ВОХУРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУХИСТОНИ БАДАХШОН ЁДГОР ФАЙЗОВ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ РОВАНДИ НОҲИЯИ ВАНҶ ДОИР ГАРДИД.

Дар доираи сафари кории раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба ноҳияи Ванҷ бо фаъолони ҷамоати деҳоти Рован баргузор гардид, ки дар вохӯрӣ бобати корҳои сохтмонӣ бахшида ба ҷашни 30 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов соҳибкорон ва сокинони ҷамъоатро ба корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатӣ даъват кард. Таъкид намуд, ки дар доираи корҳои ободонӣ аз сохтмони ҳафт пули мошингузар дар ноҳияи Ванҷ сохта мешавад, ки мушкилоти мардум ҳали худро пайдо мекунанд. Аз вазъи ногувори роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Рован Ёдгор Файзов изҳори нигаронӣ карда, баҳри ҳалли мушкилоти марбута чораҳои мушаххас хоҳад андешид. Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов сокини ҷамоати деҳоти Равандро ба таълиму тарбияи фарзанд ҷалб карда, онҳоро ба омӯхтани забонҳои англисӣ ва руси ва тахсил дар донишгоҳҳои олӣ ҳидоят намуд. Дар анҷоми чорабинӣ миёни раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва фаъолони ҷамоат гуфтугӯ озоду ошкоро ҷараён гирифт. Сокинон рустонишин ба роҳбарияти вилоят дар самти бунёди қубури обгузар барои шодоб кардани дашти ташналаби Вушхарвак дархос намуданд. Ба ин монанд бошандагони деҳаи Дуршер солҳои зиёд аз набудани қувваи барқ ранҷ мекашанд мушкилоти худро ба вилоятдор арза доштанд. Арзу шикоят ва дархости мардум аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба инобат гирифта шуда, баҳри ҳалли онҳо чораҳои мушаххас хоҳад андешид.

САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН МӮҲТАРАМ ЁДГОР ФАЙЗОВ БА НОҲИЯИ ВАНҶ

Зимни сафари кории раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба ноҳияи Ванҷ аз деҳаи дурдастарини ноҳияи Ванҷ деҳаи Пойи Мазор дидан карданд. Дар ин мавзе бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди се корхонаи коркарди тахта сангҳои мармарин аз ҷониби ҶДММ “Хурустал”ба роҳ монда мешавад, ки баъди ба истифода додани корхонаҳои мазкур беш аз 100 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳад гардид . Аз ҷониби ин ширкати сармоягузор 8 километр роҳ, ки сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Раванд дар фасли зимистону тобистон барои сокинон мушкилоти зиёд пеш меоварад аз миён бардошта шуд.