфтанд.Казахэкспорт ташкилоти суғуртавии калони Ҷумҳурии Қазоқистон буда мақсадаш муаарифи намудани молҳои содиротии Ҷумҳурии Қазоқистон дар хориҷ, пайдо намудани харидори боварибахш барои мол ва кӯмаки молиявӣ ба харидор баҳри дастрасӣ ба қарзи бонки, суғуртаи қарз ва ë дигар ҳамкориҳову хизматрасониҳо ва ҳамчун кафил шудан байни молистеҳсолкунанда (фурушанда) ва харидор мебошад. Ҷумҳурии Қазоқистон таъминкунандаи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо орд, равғани растани ва зиëд молҳои саноати мебошад. Мутаассифона бисëр соҳибкороний ва идораҳои тоҷикистони аз ҷумла аз имконотҳои иқтисодии Қазокистон кам маълумот доранд ва ё ба онҳо дастрасӣ аз ҷумла молиявӣ надоранд. Қазахэкспорт ба ҳайси як миëнрав метавонад ин мушкилотро то андозае ҳал намояд. Раиси вилоят ва намояндаи Казахэкспорт оиди дастрасии соҳибкорони вилоят ба молҳои Ҷумҳурии Казокистон, кӯмаки молияви ва имконоти дигаре ки Ҷумҳурии Қазоқистон метавон аз он баҳра бурд ( таъчизот барои сохтмони неругоҳҳои барқи, купрукҳо ) афкори андеша намуданд.Бояд қайд кард, ки Рамеш Худоиев яке аз шахсиятҳое аст, ки ҳангоми сар задани касалии КОВИД 19 дар вилоят дар таъмин намудани аҳолии вилоят бо орд кӯмаки бузурги молиявӣ намуд ва баҳри ин хизмати шоистааш раиси вилоят ӯро аз номи мардуми вилоят бо сипоснома қадрдони намуд

332332Комментарии: 23Поделились: 30НравитсяКомментироватьПоделиться

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ МУРҒОБ

Раиси ноҳия Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо дар доираи ҷашнгирии “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷамоати Рангкул дидан намуданд. Дар рафти сафари корӣ майдони муқаддасоти миллӣ ва қаҳрамонон, чоҳи обӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифодабарӣ дода шуда, бо сокинон суҳбат ошкоро доир намуданд. Аз вазъи зиндагии маъюбони гурӯҳи 1 ва ятимони кулл дидан намуда, ба онҳо кумаки моддӣ-ғизоӣ дастрас намуданд. Дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Президент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 15 солагии таъсисёбии мактаби санъати Рангкул иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашн табрик карданд. Аз саҳми мактаби санъат дар рушди фарҳанги мардумӣ ва фаъолияти дастпарварони ин мактаб суханрони намуда, фаъолони мактаб бо туҳфаҳои хотиравӣ кадрдонӣ гардиданд. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти идораи фарҳанг ва мактаби мусиқии вилоят ширкат ва суханрони намуданд.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВМКБ

Субҳи имрӯз бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ муовинони раиси вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят, собиқадорон ва дигар қишриҳои ҷомеа иштирок намуданд. 16 – уми ноябр чун Рузи Президент бошукӯҳу ва муҳташам таҷлил карда мешавад ва ин руз дар радифи дигар ҷашнҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардидааст. Мансаби Президентӣ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст ва дар ин санади олии мамлакат низому шартҳои интихоб гардидан ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ муайян шудааст. Моддаи 67 – уми Конститутсия муқаррар намудааст, ки Президент пеш аз шурӯъ ба иҷрои ин вазифа дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Дар таърихи Тоҷикистон омадааст, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал маросими савгандёдкунӣ ва ба адои вазифа оғоз кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Мантиқан ба рӯзи 16 – уми ноябр рост омадани таҷлили Рӯзи Президент дар он инъикос мегардад, ки маҳз аз ҳамин рӯз саҳифаи наве дар таърихи кишвар боз гардид ва маҳз аз ҳамин рӯз дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд омадан гирифтанд ва аз ҳамин рӯз шакли идоракунии Президентӣ дар мамлакат ибтидо гирифт. Аз ин рӯ, бо мақсади арҷгузорӣ ба давлати навини тоҷикон, ҳурмату эҳтиром ба давлатдориву давлатсозӣ дар кишвар, боло рафтани сатҳи сиёсатмадорӣ, афзудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва дар ниҳоят фаъолияти басе густурдаву пурмаҳсули Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 16 – уми ноябр чун Рӯзи Президент дар мамлакат қабул гардид.

ПАËМИ ТАБРИКИИ муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ифтихори Рӯзи Президент – 16 – ноябри соли 2020

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳамаи Шумо хуб огоҳӣ доред, ки аз соли 2016 инҷониб дар кишвари азизи мо – Тоҷикистон рузи 16 – уми ноябр чун Рузи Президент бошукӯҳу муҳташам таҷлил карда мешавад ва ин руз дар радифи дигар ҷашнҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардидааст. Мансаби Президентӣ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст ва дар ин санади олии мамлакат низому шартҳои интихоб гардидан ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ муайян шудааст. Моддаи 67 – уми Конститутсия муқаррар намудааст, ки Президент пеш аз шурӯъ ба иҷрои ин вазифа дар маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад. Дар таърихи Тоҷикистон омадааст, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал маросими савгандёдкунӣ ва ба адои вазифа оғоз кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Мантиқан ба рӯзи 16 – уми ноябр рост омадани таҷлили Рӯзи Президент дар он инъикос мегардад, ки маҳз аз ҳамин рӯз саҳифаи наве дар таърихи кишвар боз гардид ва маҳз аз ҳамин рӯз дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба вуҷуд омадан гирифтанд ва аз ҳамин рӯз шакли идоракунии Президентӣ дар мамлакат ибтидо гирифт. Аз ин рӯ, бо мақсади арҷгузорӣ ба давлати навини тоҷикон, ҳурмату эҳтиром ба давлатдориву давлатсозӣ дар кишвар, боло рафтани сатҳи сиёсатмадорӣ, афзудани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва дар ниҳоят фаъолияти басе густурдаву пурмаҳсули Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 16 – уми ноябр чун Рӯзи Президент дар мамлакат қабул гардид. Дар таърихи инсоният шахсиятҳое гузаштаанд, ки бо корномаву қаҳрамониҳо, хидматҳои беназир ба давлату миллати худ, фидокорию азхудгузаштагиҳо, сиёсату давлатдорӣ, баланд бардоштани обрӯву мақоми кишвар, созандагиву ободкориҳо исми худро абадан дар саҳифаи таърихи дунё абадан сабт кардаанд. Дар ин радиф Ҷорҷ Вашингтон, Авраам Линколн, Франклин Рузвелти амрикоӣ, Александр Невский, Пётри Кабири рус, Шарл де Голи фаронсавӣ, Уинстон Черчилли англис, Махатма Гандӣ, Ьавоыирлол Неҳруи ҳинду, Мао Тзедун, Си Ҷин Пини хитоӣ, Камол Отатурки турк, Фидел Кастрои кубагӣ, Че Гевараро аз Амрикои Лотинӣ ном бурдан бамаврид аст, ки бо кору амали худ, ҷонфидоиҳо баҳри Ватан зинданом мондаанд. Дар ин радиф номи наве зуҳур намуд. Ин шахсият, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар замони муосир раҳнамои ҳақиқӣ ва ҳодии асили миллати тоҷик шумурда мешавад. Дар олами муосир ва ҷаҳони сиёсат имрӯз фарде муаррифӣ мегардад, ки хидмату фидокориҳояш ба миллату Ватан аз корномаҳои шахсиятҳои дар боло зикршуда кам нест. Имрӯз мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро, қабл аз ҳама, чун наҷотдиҳандаи Ватани маҳбубамон арҷ мегузорем, зеро У тавонист дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос ва ниҳоят мураккаб, ки Ватани азизамон – Тоҷикистон дар вартаи нобудӣ қарор дошт, кишварро наҷот бахшад. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар дунё чун фарди сулҳовару сулҳофар, таҳкимбахши сулҳу субот, ғамхори миллат мешиносанду қадр мекунанд. Хизматҳои беназир ва фидокориҳои Сарвари муаззами давлат боис гаштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳи вақт ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфта, дар радифи кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҷойгоҳи шоистаеро касб намояд ва чун давлати демократӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз обрӯву манзалати баланд бархурдор гардад. Солҳои баъдина собит сохтанд, ки Пешвои муаъзами миллат дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чун сиёсатмадори тавоною дурандеш мавқеи хешро дарёфтааст. Президенти мамлакат сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд, заминаи мусоиде барои рушду нумўъи ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард. Дар он рузхо баробари истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима диҳад. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои Пешвои миллат дар баробари дигар қисматҳои кишвари азизамон як гӯшаи нодиру бо арзиши сарзамини муқаддасамон буда дар сафарҳои пай дар паи худ самтҳои афзалиятноки инкишофи иқтисодёту иҷтимоиёти вилоятро муайян менамоянд ва барои ҳалли мушкилотҳои мавҷуда чораҳои саривакти меандешанд. Ба мардуми вилоят ихлосу мухаббати махсус дошта хангоми яке аз вохӯриҳояшон дар шаҳри Хоруғ кайд намуданд : ,,Ҳар боре ки ба Бадахшон меоям, дидори пиру ҷавони ин диёри зебоманзар ба ман мадору қуввати дил мебахшанд”. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи У мамлакат ба натиҷаҳои чашмраси иқтисодиву иҷтимоӣ ва фархангӣ ноил гашт. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи ин сиёсатмадори барҷаста муттаҳид шуда, дар ободонии Ватани азиз саҳми бузург гузоштанд. Аз ин рӯ, қабул гардидани Рӯзи Президент дар сатҳи мақомоти олии қонунгузорӣ ҳам талаби рӯз, ҳам дархости мардуми шарафманди тоҷик буд. Ба ин васила миллати тоҷик дар атрофи Роҳбари заковатманди худ боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба бадхоҳони миллат ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гуна иғвою дасисаи онҳо ваҳдату якдилии тоҷикистониёнро рахна карда наметавонад ва кафолати ҳамдилии онҳо худи Пешвои миллат ҳастанд. Ҳамаи шуморо бо ин рузи хуҷаста – Рӯзи Президент бо самимият муборакбод менамоям, ба Шумо саломатии бегазанду қалби фараҳманд, осудагию ободии хонавода, зиндагии шоду фируз таманно мекунам. Шодкому обод бошед, дӯстони азиз!

ХАМКОРИ БА ХОТИРИ ФАРДОИ НЕК

12 ноябри соли 2020 – бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мухтарам Ёдгор Файзов ва намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) нерўгоҳи нави офтобӣ, бо иқтидори 220 киловатт дар нохияи Мурғоб мавриди истифода карор дода шуд, ки он калонтарин дар Тоҷикистон ва дар нуқтаи аз ҳама баландтарини дунё ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад. Инчунин лоиҳаи нерўгоҳи барқии нигоҳдорандаи нерўро бо тавоноии 180 киловатт-соат дар бар мегирад. Нерўгоҳи офтобии нав натиҷаи бевоситаи ҳамкории бомуваффақият байни Ҳукумати Чумхурии Тоҷикистон, USAID ва ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад. Тибқи дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Чумхурии Тоҷикистон, USAID насб намудани нерўгоҳро дар Мурғоб дастгирӣ намуд, то ки иқтидори нерўгоҳи барқии «Тоҷикистон» (собиқ Оқсу) бо иқтидори 1,5 мегаватт, ки дар наздикии он ҷойгир шудааст, афзоиш бидиҳад ва нерўи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба шабакаи барқии маҳаллӣ таҳвил бидиҳад.Ноҳияи Мурғоб яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 6000 одам аз манбаҳои барқтаъминкунии «Помир Энерҷӣ» ва шабакаҳои миллии барқӣ, бо сабаби дар баландии 3600 метр қарор доштанаш, дар бунбаст қарор доштанд. Нерўгоҳи офтобии нав дар Мурғоб дастрасӣ ба нерўи барқ дар давоми рўз то 50 фоиз зиёд мекунад. Ин на танҳо сатҳи зиндагии сокинонро баланд мебардорад, балки барои рушди умумии иқтисоди минтақа мусоидат мекунад.

Зимни сафари кори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов аз муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла рушди барвақтии кӯдак, Маркази саломатии ноҳия ва муассисаи таълимии рақами 14 ноҳияи Мурғоб дидан карданд.

Зимни сафари кори раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов аз муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла рушди барвақтии кӯдак, Маркази саломатии ноҳия ва муассисаи таълимии рақами 14 ноҳияи Мурғоб дидан карданд. Зимни боздид раиси вилоят аз вазъияти зимистонгузаронии муассисаҳои мазкур шинос гардида барои бартараф намудани камбудихои чойдошта ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд. Қайд карда шуд, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ва маориф таҳти назорат бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта зимистони дар пешистода кудакон ва беморон дар мадди аввал бо гарми таъмин мегарданд.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов бо мақсади шиносои аз вазъияти иқтисодиву иҷтимоии нохия ва омодаги ба зимистони дар пешистода ба ноҳияи Мурғоб сафар карданд.

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов бо мақсади шиносои аз вазъияти иқтисодиву иҷтимоии нохия ва омодаги ба зимистони дар пешистода ба ноҳияи Мурғоб сафар карданд. Зимни сафари кори раиси вилоят аз шароити муассисаи таълимии рақами якуми ноҳия дидан карданд. Муассисаи мазкур бо маводҳои гармидиҳи таъмин буда барои гузаронидани зимистони дар пешистода омода аст. Бинои муассисаи мазкур ба талабот ҷавобгу набуда тибқи нақша соли 2021 сохтмони ин муассиса аз нав оғоз мегардад.

ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ ФАРДОИ НЕК

Имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов, Сафири Иттиҳоди Аврупо (НИА) дар Тоҷикистон хонум Мэрилин Ҷозефсон, директори генералии Агентии Оғо Хон оид ба макони зист (АКАХ) дар Тоҷикистон Ҳоди Хусанӣ ва оҷонсиҳои дахлдори Шабакаи Рушди Оғо Хон (АКДН) ду майдончаи варзишии муосирро дар шаҳри Хоруғро ифтитоҳ намуданд. Иншооотҳои мазкур дар доираи лоиҳаи“Мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфросохтори муҳим дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо сохта шуда мавриди истифода қарор дода шуд.Дар бораи мусоидат ба сулҳу субот тавассути сохтмони инфросохтори муҳим дар шаҳри дар Хоруғ: Лоиҳаи 1.800.000 Евро, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда шудааст ва аз ҷониби Бунёди Хазинаи Оғо Хон, Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ва Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Манотиқи Кӯҳистон дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ амалӣ карда мешавад. Ин лоиҳаи 18-моҳа (1 октябри соли 2019 то 31 марти соли 2021) ҳадафи мусоидат ба сулҳу субот дар шаҳри Хоруғ тавассути беҳтар намудани инфрасохтор ва хизматрасониҳои серталаб, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва фароҳам овардани имкониятҳо барои кору шуғли муваққати дар корҳои сохтмонӣ мусоидат мекунад.

П А Ё М И табрикотии раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ифтихори Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр! Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рўйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рўҳбаландии хоса таҷлил мегардад. Бо камоли ифтихору мамнуният тамоми мардуми шарифи Бадахшонро ба ифтихори 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барояшон хушбахтӣ, умри бобаракат, фазои тинҷу ором ва рўзгори ободу осударо таманно менамоям.6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид, ки он дар таърихи тоҷикон як воқеаи фараҳбахш ва фаромўшнашаванда буда, дар саҳифаи давлатдорӣ бо ҳарфҳои зарҳалин сабт ёфт. Ин ҳуҷҷати муҳим воқеан ҳам истиқлолияти кишварамонро пойдору сиёсати давлатдории моро ба низом овард. Конститутсия пояҳои сохтоҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии давлати ҷавонро устувор гардонда, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандонро муайян намуд ва бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз Тоҷикистон ба шоҳроҳи сифатан нави давлатдории худ ворид гашт. Конститутсия Тоҷикистонро давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, ба аҳли љомеа новобаста аз мансубияти миллӣ, забон, эътиќод имкониятҳои мусоиди кору зиндагиро кафолат медиҳад ваҳуқуқу озодии шахсро муқаддас мешуморад. Имрўз аз ҷониби тамоми кишварҳо ва институтҳои байналмилалӣ Конститутсияи Тоҷикистон дар қатори панҷгонаи беҳтарин дар байни 120 давлати дунё эътироф гардидааст. Воқеан ҳам имрўз мардуми бофарҳанги мо дар ҷомеаи озоди демократӣ зиндагӣ мекунад. Бо шарофати сиёсати дурандешонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мо таҳаввулоти бузурге ба амал омада, бо иқдомҳои бунёдкорию созандагиашон Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфт.Бо соҳибистқлол гардидани Тоҷикистон ва қабули Конститутсия рўзгори мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон хеле баланд гардида, ба онҳо ҷиҳати эҳёи суннатзои волои ниёгон, аз ҷумла озодона амалисозии эътиқодҳои динию мазҳабӣ шароити мусоид фароҳам овард. Бесабаб набуд, ки боби ҳафтуми он ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бахшида шудааст, ки мо аз ин ифтихори бузург дорем. Маҳз таъминоти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти мардуми кўҳистон аз Конститутсия ё бахт-номаи мо сарчашма мегирад.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф, тандурустию фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд».Ҳамдиёрони гиромӣ! Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.Хотирнишон месозам, ки эҳтиром ба Конститутсия ва қонун – эҳтиром баҳуқуқои худ ва дигарон мебошад. Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ, озоду демокраӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо бояд тамоми кўшиши худро ба он равона созем, ки Бадахшони азизамонро ба як гўшаи пешрафтаи Тоҷикистон мубаддал сохта, ба наслҳои оянда як диёри ободро ба мерос гузорем.Бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро ба ифтихори Рўзи Конститутсия самимона табрик гуфта, ба хурду бузурги кишвар саломативу сарбаландӣ ва пирўзиву хонаободӣ орзу менамоям.