ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ

Зимни Ситоди вилоятӣ оиди пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба ризокороне, ки дар баробари кормандони сохторҳои давлатӣ хизмат ба табибон, беморон ва сокинон расонида истодаанд изҳори сипос намуд.
“Ман миннатдории самимии худро ба ризокороне, ки дар ин рӯзҳои мушкил ҷони худро дар хатар гузошта ба мардум хизмат карда истодаанд аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баён менамоям”.
Инчунин зимни сӯҳбати телефонӣ бо Менеҷери минтақавии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон дар ВМКБ Хумориков Хуҷамёр ва аъзои фаъоли гурӯҳи ризокорони Даст ба даст Мақсуд Ғайосов раиси ВМКБ шахсан изҳори сипос ва миннатдории хешро барои хизмат намудан дар ин рӯзҳои мушкил баён намуданд.

ДОНИШҶУЁН ВА СОКИНОНИ ВИЛОЯТ, КИ ДАР МАРЗ БО ДАВЛАТИ ҲАМСОЯИ ҚИРҒИЗИСТОН ҚАРОР ДОРАНД БА ВАТАН БАРГАРДОНДА МЕШАВАНД.

Аз руи масъалаи дигари кори Ситоди вилояти раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов овардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишҷуён ва сокинони ноҳияи Мурғобро аз қаламрави Ҷумҳурии Кирғизистон аз вазифаи дигари муҳими руз манидод намуд. Қайд дошт, ки айни ҳол 286 нафар сокинони ноҳияи Мурғоб ва донишҷуёни шаҳру нохияҳои вилоят, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии ҳамсояи Қирғизистон таҳсил намуда, нияти омадан ба маҳалли зистро доранд, барои овардани онҳо бунёд намудани минтқаи карантини дар ҷамоати Қаракули нохияи Мурғоб ва барои донишҷуён бошад, ҷудо намудани ҷойи дигар наздик ба маркази вилоят барои гузаронидани давраи карантини ба маъсулин супоришҳои мушаххас доданд.

ХАБАРИ ХУШ !!! ШУМОРАИ МУБТАЛОИЁНИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID 19 ДАР ВМКБ ТАМЮЛ БА КАМШАВӢ НИҲОДАСТ.

Субҳи имрӯз назди раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ситоди навбати оиди пешгири аз паҳншавии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 баргузор карда шуд.
Раиси вилоят бо эломи ин хабар дар кори ситоди вилоятӣ оид ба пешгири ва муолиҷаи бемории илтиҳоби шадиди шуш ва covid – 19 таъкид дошт, ки хушбахтона рузҳои охир теъдоди афроди гирифтори ин беморӣ дар ВМКБ кам ба қайд гирифта шудааст. Тибқи омори расмӣ ба ҳолати 7-июн ҳамагӣ 19 нафар дар муассисаҳои табобатӣ бистари гардиданд, ки ин нишондод дар муқоиса ба як ё ду ҳафтаи пеш, ки шумораи сироятёфтагон аз 50 то 70 нафарро ташкил дода буд, бисёр андак мебошад. Дар давоми ба табобат фаро хондани ибтилоиёни ин бемори 1506 нафар ба таври расмӣ бо касалиҳои гуногуни шуш ба табобат фаро хонад шуданд, ки аз ин шумора 75 дарсадашон ё худ 1132 нафар баъди баркарор шудани вазъи саломати аз муассисаҳои табобатӣ рухсат дода шуда, танхо дар давоми ин муддат 22 нафар ашхоси калонсол ва ё нишонаҳои дигар бемориҳои музмин доштанд фавтиданд, ки 14 нафарашон ба беморхонаи вилояти рост омада, дар ҳудуди вилоят ҳодисаи фавт дар мачмуъ 1,5 фоизро ташкил медиҳад.

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида:
– барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд;
– нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад;
– аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонад;
– то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд;
– то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархҳои маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад;
– аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд;
– аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд;
– аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод намояд;
– аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозиро манъ намояд;
– аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод намояд;
– аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар намояд;
– аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намояд;
– фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳоро вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандон барои таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва ё табобат аз бемории сироятии СOVID-19 ба муҳлати дахлдор аз андозбандӣ озод намояд;
– бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст намояд;
– нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишвориро дар кишвар танзим намояд;
– аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъиноти тиббӣ, бахусус соҳибкорзанҳо маблағҳои қарзии имтиёзнок ҷудо намояд;
– то ба эътидол омадани вазъ ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ афзалият диҳад;
– барои таъмини фаъолияти фосилавии мақомоти давлатӣ раванди татбиқи ташаккули ҳукумати электрониро ҷоннок намояд;
– барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба мусоидат намояд;
– ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё ба кори кироя машғул мебошанд, дар сурати мавҷуд набудани хатари эпидемиологӣ ҳангоми ворид шудани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводид ва иҷозат барои кор ва бақайдгириро дар мақомоти дахлдор таъмин намояд;
– то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро тамдид карда, таҳримҳоро барои риоя нагардидани талаботи қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нанамояд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон:
– ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс-мажор) дар доираи қонунгузории амалкунанда ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағҳои қарзии фавқулода пешниҳод намояд;
– якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои саривақтии байналмилалии давлатӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ намояд;
– мубодилаи асъори хориҷиро ба субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба воридоти молҳои ниёзи аввалия, аз ҷумла дорувории тиббӣ, ғалла, орд, равғани растанӣ, шакар ва сӯзишворӣ машғуланд, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлатӣ нигаронида шудаанд, бо афзалият таъмин намояд;
– ҷиҳати таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ бо маблағҳои қарзӣ тадбирҳои танзимкунандаи меъёриро тавассути бознигарии меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмӣ анҷом диҳад;
– дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзӣ ва бо дарназардошти пешгирии хавфҳо ҷиҳати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки уҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои муҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҷӯӣ намояд;
– якҷо бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои истифодаи фосилавӣ аз воситаҳои электронӣ, пардохти хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет чораҷӯӣ намояд.
3. Доир ба тадбирҳои амалинамуда вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
5 июни соли 2020
№1544

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ҳамаи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки дар чунин лаҳзаҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавируси нави КОВИД-19 саҳмгузорӣ намуда истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамояд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба ҳамаи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки дар чунин лаҳзаҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавируси нави КОВИД-19 саҳмгузорӣ намуда истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамояд.

ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ БЕҲДОШТИ САЛОМАТИИ АҲОЛӢ

“Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ беморхонаҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгоҳи нафасдиҳии суннӣ ки барои табобат намудани бемороне, ки аз касалии сироятии короновирус ё худ КОВИД-19 азият мекашанд таъмин мекунанд
Хоруғ, Тоҷикистон, 1 июни соли 2020 –
Намояндагии ЮНИСЕФ бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо чор адад дастгоҳи нафасдиҳии суннӣ барои табобат намудани бемории пандемияи КОВИД-19 дар мамлакат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) тақдим намуданд.
Ин таҷҳизотҳо аз ҷониби намояндагони маҳаллӣ дар Хоруғ қабул гардида дар Маркази онкологии беморхонаи шаҳри Хоруғ ва беморхонаҳои ноҳияи Мурғоб, Ванҷ ва Ишкошим насб карда мешаванд. Ғайр аз он, барои кормандони дахлдори тиббӣ дар ин марказҳо омӯзишҳо барои самаранок истифода бурдани ин таҷҳизот гузаронида мешавад. Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар ин самт дастгирии худро пешниҳод мекунад.
Раиси ВМКБ, муҳтарам Ёдгор Файзов барои ин дастгирии муҳим изҳори миннатдорӣ намуда қайд кард, ки ин таҷҳизотҳо ҷузъи муҳими муборизаи мо бо коронавирус дар минтақа мебошанд ва мо хеле хурсандем, ки ин кӯмакро дарёфт кардем. Ин таҷҳизот имконият медиҳад, ки ҳатто вақте ки пандемия идома меёбад ҳаёти худро нигоҳ дорем. Аз ин рӯ, ман ба ҳамаи оилаҳо ва шахсони алоҳида, ки аз ин хайрия бевосита баҳраманд мешаванд, ҳамроҳ мешавам, то миннатдории худро ба Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ, Ҳилоли Аҳмар ва ҳамаи шарикони мо дар ҷомеаи рушд изҳор намоям.
Бояд қайд кард, ки ин дастгирӣ аз тарафи шарикони рушд саривақтӣ буда 20 адад дастгоҳи нафасдиҳии суннӣ дар 17 маркази тиббии тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда мешаванд. Ин як далели мустақими Иттиҳоди Аврупо ва дигар муассисаҳои донорӣ дар ҳифзи ҳаёт ва таъмини дастгирии зарурӣ барои назорати пандемия дар кишвар мебошад.

МАЪЛУМОТ ОИДИ СУРАТҲИСОБИ МАХСУСИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ БАРОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНОВИРУС Ё ХУД COVID 19 ДАР ВИЛОЯТ

Дар суратҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки барои пешгирии бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 ба ҳолати 28 майи соли равон 304 ҳазору 121 сомонӣ ва ба таври наќдӣ ба дастгоҳи раиси ВМКБ 36 ҳазору 900 сомонӣ ва 400 доллари амрикоӣ аз ҷониби ашхоси саховатпеша дохил гардидааст. Ҳамчунин, ба кортҳои бонкие, ки дар Аввалин бонки молиявии хурд кушода шудаанд, 41 ҳазору 122 сомонӣ бо асъори миллӣ ва 4 ҳазору 48 доллари амрикоӣ ворид шудаст.
Сарфи маблағҳои суратҳисоби мазкур таҳти назорати раиси ВМКБ Ёдгор Файзов қарор дошта, то санаи 28.05.2020 аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда 600 сомонӣ ҷиҳати харидории селофан барои Касалхонаи вилоятӣ, 30 ҳазор сомонӣ чун кўмак барои Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб ҷудо гардида, ҳамчунин бо мақсади дастрас намудани доруворӣ, сару либоси тиббӣ ва маводи озуқавоӣ барои касалхонаҳои марказии ноҳияҳои Рўшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб 5 ҳазору 470 сомонӣ сарф карда шуд. Инчунин 11 ҳазору 673 сомонӣ барои харидории ќисмҳои эҳтиётӣ, 14 хазору 969 сомонӣ барои сўзишворӣ, 3 ҳазору 348 сомонӣ барои хариди равғанҳои молиданӣ, дар маҷмўъ 29 ҳазору 990 сомонӣ барои стансияи Ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ ва 3 ҳазору 900 сомонӣ ҷиҳати таъмири мошини Ёрии таъҷилии Беморхонаи касалиҳои рўхии вилоятӣ воқеъ дар ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардид. Инчунин, барои интиқоли рахти хоб ва маводи хўрокворӣ ба беморхонаи касалиҳои рўҳии ноҳияи Роштқалъа, дастрас намудани либосҳои муҳофизати фардӣ аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Хоруғ, қабул ва гусели масъулону ронандагоне, ки кўмакҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳру навоҳии вилоят дастрас намуданд, 921 сомонӣ сарф гардидааст. Барои қабул ва гусели намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати шинос шудан бо вазъи беморони вилоят аз шаҳри Душанбе тавассути чархбол ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон сафар намуд 600 сомонӣ, барои эҳтиёҷоти Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҷиҳати табдил додан ба беморхонаи муаваққатӣ 2 ҳазору 310 сомонӣ, хароҷоти нақлиёт барои дастрас намудани маводи доруворӣ аз ноҳияи Мурғоб ба шаҳри Душанбе 7 ҳазор сомонӣ, таҷҳизонидани утоқи табобатӣ дар касалхонаи вилоятӣ 600 сомонӣ ва харидории редуктори кислород барои касалхонаи вилоятӣ 5 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз ҳисоби ҳамаи маблағҳои воридгардида санаи 28 майи соли ҷорӣ 35 ҳазору 60 сомонӣ барои харидории 50 адад кислород, ки тавассути Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дастрас карда мешавад, ҷудо гардид.
Инчунин, барои пардохти маоши кормандони дастаи иловагии стансияи Ёрии таъҷилӣ 5 ҳазору 739 сомонӣ ҷудо карда шуд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ҳамаи шахсони саховатпешаву хайрхоҳ, ки дар чунин лаҳзаҳо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавируси нави КОВИД-19 саҳмгузорӣ намуда истодаанд, миннатдории самимӣ баён менамояд.

КӮМАКИ ХАЙРИЯВӢ


Кумаки навбати аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии намудани табибони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки дар ин рӯзҳои мушкил бо бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 мубориза бурда истодаанд дастрас гардид.
Кӯмак аз қабили пиёз, сабзи, картошка, орд, шакар ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат буда, тавассути кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят дастраси 166 хонаводаҳои табибон гардид.

ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ ДИҚҚАТ

Ба диққати шаҳрвандони дохиливу хориҷи расонида мешавад, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилоят​ Мухтори Куҳистони​ Бадахшон бо мақсади​ ​ соддатар кардани интиқоли маблағхои хайриявӣ барои пешгирии касалии COVID-19 дар вилоят бо усули набаромадан аз хона​ тариқи кушодани​ кортҳои кооперативи бо асъори милли​ ва хориҷиро ​ дар ҳамкори бо Аввалин бонки молиявии хурд дар шаҳри Хоруғ роҳандози намудаст. Шахсони саховатпеша метавонанд аз хона набаромада бо иистифода аз рақамҳои дар зер овардашуда маблағро интиқол диҳанд.

АЁДАТИ БЕМОРОН

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо мақсади аз наздик шинос шудан аз вазъияти бемороне, ки бо бемории сироятии короновирус ё худ covid 19 дар Беморхонаи вилояти бистари гардиданд аз наздик дидан намуд. Раиси вилоят аз вазъияти Беморхонаи вилояти дидан намуда бо беморон суҳбати ошкоро доир намуд. Зимни суҳбат беморон аз шароити беморхона аз ҷумла кам будани теъдоди ҳоҷатхонаҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани рахти хоб ва норасоии гармкунакҳои барқи шикоят намуданд. Раиси вилоят ба маъсулини тандурустии вилоят ва раёсати молияи вилоят супориш доданд, дар мудати кутоҳтарин ин камбудиҳоро бартараф намоянд. Инчунин беморон изҳор доштанд, ки дар масъалаи табобати ройгон ва таъмини дорувори барои табобати бемории сироятии короновирус мушкилот надоранд.
Беморхонаи марказии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон баъди коҳиш ёфтани бемори сироятии короновирус ва гусел гардидани охирон бемор ба таъмири капиталӣ фаро гирифта мешавад.