КӮМАКИ МОЛЯВӢ

Барои кӯмак намудан ба табибон ва беморони беморхонаи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҷиҳати мубориза бурданд бо бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 як гуруҳ соҳибкорони гурўҳи «Алмаз»-и шаҳри Хоруғ кӯмаки молиявии худро расонданд.
1. Амонбеков Фируз 1000 сомонӣ
2. Дилёбова Назира 1000 сомонӣ
3. Дилёбов Носир 1000 сомонӣ
4. Карамхудоев Хаёл 1000 сомонӣ
5. Зеваршоев Рустам 1000 сомонӣ
6. Шониёзов Бењруз 1000 сомонӣ
7. Одилбекова Гуланор 1 100 сомонӣ
8. Ватанбекова Нигина 1000 сомонӣ
9. Ќодирова Наргис 1000 сомонӣ
10. Мамадсултонова Лалӣ 100 доллари ИМА
11. Бахталиева Гулҷамол 100 доллари ИМА
12. Мамадҳусайнов Шероз 100 доллари ИМА
13. Меҳралишоева Муслима 100 доллари ИМА

Дар маҷмӯъ: 9 100 сомонӣ ва 400 доллари ИМА ташкил медиҳад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои кӯмак намудан дар ин лаҳзаҳои мушкил ба соҳибкорон миннатдории самимии худро баён менамояд.

КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ

Бо пайравӣ аз иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгири аз паҳншавии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 ва кӯмак барои табибон ва беморон соҳибкори муваффақ Ниятбекова Сайёра Юсуфбековна барои табибони беморхонаи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон як адад яхдон ва чор адад чойники барқи ( тефал) бо маблағи 1500 сомонӣ кӯмак намуданд.
Ба хотири муроҷиати раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар ҷаласаи Ситоди вилояти оиди дастгири намудани табибон дар ин рӯзҳои муҳим соҳибкорон ва шахсони сахватпешаи вилоят ҳамарӯза дасти кӯмаки худро барои табибони вилоят расонида истодаанд.

ИҚДОМИ НЕК

Бо пайравӣ аз иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгири аз паҳншавии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 сокинони деҳаи Питоби ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон ба суратҳисоби махсус барои мубориза бар зидди бемории сироятии короновирус маблағи 3 500 сомонӣ кӯмак намуданд.

КӮМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАРОИ ВМКБ

Субҳи имрӯз корвони мошинҳои боркаши калонҳаҷми тамғаи ” Камаз” вориди шаҳри Хоруғ гардиданд. Ин кӯмаки навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беморон ва табибони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки дар ин рӯзҳо бо бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 мубориза мебаранд дастрас карда шуд. Кӯмак аз қабили доруворӣ, либосҳои фардии худмуҳофизаткунони барои табибон, ниқоб, маҳлулхои безараргардонӣ ва маводи озуқаворӣ буда, дар ин рузҳои мушкил хеле саривақти мебошад.
Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба масъулини Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят супориш доданд, ки аз кӯмаки навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самаранок истифода баранд ва ба ноҳияҳои вилоят низ кӯмаки Роҳбарияти Олии мамлакат расонида шавад то ки ҳамаи табибони навоҳии вилоят аз кӯмаки ғамхоронаи Пешвои миллат бархурдор гарданд.

Қабули эстафета- рамзи Ғалаба дар шаҳри Хоруғ.

Имрӯз 9 -майи соли 2020 дар шаҳри Хоруғ маросими қабули эстафета – рамзи Ғалаба, ки аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон ворид гардидааст, баргузор гардид. Дар ин маросим кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони меҳнат ширкат варзида, муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва муовини раиси шаҳр Қодирзода Файзулло иштирокдоронро ба муносибатӣ 75 – солагии Иди Зафар табрик намуданд

ҚАБУЛИ БЕМОРОН БА БЕМОРХОНАИ ВИЛОЯТӢ АЗ РУИ ТАРТИБИ МУАЙЯН БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД.

ҚАБУЛИ БЕМОРОН БА БЕМОРХОНАИ ВИЛОЯТӢ АЗ РУИ ТАРТИБИ МУАЙЯН БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД.
Рохбари ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии сокинон аз сироятёбӣ ба бемориҳои сирояти коронавируси – «COVID 19» раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар оғози ҷаласа ба аъзоёни ситод ва бошандагони ВМКБ, ки ҳамарўза ба хотири пешгирии паҳншавии бемори коронавируси нави «covid 19» саҳми муносиби худро гузоштаистоанд ва баҳри сироят наёфтани бошандагони вилоят ба ин вабои аср муборизаи беамон мебаранд, изҳори миннатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро баён дошт. Қайд гардид, ки набаромадан аз хона, истифодаи барзиёд аз маҳлулҳои безарарагардонӣ ва истифодаи ниқоб яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ ин бемории сироятӣ арзёбӣ мегардад, ки ҳамарўза иҷрои ин амалҳоро табибон аз мо талаб менамоянд. Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон таваҷҷўҳи аъзоёни ситоди вилоятиро ба мушкилоти пешомада алалхусус бе ташхиси табибони тибби оилавӣ ё шабакаи ёрии таҷҷилӣ бистари кардани маризон дар Беморхонаи вилоят ҷалб намуда иброз дошт, ки сокинони вилоят набояд бо ташвишҳои андак бо касалиҳои сабук дар ҳамин шабу рўз ба беморхона барои бистари шудан набиёянд. Зеро беморхона қоидаву тартиботи қабул намдуани маризонро дорад ва дар сурати дигар сокинон ҳавфи сироят шудан ба дигар намуди бемориҳоро доранд. Гуфта шуд, ки аз рўйи мушоҳидаи табибони ҷаҳон дар 50 фисади мардум бемории сироятии коронавирус бе ягон нишона дида мешавад ва ин маризон дар назари мо сиҳат метобанд, ҳамчунин 35 фоизи дигар ин бемори сабук паси сар мегардад, аммо дар 15 фисади аҳолӣ он ба таври вазнин ҷараён мегирад, ки ин табақаи маризон ҳақиқатан дар мадди назар табибон қарор дошта, ниёз ба табобатро доранд. Аз ин рў ба сардори Раёстаи тандурустии ВМКБ супориш дода шуд, ки ба тартиби қабули сокинони вилоят ба беморхона таваҷҷўҳи ҷиддӣ равона намуда, дар фосилаи кўтоҳ роҳҳои аҳлӣ онро пайдо намояд.

«85 ФОИЗИ ШАХСОНИ ГИРИФТОР БА COVID-19 БИДУНИ ТАБОБАТ СИҲАТ МЕШАВАНД». Суҳбати табиби эрониасли амрикоӣ бо шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»-и Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 май дар барномаи «Робита»-и ТВ «Ҷаҳоннамо» роҳбари Пажӯҳишгоҳи байналмилалии саломатӣ ва омӯзиши ИМА дар шаҳри Ню-Йорк доктор Ораш Алоӣ вобаста ба хусусиятҳои бемории COVID-19 ва роҳҳои муассири пешгирӣ аз он бо забони содда ва фаҳмо ва ба таври онлайн бо журналист Мӯсо Абдусаттор суҳбат намуд. Сипас суҳбати мазкур рӯзҳои 6 ва 7 май чанд маротиба тариқи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон» ва «Синамо» низ пахш гардид.

Ин барнома дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои мусбати зиёди корбаронро ба миён овард.

Доктор Ораш Алоӣ, ки муқими шаҳри Ню-Йорки Амрикост, барои ҷомеаи табибони Тоҷикистон чеҳраи ошност. Ӯ чанд сол аст, ки ба унвони мушовири байналмилалӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз табибони тоҷик дар хатти пеши мубориза бо вируси круно қарор доранд ва ошноӣ бо таҷрибаи табибони кишварҳои дигар, бидуни шак, барои онҳо муфид хоҳад буд.

Дар зер матни суҳбати хабарнигоро Мӯсо Абдусатторро бо Роҳбари Институти ҷаҳонии саломатӣ ва омўзиш Ораш манзури хонандагон мегардонем:

ХАБАРНИГОР: — Аз нигоҳи шумо, COVID-19 чӣ гуна вирус аст? Оё иқлими Тоҷикистон метавонад хатари оқибатҳои нохуши онро коҳиш диҳад?

ОРАШ АЛОӢ: — Бубинед, омили бемории бо номи COVID-19 коронавирус аст, ки дониши башар ин вирусро солҳо, даҳаҳост, ки мешиносад. Яъне, омили бемории коронавирус ношинохта набудааст. Лекин мушкил ин аст, ки намуди вирус манбаи ҳайвонист, дар ин замон тағйир ёфта, ҷаҳиши генетикӣ кардааст ва бемории нав эҷод намудааст, ки ва ин бемориро бемории нав падидоршуда мегўянд. Ин вирус соли 2002 низ бо номи «SARS» дар бадани инсон намуди нав пайдо кард, ки аз ҳайвоноте ба инсон интиқол ёфта буд. Ва баъдан соли 2012 дар баҳри Миёназамин, дар кишвари Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳида бо номи «MERS» ва ҳоло ин намуди сеюми беморист, ки бо номи COVID-19 ба инсон интиқол ёфтааст.

Бемориро пурра мо мешиносем. Вирусҳо барои он ки зиндагӣ кунанд ва паҳн шаванд, ниёз ба як организми зинда ё ҳуҷраи зинда доранд. Ин ҳуҷраи зинда барои COVID-19 шуш аст. Вирусҳо ба шуш аз роҳи бинӣ ва даҳон ворид мешаванд. Онҳо дар шуш паҳн мегарданд ва бадани инсон аз онҳо ҳимоят мекунад. Механизми ҳимоявии организм ҳаракат мекунад ва ба мубориза ва аз байн бурдани вирус оғоз менамояд. Муборизаи байни вирус ва иммунитети инсон дар шуш мушкилоти химиявиро ба вуҷуд меорад, ки дар баъзе афрод ба марг оварда мерасонад.

Бар асоси таҳқиқоти анҷомдодаи ҷаҳоние, ки мо медонем, 85 фоизи шахсони гирифтор ба COVID-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд, ё тамоман аломат надоранд ё нишонаҳои хеле сабук доранд. 15 фоизи баъдӣ ба 2 гурӯҳ тақсим мешаванд. 10 фоизи онҳо метавонанд нишонаҳои шадид пайдо кунанд ва 5 фоизи дигар бояд ба беморхона раванд. Аз 1 то 3 фоиз ва ё дар баъзе ҳолатҳо то 5 фоиз мефавтанд.

Пас мо ба як беморие рӯ ба рӯ ҳастем, ки дар шушҳо пайдо мешавад.

Дар робита ба иқлим бояд бигӯям, ки дониши башар ба ин намуди беморӣ ҳамагӣ 3-4 моҳ шинос аст ва намедонем, ки ҳарорати замин вақте, ки гарм мешавад ё ин ки сатҳи замин аз сатҳи баҳр баланд ё паст аст, оё иқлим метавонад ба он таъсир расонад? Барои ин бояд каме вақт гузарад ва тобистон шавад ва бубинем, ки чӣ мешавад. Лекин чанд нуқтаи муҳимро мо медонем, ки агар вирус аз даҳон хориҷ шавад, дар фазое, ки берун аз даҳон аст, аз 1 то 3 соат зиёд наметавонад зинда бимонад. Агар дар даст бичаспад ва даст ба дастаҳои дар ё дастқапҳои автобус ё ҷойҳои дигар бирасад, вирус метавонад то чанд рўз зинда монад. Бо ин сабаб, мо комилан табобати хос надорем ва пешгирӣ барои ин вирус новобаста аз он, ки дар чӣ шаҳру чӣ ноҳия ҳастем, бисёр муҳим аст.

Дар Ню-Йорк бо назардошти имконоти мавҷуда беш аз 170 ҳазор нафар бо сабаби риоя накардани гигиенаи шахсӣ бемор шудаанд. Мо медонем, ки вирус аз даҳон хориҷ мешавад ва бинобар ин даҳонро бояд пӯшонем. Агар ниқоб дорем, истифода барем ва агар набошад, ташвиш накашед, метавонед пахта бигиред ва худатон ниқоб созеду даҳонро пӯшонед.

ХАБАРНИГОР: — Чун шумо аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ёдовар шудед, имрўз риояи қоидаҳои санитарӣ ва дар хона мондан барои мардум то чӣ андоза муҳим мебошанд?

ОРАШ АЛОӢ: — Бисёр муҳиманд. Тамоми дунё бояд ин қоидаҳоро риоя кунад. Чун мо медонем, бо як беморие сарукор дорем, ки ҳеҷ халқе, ҳеҷ ҷумҳурие аз он иммунитет надорад. Ҷаҳонгир шудааст. Бо ин сабаб бояд ҳама аҳолии ҷаҳон даст ба дасти ҳам гирем ва қоидаҳои гигиениро риоя кунем, то тавонем ин бемориро назорат намоем.

ХАБАРНИГОР: — Як гурўҳ аз одамон метавонанд бе ягон аломат ин вирусро пушти сар кунанд. Оё онҳо ҳам метавонанд манбаи сирояти дигарон шаванд?

ОРАШ АЛОӢ: — Вирус дар бадани онҳо ҳаст. Он механизме, ки боиси аломат мешавад, шиддати системаи иммунитет бар муқобили вирус аст. Дар касоне, ки миқдори ками вирус вориди баданашон мешавад, иммунитети бадан нисбатан мулоим ҷавоб медиҳад. Бо ин сабаб нишонаҳо дар онҳо кам мешаванд. Лекин, вирус дар бадани онҳо паҳн мешавад ва онҳо манбае ҳастанд, ки бо дигарон вирусро интиқол медиҳанд.

Мушкиле, ки дар Ню-Йорк ва ҷаҳон пеш омад, ин буд, ки гумон карданд, ҳар касе, ки ҳарорати баданаш баланд аст ва ё сулфа мезанад, COVID-19 дорад. Бинобар ин, касонеро, ки ҳарорати баланд доштанд ва ё сулфа мезаданд, ба карантин фаро гирифтанд. Баъдан, диданд, ки ин беморӣ паҳн шуд, ба муайян кардани сабабаш пардохтанд. Маълум шуд, ки дар бадани аз 30 то 50 фоизи шахсони аломатнадошта вирус вуҷуд доштааст ва онҳо онро ба дигарон интиқол медиҳанд. Ин нуқта барои шаҳрвандони Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Новобаста аз он, ки аломат доред ё надоред, яъне сулфа ё ҳароратбаландӣ, ҳама бояд қоидаҳои аввалияи гигиениро риоя кунед. Якум, даҳонро бо ниқоб пўшонед. Дуввум, дастҳоро зуд-зуд бишӯед ва агар имкон бошад дастпӯшак пӯшед, чунки дастҳо метавонанд ба пул, дастаи дар, девор ё ҷойҳои дигар ва баъдан ба чашм бирасанд. Севвум, дар маконҳое, ки одамони зиёд ҷамъ мешаванд, 2 метр фосиларо риоя кунед.

Дар Ню-Йорк беш аз 5 ҳафта аст, ки танҳо фурӯшгоҳҳои хӯрокфурӯши бозанд. Боқӣ мактабҳо, донишгоҳо ва дигар идораҳо ҳама дар таътиланд.

Дар фурӯшгоҳе, ки хӯрока мегиред, бояд 2 метр фосиларо риоя кунед. Дар дохили нақлиёт ҳам бояд ин амал риоя шавад. Сабаби асосии паҳншавии ин беморӣ дар Ню-йорк дохили метро ва автобусҳо буд, чунки мардум ба ҳам наздик буданд.

Касоне, ки сулфа доранд ва ҳарорати баданашон баланд аст, бояд дигар берун набароянд. Онҳо бояд дар як ҳуҷраи алоҳида танҳо бошанд. Суол ба миён меояд, ки мо кай ба беморхона биравем? Дӯстони азиз, нигоҳ кунед, дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, неруи давлат, вазорати тандурустӣ ва табибон ҳама дар хидмати мардуманд. Лекин мардум ҳам бояд қоидаҳоро риоя кунанд, то онҳо тавонанд хизматрасонияшонро бо касоне, ки ниёзи ҳатмӣ доранд, бирасонанд. Ба ҳамаи касоне, ки бо COVID-19 мубтало мешаванд, шарт нест ба беморхона раванд. Шахсоне, ки сулфа доранд, ҳарорати баданашон баланд аст ё тез-тез нафас мекашад (ба шарте, ки дар як дақиқа камтар аз 25 бор нафас кашанд), дар як ҳуҷраи хона ҷудо бимонанд ва бо касоне, ки дар он хона ё ҳавлӣ ҳастанд, иртибот нагирад. Дарро банданд ва ҳатман тирезоҳоро боз кунанд. Аҳли оила вақте хўрок меоранд пушти дар гузоранд, ҳатман ниқоб дошта бошанд ва дастҳоро бишӯянд. Агар ҳарорат аз 39 дараҷа боло рафт ё ин ки нафаскашӣ дар як дақиқа аз 25 маротиба зиёд шуд, он вақт бояд ба пизишк (табиб) муроҷиат кунанд. Ва агар чунин набошад, эҳтиёҷ ба ташхис ва антибиотикҳо ниёз нест ва масрафи беҳуда накунанд. Оби гарм нӯшанд ва қоидаҳоро риоя кунанд, баъд аз 2 ҳафта хуб мешаванд.

ХАБАРНИГОР: — Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бозгўи он аст, ки тарсу ҳароси мардум аз ин вирус вазъият ва кори табибонро мушкил намуд. Аз назари шумо, амалкарди мардум дар муқобили ин вирус бояд чӣ тавр бошад?

ОРАШ АЛОӢ: — Мо медонем, ки ин беморӣ метавонад то 5 фоиз, дар баъзе мавридҳо то 3 фоиз фавт дошта бошад. Вале муҳим ин аст, ки оё мо битарсем ё ин ки ҳушёр бошем. Мо бояд ҳушёр бошем ва хуб бидонем, ки чӣ кор бояд кунем. Агар битарсем, хато мекунем. Баъзе касон сулфа мезананд ё ҳарорати баланд доранд, ба ташвиш афтода, сарсону саргардон ба ин ё он беморхона меравад. Онҳо бояд ба тавсияҳои табибони худ, вазорати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбута итминон дошта бошанд, зеро изтироб ҳеҷ кореро ҳал намекунад. Ҳамон тавре гуфтам, агар нишонаҳои ин бемориро дар худ эхсос кардед, дар хона монед. Агар аломатҳои ин бемориро надоред боз ҳам ду ҳафтаи дигар дар хона монед, чунки мардум ҳарчи бо ҳам наздик бошанд ин вирус ҳамон қадар зуд паҳн мешавад. Дар шаҳри Ню-Йорки ИМА мо 7 ҳафта боз дар хона ҳастем. Фақат ба хотири ифои вазифаи табибии худ ба беморхона меравем ва бубинед, ки дар Ню-Йорк рўз то рўз теъдоди сироятёфтагону фавтидагон дар ҳоли коҳишёбӣ аст. Дар шаҳри Ухани Чин ҳам ҳамин тавр аст. Пас худи мардум ҳам бояд дар ин самт кумак кунанд. Ягон давлатеро дар ҷаҳон наметавон пайдо кард, ки коронавирусро дар танҳоӣ идора карда бошад. Бояд ҳамкории зич миёни мардум ва идораҳои давлатӣ ба роҳ монда шавад.

ХАБАРНИГОР: — Дуруст қайд кардед, ки ин кори дастаҷамъист. Табобати ин беморӣ чи қадар вақтро дар бар мегирад, дар куҷо ва чи қадар гузаронида мешавад.

ОРАШ АЛОӢ: — Амрикое, ки дар самти тавлиди доруворӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи олам аст… Дар Аврупо Чин ва Ҷопон ҳам дар ин самт ҳамкориҳои муштарак ҷараён дорад. Ман мехоҳам навтарин дастовардҳои ҷаҳониро ба шумо бигӯям. То имрўз ягон табобати қатъӣ барои COVID-19 пайдо нашудааст. Доруи Ремдесивир, ки аксаран иддао доранд, ки бар зидди бемории COVID-19 ҳаст, ягон асос надорад. Қаблан ин дору барои бемории Эбола истифода мешуд ва танҳо метавонад шидати ин бемориро кам ва давраи онро кутоҳ кунад. Пас бояд гуфт, ки зарурат ба харидорӣ ва истифодаи ин дору барои беморони COVID-19 нест. То имрўз ягон доруи аниқ надорем. Касоне, ки ташхисашон COVID-19 нишон додааст, ниёз ба табобат надоранд. Танҳо мебояд шуурнокӣ ва фаҳмиши худро боло баранд ва дар хона танҳо бимонанд, то ин бемориро ба дигарон интиқол надиҳанд. Тавре дар боло гуфтам, 90 дарсад гирифторони ин бемори ниёз ба истифодаи маводҳои доругӣ надоранд.

ХАБАРНИГОР: — Марҳилаи беморӣ чи қадар вақтро дар бар мегирад?

ОРАШ АЛОӢ: — Аз вақте, ки вирус вориди бадан мешавад, мо як замон ва аз вақте, ки аломатҳо падидор мешаванд, замони дигар дорем. Аз замоне, ки аломатҳо пайдо гардида, паст мешаванд, як ҳафта баъд дигар ин фард на худаш бемории вирусро дорад ва на ба дигарон вирусро паҳн мекунад, лекин агар сулфа мезанад эҳтимол он чанд ҳафта тул кашад. Ҳастанд нафароне, ки мушкилоти шуш ё буёӣ доранд, чун дар касоне, ки ба COVID-19 гирифтор мешаванд, дар чанд дарсадашон ҳисси буёӣ аз байн меравад ва маззаро хуб эҳсос намекунанд. Бинобар ин, бояд ба ташвиш наафтанд, чунки эҳтимол он чанд ҳафта ё баъзан чанд моҳ тул мекашад. Муҳим нест, ки шумо аломат доред ё надоред, муҳим он аст, ки ду то се ҳафтаи оянда, ки шуруи паҳншавии COVID-19 дар Тоҷикистон ҳастанд, қоидаҳои гигиениро риоя кунед.

ХАБАРНИГОР: — Агар нафаре, ки як бор ба ин беморӣ дучор шуд, метавонад, ки бори дуюм гирифтор шавад?

ОРАШ АЛОӢ: — То имрўз мо ягон санад ё таҳқиқе дар даст надорем, ки нишод диҳад, ки як нафар аз ин беморӣ сиҳат шудаасту дубора ба он гирифта шуда бошад. Шояд баъзе касон дар интернет хонда бошанд, ки масалан ду- се нафар дар Кореяи Ҷанубӣ дубора мубтало шудаанд. Ё мисоли дигар ду нафар дар Бразилия таҳқиқи дубора карданд. Ин навбат меъёри ташхисии онҳо навъи лабаратор ё озмоишгоҳии онҳо дастгоҳи писиор буд. Он дастгоҳи писсиор кораш дидани вирусҳо мебошад. Баъдан муайян шуд, ки ҳангоми ташхис ба иштибоҳ роҳ дода шудааст. Фақат муҳим аст, бидонем, ки кай ба кор биравем, чун ҳеҷ кишваре дар дунё наметавонад, ки тамоми мардумро дар хона нигоҳ дорад ва фабрикаҳову корхонаҳоро бандад. Мардум ниёз ба фаъолият ва кори рўзона дорад, ки зиндагиашро пеш барад. Ҳатто дар Амрико низ ҳамин баҳс аст.

БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ ВМКБ БА ИНТЕРНЕТИ БАЛАНДСУРЪАТ ПАЙВАСТ МЕГАРДАД.

Бо супориши раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ширкати мобилии «Тсел» дар ҳудуди беморхонаи вилоятӣ насби шабакаи мухобиротии «WI FI»-ро таъмин менамояд то ниёзмандону беморон дар ин вазъияти душвор тавонанд бо хешу пайвандони худ робиати мустақим дошта бошанд, шабакаҳои иҷтимоиро истифода баранд, вақти худро хуш гузаронанд. Ин таъкиди роҳбарияти ситод аз ҷониби ширкат хуш пазирфута шуда, дар кўтоҳтарин фурсат супориши роҳбарияти вилоят иҷро хоҳад шуд.

ТАБИБОН БОЯД ДАР ЧУНИН ВАЗЪИЯТ ДАСТГИРИ ЁБАНД.

Таҳти раёсати раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оиди пешгирии бемории сироятии коранавирус баргузор гардид. Роҳбарияти вилоят аз фаъолияти муштараки аъзоёни Ситоди вилоятӣ ҷиҳати пешгирии ин вабои аср ва дар сатҳи баланд роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадию профилактикӣ, танзими нарху навои маҳсулот дар бозорҳои шаҳру навоҳии вилоят изҳори қаноатмандӣ кард. Роҳбарияти Ситоди вилоятӣ аз қаҳрамонию ҷонфидоиҳои шифокорони вилоят, ки дар рўзҳои мушкили ба сари мардуми тоҷик омада ба таври шабонарўзӣ вазифаҳои хизматиашонро содиқонаю софдилона иҷро намуда истодаанд, таҳсину офарин гуфта аз сокинони вилоят ва мардуми шарифи Бадахшон даъват ба амал овард, ки дастгирии табибон ин пеш аз ҳама бароҳ мондани чораҳои худмуҳофизатӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигенӣ, иҷрои ҳатмии фосила байни ҳамдигар ва худдори кардан аз гаштугузор дар кўчаю хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мебошад.
Роҳбари Ситоди вилоятӣ Ёдгор Файзов қайд карданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои Исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохон дар чуини вазъияти ба вуқӯъ омада се нуқтаи муҳимро хеле асос медонанд.
-Якум ин баромадан аз хона қатъиян манъ аст. Фақат дар ҳолати ниҳоят зарурӣ, ҳатми будани истифодаи ниқоб ва ҷойи махсус
-Дуюм ин нигоҳ доштани масофа на камтар 1,5 метр байни ҳамдигар
-Сеюм риоя намудани гигиенаи шахсӣ
Раиси вилоят изҳор доштанд, агар мо ин се нуқтаи муҳимро риоя накунем пешгири намудан аз ин бемории сироятӣ хеле мушкил мегардад. Бе ин ҳа шабонгоҳ шумораи зиёди мардум дар кўчаю хиёбонҳо бо ҳам нишаста сўҳбати тулонӣ мекунанд, ки ин таҳдид ба зиёдшавии шумораи бемории илтиҳоби шуш сабаб мегарданд. Ба хотири пешгири кардани ин бемории сироятӣ ҳар як шаҳрванд бояд иҷрои се шарти асосиро вазифаи аввалиндараҷаи худ қарор диҳад. Дар ҷараёни кори Ситоди вилоятӣ қайд шуд, ки раисони ҷамоату шаҳрак ва деҳот, раисони маҳаллаҳо бояд як гурўҳи вижа ташкил карда, барои дастрас кардани маҳсулоти ниёзи аввалия дар якҷоягӣ бо мақомоти вилоятӣ ё шаҳрӣ баҳри таъмини сокинони маҳаллаҳо бо орду равған ва маҳсулоти кишоварзӣ хизмат расонанд. Ин ташаббус ба хотири ҷилавгирӣ аз сироятёбӣ ба касалии «COVID 19» ва пешгирӣ аз гаштугузори бемаврид ва ҷамъшавии мардум рўйи даст гирифта шудааст. Ёдгор Файзов аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкороне, ки дар таъмини сокинон бо орд ва дигар маҳсулоти ғизои саҳми арзишманд доранд изҳори минатдории хешро ба онҳо баён дошт. Вале мардум бояд ба таҳлука наафтода, зиркаии сиёсиро аз даст надиҳанд.Зеро ҳамарўза ба қаламрваи вилоят маводи зиёди озуқа чӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандўст ва чӣ аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои фурўши орд ва дигар маҳсулоти хурока таъмин менамоянд. Танҳо сокинон бояд аз меърёи мавҷуда зиёд ҷамъ нашаванд ва саломатии худро эҳтиёт намоянд. Таъкид шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ таҳти таваҷҷўҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти таъмини маводи ниёзи аввалия ягон мушиклот мавҷуд нахоҳад шуд. Ёдгор Файзов таъкид дошт, ки худи ҳамин рўз 120 тонна орд вориди вилоят шуда, дар анборҳои соҳибкорон маводи зиёди ғизои мавҷуд аст, ки ин барои бошандагони вилоят мушкилот эҷод накарда, ворид намудани маводи ғизои бетанафуз ба қаламрави Бадахшон идома меёбад. Ёдгор Файзов дар хитоб ба соҳибкорон ва шахсони саховатпеша муроҷиат карда қайд дошт он нафароне, ки мехоҳанд дасти мадади худро дар ин рўзҳо дароз намоянд бояд маблағро на барои маводи озуқа балки барои харидорӣ ва дарёфти маводи доруворӣ масраф намоянд ба манфиати кор мебошад. Зеро нуқтаҳои фурўши шаҳру ноҳияҳои вилоят пур аз маводи ниёзи мардум буда, танҳо табақаи ниёзманди аҳолӣ зери назорати мақомоти маҳаллӣ шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, таъминоти ин қишри ҷомеа бо маводи хўрока таҳти назорати мақомотҳои марбута қарор доранд. Ба хотири ҳифзи сиҳатии сокинон ин пеш аз ҳама дарёфи кардани доруворӣ ва наҷот додани сироятшудагон аз беморӣ муҳим дониста мешавад.
Роҳбарияти ситоди вилоятӣ аз сардори Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Фарид Музаффаров ва сардухтури касалхонаи вилоятӣ Саидбек Давлатбеков қатъиян талаб кард, ки мушкилоти мавҷудаи беморхонаро ҳамарўза ба роҳбарияти ситоди вилояӣ ва сохторҳои марбута таҳлил ва пешниҳод карда, баҳри дастгирии табибон ҷиҳати таъмини маводи доруворӣ ва дигар эҳтиёҷоти зарурӣ чораҷўйи гардад. Дар пайравӣ ба иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ёдгор Файзов дар ҳузури аъзоёни Ситоди вилоятӣ гузаронидани як маоши вазифавии худро барои дастгирии табибони беморхона раво дониста, ҳамзамон мувовини якуми раиси вилоят ва муовинон низ маоши як моҳаи худро ба суратҳисоби беморхонаи вилоятӣ ихтисос дод ва аз шахсони саховатманду соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар чунин рўзҳои мушкил дастгири намудани беморону табибоне, ки шабу рўз баҳри ҳифзи сиҳатии мардум ҷони худро зери хатар монданд айни муддаъо мебошад.
Масъулини соҳаи тандурустии вилоят ҷиҳати вазъи беморхонаҳои вилоят гузориш дода, таъкид карданд, ки аз 122 нафар мубталоёни бемории илтиҳоби шуш 14 нафар пурра табобат ёфта, аз касалхона рухсат карда шуда, боқимонда таҳти назорати табибон қарор дошта, рўзҳои анздик боз як гурўҳ аз табобатхона ҷавоб дода мешавад. Ёдгор Файзов аз он изҳори ташвиш кард, ки шумораи зиёди сокинон барои дидорбинии маризон меоянд, ки дар шароити феълӣ ин амал боиси боз ҳам бештар зиёд шудани шумораи гирифторони маризӣ мешавад. Пешниҳод гардид, ки нафароне мехоҳанд пайвандони худро бо ғизо таъмин созанд аз зарфҳои истифодашавандаи як карата истифода намуда, дар он ҳатман ному насаби беморро навишта ба кормандони масъули беморхона супоранд то дастраси онҳо шавад.
Ёдгор Файзов аз роҳбарияти ширкати мобилии «Тсел» талаб намуд, ки дар ҳудуди беморхонаи вилоятӣ насби шабакаи мухобиротии «wi fi »-ро таъмин намоянд то ниёзмандону беморон бо хешу пайвандони худ робиати мустақим дошта бошанд. Ин таъкиди роҳбарияти ситод аз ҷониби ширкат хуш пазирфута шуда, дар кўтоҳтарин фурсат ин супориши роҳбарияти вилоятиро иҷро хоҳанд кард.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо пешниҳод намуд, ки масъулини соҳаи тандурустии вилоят бояд ҳамарўза мушкилот ва норасоиҳои ҷойдоштаи соҳаи тандурустиро ба мақомоти марбута пешниҳод намояд то аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳали он чораҳои мушаххас андешанд. ба намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар вилоят ахборот дода қайд намуд, ки корхонаи ордбарории ноҳияи Шуғнон фаъолияти густурда дошта, иловатан аз шаҳри Кўлоб ба миқдори 150 тонна ғалла ба корхона барои коркад ворид гардид, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ягон мушикилот пеш нахоҳад омад.
Ба роҳбарияти шуъбаи Хадамоти зидиинҳисории вилоят дастур дода шуд, ки баландравии нарху навои маҳсулотро дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, бо соҳибкорон ҳамкории зичро ба роҳ монанд.
Роҳбарияти Ситоди вилоятӣ ба он табибоне, ки 14 рўз ба табобати маризон сару кор доранд метавонанд дар дилхоҳ истироҳатгоҳҳои вилоят хастагии худро бартараф намоянд. Дар идомаи ҷаласа таъкид шуд, ки он соҳибкороне мехоҳанд ба шифокорон кўмак намояд дар ҳамкорӣ бо мақомот фаъолият карда, маблағҳои худро тавассути суратҳисоби махсуси хукумати вилоят ва ё раёсати молия роҳандозӣ намоянд то имконияти таъмини беморонро бо доруворӣ ва дигар эҳтиёҷот қонеъ карда шавад.
Дар фарҷоми ҷаласаи Ситоди вилоятӣ пешниҳодоти зиёди аъзоён ба миён гузошта шуда, баҳри бартараф кардани мушкилотҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳаллӣ он чораҳои тахирнопазир андешида шуданд.

ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ

БА ДИҚҚАТИ СОҲИБКОРОН ВА ШАХСОНИ САХОВАТМАНДИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, КИ ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНОВИРУС Ё ХУД COVID 19 БЕТАРАФ НЕСТАНД СУРАТҲИСОБИ МАХСУСИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ КУШОДА ШУДААСТ. ХОҲИШМАНДОН МЕТАВОНАНД БА СУРАТҲИСОБИ МАЗКУР МАБЛАҒИ ХАЙРИЯВИИ ХУДРО ГУЗАРОНАНД. СУРАТҲИСОБ ТАҲТИ НАЗОРАТИ БЕВОСИТАИ РАИСИ ВМКБ ҚАРОР ДОШТА ТАНҲО БАРОИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНОВИРУС ДАР ВИЛОЯТ ИСТИФОДА ХОҲАД ШУД.

Суратҳисоби махсуси МИҲД ВМКБ PMA 700001406
С.ҳисоб.№ 20204972922045200301
КИБ 350101800
ҳисоб.№ 22402972000002
Бонк СХМВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон