ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА

Имруз бо супориши Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ҳашари дастҷамъона бо иштироки кормандони дастгоҳи Раиси ВМКБ идораву муассисаҳои вилоят доир карда шуд. Ёдовар мешавем, ки бар асари фаромадани тарма дар деҳаи Кулеви ноҳияи Роштқалъа канали Додихудо вайрон гардида мушкилоти норасоии оби полези дар шаҳри Хоруг ба миён омад. Бо мақсади зудтар тоза намудани канали мазкур аз барф ва кушодани намудани он ба самти шаҳри Хоруг тамоми кормандони идораву мауссисаҳои вилоят ҷалб гардиданд.

КОР БО МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

Дар се моҳи соли 2021 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ 304 шаҳрванд, аз ин 154 нафар тариқи хаттӣ ва 150 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуданд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 16 муроҷиат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 19 муроҷиат (12,7 фоиз) ҷавоб гардонида шуд, 42 адад қонеъ нашуданд, барои 47 нафар аризадиҳандагон моҳияти қонун фаҳмонида дода шуда, 45 муроҷиат дар арафаи баррасӣ қарор доранд.

Дар се моҳи соли 2021 муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ба вилоят тариқи бонкҳо маблаги 7,6 млн доллари ИМА интиқол доданд, ки ин нисбати соли гузашта 2,1 млн доллар зиёд мебошад.

Дар се моҳи соли 2021 муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар ба вилоят тариқи бонкҳо маблаги 7,6 млн доллари ИМА интиқол доданд, ки ин нисбати соли гузашта 2,1 млн доллар зиёд мебошад.

66Поделились: 4НравитсяКомментироватьПоделиться