Табрикоти муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати таҷлили Иди Меҳргон

Ҳамдиёрони азиз! Меҳргон яке аз қадимтарин ҷашнҳои халқи тоҷик, тантанаи ҷамъоварии ҳосили деҳқон, иди фаровоӣ ва рамзи дўстиву рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат мебошад. Ин ид, тибқи маълумоти таърихнигорон, таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, ҷашнгирии он ба нимаи аввали моҳи октябр рост меояд. Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Меҳргон бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардид. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 ин ҷашни кўҳан ҳамасола дар тамоми гўшаю канори кишвар бо шукўҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Меҳргон дар радифи Наврӯзу Сада аз кӯҳантарин идҳои машҳури халқи тоҷик аст. Пайдоиш, рушду такомул ва таҳаввули он ба шуғлу рӯзгори деҳқонон марбут мебошад. Ин ҷашн дар рӯзи 16-уми моҳи меҳр, ки он рӯзро низ рӯзи меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар солшумории ниёгони мо ҳар рӯз номи махсусе дошт, ки 12 рӯз бо номи моҳҳо ҳамном буда, ҳар cоле, ки номи моҳу рӯз ба ҳам мувофиқ ояд, мутантан таҷлил мегардид. Рӯзи меҳр бошад, ба муносибати ғундоштани ҳосили боғу зироат ва шукргузорӣ аз неъматҳои Замин-Модар аз тарафи мардум ҷашн гирифта мешавад. Аҷдодони мо ба таҷлили ин ҷашн чун Иди Мехргон омодагии комил медиданд, барои ҳарчи тезтар ғундоштани ҳосил ҳашарҳо ташкил мекарданд, сару либоси нав медўхтанд ва сайру базмҳои идона меоростанд. Дар замони Шўравӣ калимаи Меҳргон муддате аз забонҳо дур гашту қариб ба фаромўшӣ мерафт. Хушбахтона, баъди соҳибистиқлолии кишвар, бо ҳидояти Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ин вожа вирди забонҳо гашт ва акнун ин иди миллӣ ҳамасола дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешавад. Боиси қаноатмандӣ аст, ки деҳқонони ҳимматбаланди вилоят бо масъулияти баланду эҳсоси ватандӯстӣ дар ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят баргузор мегардад, фаъолона иштирок намуда, маводҳои ниёзи мардумро пешниҳод менамоянд ва бо ин амали неку хайрхоҳонаи хеш ба хонадони ҳазорҳо сокинони вилоят шодиву нишот зам карда истодаанд. Меҳргон ҷашни баракату фаровонӣ ва шукргузорӣ аз хоки ҳосилхезу замини пурэҳсон аст. Аз ҳамин нуқтаи назар, бо таманнои он ки деҳқонони ризқофари мо ҳамеша тансиҳату рӯҳбаланд бошанд ва дар фазои сулҳу суботи Ватан бо хотири осуда кору фаъолияти пурсамар намоянд, бори дигар ин ҷашни баракату эҳсонро ба ҳамаи шумо ва ба кулли сокинони вилоят муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон осудаҳолӣ, саодатмандӣ ва дастархони пур аз нозу неъмати меҳргонӣ орзу менамоям.Ҷашни меҳргон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию-иқтисодии шаҳри Хоруғ дар 9 моҳи соли 2020

14 октябри соли 2020 дар толори МИҲД-и вилоят таҳти раёсати раиси шаҳри Хоруғ ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ëдгор Файзов ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию-иқтисодии шахр дар 9 моҳи соли 2020 баргузор гардид. Дар ҷаласа як қатор роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, раисони маҳаллаҳо роҳбарони сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд. Мудири бахши рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ Сафар Қурбоншоев оиди ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2020-ум баромад намуда иброз дошт, ки дар ин муддат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ барои тақвияти фаъолияти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр корҳои натиҷабахшро анҷом додааст. Барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ ,ки барои солҳои 2020- 2025 таҳрези шудааст аз 46 банди лоиҳа иборат буда ба он рушди тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими шаҳри Хоруғ ворид гардидааст. Дар робита ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет қайд шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2020-ум нақшаи қисми даромади буҷет барзиёди иҷро гардида он 101 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар шаҳри Хоруғ 42 корхона ва коргоҳҳои саноати фаъолият доранд ,ки дар нуҳ моҳи соли равон ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомони маҳсулот истеъсол намудаанд, ки ин рақам нисбати соли гузашта 22 фоиз кам арзёби мегардад. Дар робита ба иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикитсон қайд шуд ,ки тибқи нақша дар шаҳри Хоруғ бунёди 70 иншооти таъиноти гуногун дар назар дошта шудааст. Дар муҳокима ба масъалаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Хоруғ дар нуҳ моҳи соли 2020-ум ҳамзамон роҳбарияти раёстаи молия, андоз, корхонаи хоҷагии манзиливу камуналии шаҳри Хоруғ, корхонаи таъминоти об ва канализатсия, баромад намуда барои бартараф намдуани мушкилоту камбудиҳои дар соҳа дошта таклифу пешниҳод ба миëн гузоштанд.Дар фарҷом Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба сокинони шахри Хоруг барои иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ намуда, аз номи сокинони вилоят Пешвои муаззами миллатро бо пирӯзӣ дар интихоботи Президентӣ табрик намуда, ба шахсияти у сиҳативу саломатӣ ва барои Тоҷикистони азизи мо пешравиҳоро таманно намуд.

Изҳори сипоси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон

Дирӯз, 11 -уми октябри соли 2020 дар кишвари азизи мо боз як чорабинии муҳимму сарнавиштсози таърихӣ – интихоботи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид. Аксари интихобкунандагон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйи худро ба тарафдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доданд.Ба ин муносибат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва дастгирӣ намудани номзадиашон самимона изҳори сипосу миннатдорӣ мекунанд.Пешвои миллат, ҳамчунин, бо қаноатмандиву ифтихор хотирнишон месозанд, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба тантанаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар, инчунин, ба далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон табдил ёфт.Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, таъкид мекунанд, ки интихоботи доиргардида ҳамчун рамзи сулҳу суботи комили сиёсии кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик, бешубҳа, боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад.Дар баробари ин, Пешвои миллат ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, бори дигар хурду бузурги мамлакатро даъват мекунанд, ки раванди корҳои ободониву созандагиро барои истиқболи арзандаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон вусъат бахшида, бо заҳмати аҳлонаву содиқонаи худ дар ободии Ватан, пешрафти давлат ва боз ҳам беҳтар гардидани некӯаҳволии сокинони мамлакат саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд

ТАЪМИНИ АЛОҚАИ МОБИЛӢ ДАР ДЕҲОТҲОИ ДУРДАСТИ ВМКБ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба хотири рушд додани соҳаи алоқа дар ВМКБ кӯмак намудан ба аҳолии вилоят ҷиҳати дастрасӣ пайдо намудан ба алоқаи мобилӣ махсусан насби антеннаҳои мобилӣ дар дурдасттарин деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғоб ки аз тарафи Ширкати мобилии “Мегафон” амалӣ гардид миннатдории самими хешро ба ин ширкати бонуфуз баён менамояд. Қобили зикр аст, ки Булункӯл, Яшилкӯл ва дигар мавзеҳои зебои ин қисмати Тоҷикистон яке аз маконҳои асосии сайёҳон мебошад ва бо барқарор шудани алоқаи мобилӣ шумораи сайёҳон дар оянда зиёд хоҳанд гардид.Албатта бояд тазаккур дод, ки бо дархости мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон соли гузашта ширкати дигари мобилии бонуфузи ватанӣ “Tcell” низ як деҳаи дурдасти вилоят Бардараи ноҳияи Рушонро бо алоқаи мобилӣ таъмин намуд, ки мушкилоти аҳолии муқимӣ ва сайёҳонро хеле сабук намуд. Умед меравад, ки бо таъмин намудани 100 фоиз деҳаҳои хурд ва дурдасти вилоят дар ду соли оянда бо барқ барои пурра аз байн бурдани мушкилоти алоқа имконият фароҳам мегардад.

ТАЪМИРИ СИНФХОНАЕ, КИ ДАР ОН ИЛМУ ДОНИШРО АЗ ХУД КАРДАМ БОЯД ШИОРИ ҲАР ЯКИ МО БОШАД.

ТАЪМИРИ СИНФХОНАЕ, КИ ДАР ОН ИЛМУ ДОНИШРО АЗ ХУД КАРДАМ БОЯД ШИОРИ ҲАР ЯКИ МО БОШАД. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон навори видиоиеро, ки аз тарафи яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” Музаффари Имомдод нашр гардид мавриди баррасӣ қарор дода, маълум менамояд, ки дар миқёси вилоят зиëда аз 300 муассисаи таълимӣ мавҷуд ҳастанд, ки 51 адади онҳо таъмирталаб ё дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Масъалаи мазкур аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бардошта шуд ва дар соли 2019 бо супориши бевоситаи Асосогузори сулҳу ваҳдати милли -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ ба вилоят сафарбар гардида, ҳамаи ин мактабҳоро ҳуҷҷатгузорӣ карданд. Баҳри иҷрои ин дастур фақат дар солҳои 2019 -2020 дар вилоят таъмир, сохтмон ва мавриди истифода қарор додани чандин мактабҳо руи кор омад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ дар деҳаҳои Паткуноб, Рузвай, Сағидаршти ноҳияи Дарвоз, маркази ноҳияи Ванҷ, Будун, Вишхарв, Андарбак, Баррушон ва Вомари ноҳияи Рушон, Поршинев, Даштак, Пиш, Оқмамад, Спинзи ноҳияи Шуғнон ва фазаи якуми мактаби раками 8 шаҳри Хоруғ ба итмом расид. Соли 2018 дар миқёси вилоят 12 муассисаи таълими ба маблағи 36,6 миллон сомонӣ бо теъдоди 68 синфхона ва 1770 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд. Соли 2019 5 муассисаи таълими дар миқёси вилоят бо маблағи 46, 4 миллон сомонӣ бо теъдоди 38 синфхона ва 812 ҷойи нишаст ( муассисаи таълмӣ дар ноҳияи Рушон бо маблағи 14 миллион сомонӣ барои 25 синфхона ва 480 хонанда ) ва соли 2020 бошад 10 адад муассисаи таълими ба маблағи 37, 2 миллион сомонӣ сохтмон, азнавсози аз таъмири асоси бароварда шуданд. ( муассисаи таълими замонавӣ дар ноҳияи Рӯшон ба маблағи 16, 5 миллион сомонӣ барои 640 хонанда)Имсол санги асос барои сохтмони мактаби Президентӣ дар ноҳияи Дарвоз гузошта шуда , тендер барои сохтмони мактаби замонавӣ дар маркази ноҳияи Ишкошим гузаронида шуд. Корҳои лоиҳакашӣ дар барои сохтмони мактаби замонавӣ дар маркази ноҳияи Рошткалъа, Мурғоб ва Ванҷи боло дар соли 2021 ба итмом расида корҳои сохтмони шуруъ хоҳанд шуд. Умуман, дар панҷ соли оянда қисмати асосии мактабҳои калон аз нав сохта ва аз таъмири капиталӣ бароварда мешаванд. Дар худи ноҳияи Рӯшон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чандин мактабҳои калон ва хурд ( мактаб интернати ҷумхуриявӣ дар деҳаи Вомар, мактаби Баррушон, мактабҳои рақами 9 Вомар, Ғудара, Рошорв, Разуч, Даржомч ва Сипонч сохта шуданд. Мактаби Равмед (боми ин мактаб аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав карда шуд) ва ба ин мисол мактабҳои хурде, ки дар деҳаҳои дурдаст ҷойгир шудаанд, ояндаашон имрӯз зери суол аст. Дар ин мактаб ҳамагӣ 54 талаба таҳсил доранд, дар синфи 11 ҳамаги 3 талаба дарс мехонанд ва дар синфи 10 бошад тамоман талаба нест. Ба таълим дар ин мактаб 13 муаллим машғуланд. Дар ВМКБ муассисаҳои таълимие, ҳастанд (ибтидои) ки ҳамагӣ 7 талаба доранд. Чунин мактабҳо аслан дар водии Бартанг , қисмати болоии ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Мурғоб ҷой доранд. Имрӯз мақомот аз як тараф мехоҳад ин мактабҳоро бандад ва ё ба мактаби ибтидои табдил диҳад ва хонандагони синфҳои 5 — 11 -ро дар мактаб интернатҳо ( масалан дар ноҳияи Рӯшон мактаби интернати Вомар ва е Сипонҷ) ҷой диҳад, ки шароити хондан, хурду хурок ва будубош он ҷо хеле хуб аст. Мутаассифона, падару модарон бо ин иқдом розӣ нестанд, чунки мехоҳанд кӯдакон дар пешашон бошанд ва инчунин дар корҳои хона низ кӯмак расонанд. Ба замми ин ҳангоми бастани мактабҳои хурд ва ё табдил додани онҳо ба мактабҳои ибтидои боиси бекории чандин муаллимон дар ин деҳаҳо мешавад. Аз тарафи дигар аз навсозӣ ва мабалағгузории онҳо ки имрӯз аз руи принсипи маблағгузории сарикаси аст аз нуқтаи назари иқтисоди хеле мушкил аст. Дар соли 2020 мактаби миёнаи деҳаи Юбени ноҳияи Роштқалъа ки айнан дар чунин ҳолат қарор дошт, бо кӯмаки молиявии МИҲД- и вилоят, ширкати “Помир – Энерҷи” ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав сохта шуд. Барои таъмири мактаби деҳаи Басиди ноҳияи Рушон низ аз тарафи мақомоти вилояти маблағ ҷудо карда шуд. Азнавсозии муассисаҳои таълимӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Тоҷикистон буда, мактабҳои калон ва анча калонтар ва е имкони зиёдшавии хонанда доранду бинохояшон дар ҳолати ногувор қарор даоранд дар навбати аввал дар солҳои наздик анавсозӣ карда мешаванд. Мутаассифона, азнавсозии мактабҳои хурд вакт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорадБояд қайд кард, ки ВМКБ имрӯз ягона минтақа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки мактабҳо сад фоиз аз ҳисоби давлат сохта мешаванд, ҳангоме, ки дар дигар минтақаҳо ин корро соҳибкорон ё худи аҳоли анҷом медиҳанд. Бинобар ин мактаби деҳаи Равмедро низ дар даҳ соли охир камаш 40 то 50 кас хатм намуданд ва хуб мешуд, ки ҳар яки онҳо барои таъмири синфе, ки дар он ҷо 11 сол илм омухтанд, кӯмак расонанд. Дар бораи мактабҳои калоне, ки ҳазорон нафар онҳоро хатм намудаанд ва шукрона, ки имруз соҳиби касбу кор ва маблағ ҳастанд ҳоҷати гап ҳам бояд набошад. Таъмири синфхонае, ки дар он илму донишро аз худ кардам бояд шиори ҳар яки мо бошад.

Паёми табрикии раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бахшида ба таҷлили «Рӯзи забон»

Ҳамдиёрони гиромӣҚабули қонуни забон дар Ҷумҳурӣ яке аз дастовардҳои муҳими истиқлолияти Тоҷикистон ба хотири рушди бузургтарин сарвати милли-забон мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки пойдориву ҳастии ҳар қавму миллат ба ҳастии забон, ғамхори ва бунедниҳии заминаҳои рушди он вобастаги дорад. Дар асоси сарчашмаҳои таърихии тоҷикон, ибтидои ташаккулёбии забону ислоҳоти тоҷики ба ҳазораи дуюми пеш аз милод, ки роҳи басо тӯлони ва мураккаб будааст, рост меояд. Ин ибтидои ифтихоромез имкон дод, ки минбаъд ва бахусус, дар аҳди Оли Сомон забони тоҷикии мо ба мартабаи баланди ташаккул ва шуҳратёби расид.Боиси фахр аст, ки имрӯз забони давлати таҳти ҳимояи давлат ва сарпарастию таваҷҷуи ҳамешагии сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Суханони Президенти кишвар дар яке аз мулоқотҳо бо зиёиёни кишвар, «Масъалаи рушди забон, покизагии забони адабӣ ин сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи забон мебошад» далели гуфтаҳои боло мебошад. Имрӯз, ин ҳақиқати таърихи бо ғамхори ва пуштибонии пайвастаи Президенти мамлакат, ба баланд бардоштани мақоми забони тоҷики тавассути тахрезии барномаҳои навин ба субут расида истодааст. Ҳар яки мо бояд, ин хақиқати таърихиро дарëбем ва қадри модару Ватан, давлатдори ва арзишҳои волои аҷдоди, аз тариқи муқаддас донистани забони милли бирасем. Иҷлосияи 10-уми Шуърои Олии ҶШС Тоҷикистон, 22 июли соли 1989 Қонуни забонро қабул намуда, ба забони тоҷики мақоми забони давлати дод ва хушбахтона имруз иди Забонро ҳамчун иди умумимилли ҷашн мегирем. Инчунин он миллату халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқи озодона истифода аз забони модарӣ доранд. Дар моддаи чоруми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи озодона ва инкишофи забонҳои маҳаллӣ аз ҷумла Бадахшонӣ (помери) шароит фароҳам овардааст, ки ин аз ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забону фарҳанги мардуми мо дарак медиҳад.Забон нахустомили ташаккулёбии ҳар халқу миллат ва тарзи давлатдории уст. Бақои миллат ва пешрафти ҳамаҷонибаи давлати мо аз тавонои ва мақоми забони тоҷики, ки ба қавли Ҷаноби Оли Эмомалӣ Раҳмон «бо номҳои забони дари ва форси низ маълум аст» вобастагии зич дорад. Имрӯз забони тоҷики дар Осиёи Миёна, Афғонистону Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин ва дигар мамолики дуру наздик густариш дошта, мартабаи байналмиллали касб намудааст. Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон масъалаи рушди забони тоҷикиро дар пешрафти ҳаёти ҷомеаи муосир басо мухим шуморида дар ин самт чорабинихои зиёди илми-фархангиро руйи кор овардааст. Забони миллии мо бояд мақоми устувори худро дар таҳсилот, илму фарханг иттилоот, иҷтимоиёту иқтисод пурра биёбад. Тарзи баёни ҳар фарди тоҷик бояд фасеху равон, сода ва оммафаҳм гардад, вале мутаасифона ҳоло мо ба ин пурра ноил нагардидаем. Аз ин ру дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонидан лозим меояд. Президенти мамлакат таъкид карда буданд, ки «зиндагии оянда аз наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дониши амик, донистани технологияи навтарин ва забондониро ба таври қатъи талаб мекунад». Аз ин лиҳоз басо лозимист, ки дар баробари забони давлати омузиши забонҳои хориҷи, хусусан русию англисӣ ба таври лозими ба роҳ монем. Дар анҷом мехостам, ҳамаи Шумоëн-ҳамватанони азизамонро бо Рӯзи Забон –иди умумимлию давлати сидқан табрику таҳният гуям, дар амалу фаъолияти ҳаррузаатон комёбиҳо ва рӯзгоратон осудагиву хушбахти таманно намоям!Ид муборак!Ҳамватанони азиз!

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмуҳтарам Ҷаноби Олӣ, Мавлуди мубораку пурфайзатонро бо накӯтарин, гармтарин таманниёту изҳори эҳтироми бузург дар ин фасли зеботарини сол – фасли зарринқабо аз номи худам ва кулли сокинони Бадахшонзамин сидқан табрику шодбош мегӯям. Мардуми баландиқболу саодатёри вилоят аз он ифтихорманду сарфароз ва шукргузоранд, ки дар шахси Шумо Сарвари хирадпешаву окил ва дурбин, покниходу адолатчуву додгустор доранд, чаро ки Худованди мутаъол дар ниҳоди Шумо – фарзанди баору номус кайҳо боз ҷавҳари меҳру муҳаббати пок нисбат ба халқу меҳани худ ва ниятҳои неки созандагӣ баҳри рушду нумӯи он ҷо додааст. Ин аст, ки Шумо рисолати роҳбариву шиори «Хизмат кардан ба халқу Ватан»-ро бо дарки амиқи масъулиятшиносӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, донишҳои мукаммали сиёсӣ ва дасту дили пок адо намуда истодаед. Мардуми хирадпешаи Тоҷикистон минҷумла сокинони минтақаи Бадахшон имрӯз бо камоли эҳтиром қадрдонӣ аз он карда истодаанд, ки маҳз бо иқдомҳои ҷавонмардонаю кӯшишҳои хастанопазири Шумо ҳар як гӯшаю канори Ватани азизизамон ба таври шинохтанашаванда тағир ёфта истодааст ва ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бо умеду урзуҳои нав ба фардо, ба зиндагии аз ин ҳам беҳтару шукуфотар, ободии бештари Ватани азизамон қадамҳои устувор ба суи оянда гузошта, дуогуи ҳар субҳу шоми Шумо дар роҳи ободиву шукуфои хурамзамини Тоҷикистон мебошад ва кушиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри идомаи пайкори созандаи Шумо Пешвои муаззами миллат ва рушду тараққиёти кишвари азизамон саҳми ҳарчи бештару арзандаи худро гузоранд. Бо чунин ниятҳои нек ва ихлоси беқиёс ба Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ, бори дигар бо ин рӯзи ниҳоят мубораки ҳаётатон самимона табрик гуфта, ба Шумо тани сихат, хотири болида, умри пур аз хайру баракат, иқболу шарафи аз ин ҳам зиёдтару осудатари хонадону камоли умри фарзандон, расидан ба қуллаҳои баландтарини мақсудатон икболи бузург таманно менамоям. Бо арзи иродату эҳтироми қалбӣ,Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ëдгор Файзов

ХУШ ХАБАР!!!

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аввалин шуда нақшаи сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон дар рузи якум 103 % иҷро намуд.Шараф ба ҷавонони бонангу номуси Ватан

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳимисиëсӣ – Баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳимисиëсӣ – Баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил оғоз гардид. Мутобиқи нақшаи пешниҳодшудаи вилоят интернет- пурсиш аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, аз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Файзов Ëдгор Доëрович оғоз гардид.