Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҳунарпеша, овозхони маъруф Далер Назаровро ба ҳузур пазируфтанд.

Имруз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҳунарпеша, овозхони маъруф Далер Назаровро ба ҳузур пазируфтанд. 
Зимни суҳбат раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон қайд карданд, ки чеҳраи ҳунарии Шумо ҳамчун сарояндаи соҳибҳунар дар ҷодаи эстрадаи навин тоҷик, ки мусиқи фолклори тоҷикро дар сабти оҳангҳои эстрадии “поп-фолк” таълиф намуда месароед. Ин барои мо боиси ифтихор аст, ки Шумо фарзанди ҳамин диёр дар тамоми давлатҳои Осиё ва Аврупо мардумро бо оҳанг ва эҷодиёти нависандагон ва шоирони тоҷик шинос менамоед.
Далер Назаров қайд намуданд, ки имрӯз шароити хеле хуб барои нигоҳ доштани фарҳанги аҷдоди мо фароҳам оварда шудааст. Овозхонони ҷавони Бадахшон имрӯз хеле машҳур шуда истодаанд. Мо мақсад дорем, ки овозхонони ҷавони вилоятро дастгири намоем. Мақсади омадани ман ба зодгоҳам Бадахшон ин аст, ки бештар бо дунёи овозхонони ҷавони вилоят, шароити кории онҳо шинос шавам. Овозхонони ҷавони вилоят маҳорати хуби овозхони доранд ва дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар низ иштирок карда истодаанд. Ман боварии комил дорам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баҳри ба даст овардани манфиатҳои натичабахш дар соҳаи фарҳанги вилоят ба мо кӯмаки худро дареғ намедорад.

Раиси ВМКБ мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони Бонки Рушди Олмон Андрес Шинайдер, Франк Марсиал, Манучеҳр Бақоев ва роҳбарияти Ширкати Помир Энерҷи Далер Ҷумъаевро ба ҳузур пазируфтанд.

Муовини раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони Бонки Рушди Олмон Андрес Шинайдер, Франк Марсиал, Манучеҳр Бақоев ва роҳбарияти Ширкати Помир Энерҷи Далер Ҷумъаевро ба ҳузур пазируфтанд. 
Раиси вилоят меҳмононро ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хайри мақдам гуфта барои саҳм гузоштан дар сохтмони НОБ- Себзор миннатдориро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баён намуданд. 
Зимни суҳбат масъалаи сохтмони НОБ – Себзор барарси гардида намояндагони Бонки Рушди Олмон иброз доштанд, ки ба хотири шурӯъ намудани корҳои сохтмони имрӯз гузаронидани якчанд тадқиқотҳо бояд гузаронида шаванд, чунки мувофиқи стандартҳо ва талаботҳои байналмиллалӣ шурӯъ намудани корҳои сохтмони бе тадқиқот номумкин мебошад. Айни замон тадқиқотҳои оиди таъсири сохтмони НОБ- Себзор ба муҳити зист, ҳаёти иҷтимоӣ мардум, кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ, сохтмони канал ва обанбор ва дигар масъалаҳо идома доранд. Инчунин тендер барои қабули мушовирони хориҷи ва дохилӣ, лоиҳаҳои иншоот бо тамоми мушаххасоти ҷузви, қабули мутахассисони лоиҳа идома дорад. Дар нақша аст, ки қабули ҳамаи кадрҳои лозими то охири моҳи ноябр ҷамъбаст мегардад. 
Сохтмони асоси неругоҳ дар семоҳаи дуюми соли 2020 оғоз мегардад. Ширкатҳои сохтмони тавассути тендери байналхалқӣ интихоб карда мешаванд. 
Ёдовар мешавем, ки сохтмони НОБ – Себзор бо дастгири бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ сохта ва истифода дода хоҳад шуд. Дар сохтмони нерӯгоҳи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва панҷ донори хориҷи саҳмгузор хоҳанд шуд. Аз ҷумла давлати Олмон тавассути Бонки Рушди Олмон (БРО), USAID Амрико, Созмони Аврупо, СЕКО- Швейтсария ва Бонки Ҷаҳонӣ мебошанд. Маблағи умумии барои сохтмони НОБ- Себзор 35,6 млн долларро ташкил медиҳад.