ТАМАННИЁТИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН МУҲТАРАМ ЁДГОР ФАЙЗОВ БА ИФТИХОРИ РЎЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Табибони ҳозиқ ва гиромӣ!

Ҳамасола дар остонаи ҷашни Соҳибистиқлолии кишвар, дар фазои сулҳу субот, дар руҳияи баланди ифтихор аз давлату миллат, созандагиву бунёдкорӣ, ҳисси меҳанпарастӣ ва худшиносии миллӣ – Рӯзи кормандони тиб ва зодрӯзи табиби бузурги миқёси ҷаҳонӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абӯали ибн Синоро бо шукӯҳу шаҳомати хосае таҷлил мегардад ва бояд ёдовар шуд, ки ин Ид нафақат иди кормандони тиб, балки иди ҳар як сокини кишвар аст, чаро, ки табибон ҳомиёни ҳифзи саломатии кулли инсониҳо мебошанд. Мо аз он ифтихор дорем, ки дар фазои сулҳу субот ва оромии кишвар Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи тандурустиро ҳамчун сиёсати афзалиятноки давлат дар мақоми аввал гузоштанд ва онро боигарӣ ва ё сарвати бебаҳои давлату миллат маънидод намуданд.
Аз ҳамин лиҳоз давоми фақат ду соли охир чандин биноҳои замонавӣ сохта шуда ҳамаи иншоотҳои тиббӣ бо технология муосир таҳҷизонида шуданд. Сохтмон ва аз навсозии иншоотҳои тиббӣ ва омузондани кадрҳо идома ёфта, имсол 98 нафар бо квоти Президентӣ ба Донишгоҳи давлатии Тиббӣ дохил гардиданд. Бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати панҷ соли оянда ҳамаи иншоотҳои тиббӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, таъмир ва ё аз нав сохта мешаванд.
Маввудият, тақдир ва ҳастии ҳар инсон дар бисёр маврид ба меҳнату заҳмати тоқатшикани табибон ва тамоми кормандони соҳа алоқаманд аст ва ман ба Шумо барои талошҳои зиёди шабонарузиатон ва наҷоти ҳаёти садҳо маризон ташаккури самими изҳор намуда аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамаи Шуморо ба иди касбиатон табрик мегӯям ва бароятон бахту саодат, тансиҳатӣ ва дар кори пурифтихори ҳамарӯзаатон барои нигоҳдошти саломатии аҳолӣ комёбиҳои беназир таманно менамоям.