ДАЪВАТИ БАҲОРИ НИЗ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ХОҲАД ГАРДИД.

Дар таърихи 4-феврали соли равон нишасти матбуотӣ бо комиссариати ҳарбӣ ва ташкилоти мададгори мудофиаи вилоят бо рузноманигорон баргузор гардид.Комиссари ҳарбии вилоят полковник Ҳ.Хушдилзода оиди масъалаи сафарбар намудани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 маълумот дод. Аз тарафи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо дар даъвати тирамоҳӣ 248 нафар даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд, ки ин 105- % иҷрои нақшаи даъватро ташкил медиҳад. Инчунин 63 нафар ҷавонон аз оилаҳои кормандони мақомот ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд. Ҷавононе, ки аз хизмати модар Ватан саркаши мекунанд, тибқи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд. Хушбахтона солҳои охир теъдоди ҷавононе,ки бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта истодаанд зиёд шуда истодааст. Барои сафарбаркунии мавсими баҳории соли 2021 омодагӣ дида истодаем. Дар хотимаи нишаст Ҳ.Хушдилзода ба саволхои рузноманигорон посух дод.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Юсуфзода Гулзорхон оиди фаъолияти яксолаи донишгоҳ дар нишасти матбуоти ҳисобот дода қайд дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ беш аз 3 ҳазор донишҷуйро аз руи 8 факулта ва 51 ихтисос ба таҳсил фаро гирифтааст. Хушбахтона соли 2020 бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ 4 ихтисоси дигар дар донишгоҳ таъсис дода шуд, ки ба тайёр намудани мутахасисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ заминаи воқеи хоҳад гузошт. Давоми чанд соли охир дар баробари маскунони шаҳру ноҳияҳои вилоят теъдоди намояндагони дигар манотиқи кишвар низ ҳамчун донишҷу дар донишгоҳ зиёд шуда истодааст.1 227Охват (люди)62ВзаимодействияПродвижение недоступно

2828Поделились: 3НравитсяКомментироватьПоделиться

НИШАСТҲОИ МАТБУОТИ БО СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТ

Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон зимни нишасти матбуотӣ аз фаъолияти як солаи корӣ дар ҳузури хабарнигорони Васоити ахбори омма ахборот доданд. Сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов аз хусуси рушди соҳаи маорифи ВМКБ дар замони соҳибистиқлолии сухан намуда оиди бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва имокнияту шароити тадрис дар онҳо табодули назар намуд. Қайд гардид, ки дар соли 2020 бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар вилоят як қатор муассисаҳо ба истифода дода шуданд. Айни замон дар вилоят 313 адад муассисаҳои таълими фаъолияти назарас дошта аз ин теъдод 51 адад муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар хусуси таъмини муассисаҳои таълими бо мутахасисони соҳибтаҷриба низ ҳоло мушкилотҳо ҷой доранд иброз намуд Сардори Раёсати маорифи ВМКБ. Кайд гардид, ки ба ҳамаи ин нигоҳ накарда дар соли 2019-2020 зиёда аз 2 ҳазор нафар толибилмони муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят ба донишгоҳҳои дохилу хориҷи кишвар дохил шуданд. Ин аст, ки ВМКБ аз ҷиҳати дохилшавии толибилмон ба мактабҳои олии кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи якум қарор дорад. Дар робита ба иштироки хонандагон дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фанни он нуқтаро баён дошт, ки 9 нафар хонандагони муасисахои таълимии вилоят дар озмуни «Фуруѓи субҳи донои китоб аст» иштирок намуда, сазовори ҷойи намоён ва диплому Ифтихорномаи Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Ба замми ин 211 нафар дар олипиадаи фанни сазовори ҷойи якум гардида, рохат ба даври ҷумхуриявӣ гирифтанд. Яке аз самтҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълими ин таъминот бо китоби дарсӣ мебошад. Ҳоло зиёда аз 91 фоиз хонандагон дар вилоят бо китобҳои дарсӣ таъмин мебошанд.

БАРАСИИ МАСЪАЛАИ ДАРСИ “АХЛОҚ ВА МАЪРИФАТ” НАЗДИ РАИСИ ВМКБ

Масъалаи маҳдуд намудани дарси «Ахлоқ ва маърифат » дар муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят ахиран дар байни аҳоли ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси густурдаро ба миён оварда, бо мақсади минбаъд пиёдасозии таълими ин фан раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо масъулини шуъба оид ба корҳои дин танзими анъна ва ҷашну маросими макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Консули минтақавӣ, Шурои таълимоти тариқаи исмолия (ИТРЕБ) ва Директори Институи илмҳои гуманитари академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят мулоқот намуд. Гуфта шуд, ки шуруъ аз солҳои 90-уми асри гузашта, дар асосӣ иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими фанни “Ахлоқ ва маърифат” дар муассисаҳои таълимии қаламрави ВМКБ расман иҷозат дода буд. Бо гузашти аӣём бо дарназардошти роиҷ будани таълимоти дунявӣ дар муассиаҳои таълимии давлатӣ ва зиëд шудани шумораи кӯдакони ғайри исмоили дар мактабҳои вилоят, бахусус дар шаҳри Хоруғ, камчинии вақт, соатҳои дарси ва синфхонаҳо ва дигар мушкилотҳои динии ҷаҳони имрӯза таълими ин дарс муваққатан боз дошта шудааст. Раиси вилоят ба таҷрибаи таълими ин фан дар кулли мамолик, ки дар онҷо ҷамоати исмоилия иқомат дорад ва кӯдакон фарогири ин таълим ҳастанд, ишора намуда якчанд варианти таълими ин фанро пешниҳод намуд. Баъди ҳаматарфа санҷидани ҳамаи паҳлуҳои шаклҳои пешниҳод шуда ширкатдорон аз мактаб баровардани ин фанро тақозои замон дониста , дар сатҳи маҳал (ҷамоатхона, хонаҳо, биноҳои шахсӣ ) ташкили он барои кӯдакон ва волидайн ба мақсад мувофик шумориданд. Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоят ва ИТРЕБ ба мувофиқа расиданд, ки масъаларо ҳаматарафа омухта, ҳуҷҷатҳои заруриро омода сохта бо органҳои болоии худ мувофиқа мекунанд. Тасмим гирифта шуд, ки уҳдадории ҳарду тараф бояд хеле равшан возеъ муайян карда шавад. Тарафҳо аз он изҳори каноатмандӣ намуданд, ки имруз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи сокинони саодатманди он дар интихоб ва ширкати худ дар ҳар гуна дину мазҳаб озод ҳастанд ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Чаноби Оли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро дар зери назари худ қарор доданд ва кафили ин озодии виҷдон ҳастанд. Шукронаи ин сиëсат аст, ки имрӯз ҷамоати исмолия аз ҳамаи ҳуқуқҳои худ бархурдор буда , бо ҳамаи мусулмонон ва пайравони динҳои дигар дар мамлакат баробар ва дӯстона зиндагӣ ва кор доранд. Кулли сиëсатмадорон ва диншиносони дунë дар ин ҷода ба Тоҷикистону Сарвари он баҳои баланд дода онро сарвати бебаҳо ва кафили асосии ваҳдати милливу рушди кишвар ном бурдандУмед меравад, ки рӯзҳои наздик коршиносони мақомоти давлатӣ ва намояндагони таълимоти мазҳаби модели навро хуб кор карда, таълими ин фан, ки холи аз ҳамаи намудҳои хурофот, бартари додани мақоми як мазҳаб ва ë равия нисбати дигар мазҳаб ва таълимотҳои диниву экстремисти холи буда, фақат ғояҳои беҳтарини ахлоқу маърифатро ба кӯдакон пешкаш менамояд, боз аз нав шуруъ хоҳад шуд.

Хоруг, 02.02.2021 “www. badakhshon.tj”

Пагоҳ Раёсати маорифи вилоят, Донишгохи давлатии Хоруғ, Инистииути илмҳои гуманитарӣ, Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маориф дар вилоят нишасти матбуотӣ доранд.Февраль 1, 2021 11:43Масъулини идораву муассисахо ки дар ҳудуди шаҳри Хоруг фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо дастгохи Раиси ВМКБ тавассути телефонҳои 2. 49 18 , 93 513 81 81 мувофиқа менамоянд.Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон www.badakhshon.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Аз 3 феврал дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон нишастҳои матбуотии идораву муассисаҳои вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 оғоз мегарданд.

Аз 3 феврал дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон нишастҳои матбуотии идораву муассисаҳои вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 оғоз мегарданд. Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд идораву муассиса баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволҳои худ ҷавоб гиранд.Масъулини идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Хоруғ фаъолият мекунанд, метавонанд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо дастгоҳи Раиси ВМКБ тавассути телефонҳои 2 49 18, 93 513 81 81 мувофиқа намоянд.Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ (www.badakhshon.tj) ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.Нишастҳои матбуотӣ тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврал оғоз гардида, 19 феврал ба охир мерасанд.Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 доир карда мешаванд.