Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Помиринвест -2019 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон

Дар асоси дастуру супоришҳои Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 6 августи соли 2019 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Форуми байналмилалии сармоягузории Помиринвест – 2019 баргузор шуд.
Дар Форуми мазкур беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, доираҳои соҳибкории шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.
Дар қисмати расмии Форум муовини Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Аҳмадзода Орзу Ҳусейн, муовини Вазири молия Гулмуродзода Карим, муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Амонзода Ширин, роҳбари намояндагии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов ва директори генералии ширкати “Помирэнерҷӣ” Ҷумаев Далер сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз ҷониби муовини директори генералии “Тоҷинвест” – назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҷавоҳирлаъл Музаффарӣ портали сармоягузорӣ ва соҳибкории В2В муаррифӣ карда шуд.
Зимни баромади худ Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон диққати ҳозиринро ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар вилоят ҷалб намуда, оид ба самтҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти вобаста ба пешбурди фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ дар вилоят ибрози ақида намуд.
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Аҳмадзода Орзу доир ба тадбирҳои андешидани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти беҳтаргардонидани фазои сармоягузорию соҳибкорӣ, инчунин самтҳои ояндадори ҳамкорӣ суханронӣ гардид.
Ҳамзамон дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи молу маҳсулот баргузор карда шуда, навори видоии имкониятҳои сармоягузории Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба намоиш гузошта шуд.
Сипас чорабинӣ дар се панели алоҳида дар мавзӯҳои “Роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ дар ВМКБ”, “Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун омили суръатбахши саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори саёҳӣ” идома намуд.
Дар доираи мулоқоти В2В соҳибкорон бо соҳибкорон имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт. Аз натиҷаи баргузории мулоқоту мустақими соҳибкорону сармоягузорон баимзорасонии як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Помиринвест – 2019 рӯзҳои 7–8 август баргузории як қатор чорабиниҳои дигар, аз ҷумла шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии вилоят, боздид аз корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар чорабиниҳои марбут ба муаррифии имкониятҳои сармоягузорию дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба нақша гирифта шудааст.