Табрикоти муовини Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба муносибати 27 умин солгарди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳомиёни шуҷои марзу буми Ватан!Сараввал Шуморо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шахсан аз номи худам ба ифтихори 27 умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба Шумо- ҳомиёни марзу буми кишвар сиҳатмандӣ, нерӯи тоза, хонаободӣ ва дар кору хизмати бошарафатон барои ободию шукуфоии Ватан тавфиқу барор хоҳонам.Мусаллам аст, ки таъмини ҳифзи сарҳад, нигоҳ доштани ягонагии марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлатӣ ва ҳимояи муқаддасоти миллиро бидуни Артиши миллӣ, ки қувваҳои марзбон ҷузъу томҳои он мебошанд, тасаввур кардан маҳол аст.Хотирнишон бояд кард, ки Қушунҳои сарҳадӣ монанди дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар давраи басо вазнини таърихи кишварамон ташкил гардид. Аз ин рӯ, ин қушунҳо, ки ҳоло ба сохтори муназзам ва боэътимоди ҳифзи марзу буми кишвар табдил ёфтаанд, яке аз дастовардыои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошанд.Имрӯз ба ҳамагон маълум аст, ки таъмини дахлнопазирии сарҳади давлатӣ вобаста ба вазъияти сиёсӣ дар Афғонистон ва ҳодисаҳои вақтҳои охир дар сарҳад бо давлати Қирғизистон рух дода Қушунҳои сарҳадии моро зарур аст, ки дар заминаи омузишу тамринҳои паваста саъй бар он намоянд, ки ба дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзии кишвар ва амнияти миллату давлат халал ворид карда нашавад. Аз ин хотир, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, мактаби мукаммали ҳаёт буда, фарзандони мо дар ин ҷо дарси ҷавонмардию шуҷоат омӯхта, ҷисману рӯҳан обутоб меёбанд. Вале набояд фаромуш сохт, ки вазифа ва масъулияти шаҳрванд дар назди Ватан танҳо бо хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ маҳдуд намегардад. Маҳз дар ҳамкории пайвастаи Қувваҳои мусаллаҳ ва ҷомеа сулҳу амнияти доимиро нигоҳ доштан мумкин аст.Аз Шумо – ҳомиёни марзу буми кишвар танҳо як чиз – ҳимояи сарҳади давлатӣ бо интизоми қатъии ҳарбӣ, маҳорати баланди касбӣ, шуҷоату матонат ва садоқату ҷасорат тақозо карда мешавад. Ин вазифаи муқаддас ва рисолати инсонии ҳар яки шумост. Ҳар кадоми Шумо, аз хизматчии оддӣ то афсари баландрутба бояд хуб дарк намоед, ки барои фаъолияти бенуқсонатон сатҳи баланди маҳорату маърифатнокӣ, салоҳияти касбӣ, зиракии сиёсӣ ва дасту дили пок доштан зарур аст. Иҷрои содиқона ва адои софдилонаи хизмати ҳарбӣ бевосита аз ҳисси ватандустиву ватанпарварӣ, ифтихор аз миллати куҳанбунёду фарҳангофарин ва дарки аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ, такмили маҳорат, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва риояи қатъии интизоми ҳарбӣ вобаста асn. Халқ дар симои Шумо муҳофизони боэътимоди сарҳадҳои давлатӣ, амнияти ҷомеа ва миллатро мебинад ва аз ҳар кадоми Шумо кору муносибати шоистаро интизор аст. Мо дар остонаи таҷлили ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Фаъолияти пурсамари Шумо дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ барои таҷлили бошукуҳи ин ҷашн заминаи мусоид фароҳам меорад. Дар анҷом бори дигар ҳамаи Шумо – муҳофизони марзу буми Ватанро бо 27 умин солгарди Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хушрӯзгорӣ ва дар иҷрои вазифаи хизматиатон тавфиқу комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.Ҳамеша сарбаланд ва муваффақ бошед!2 464Охват (люди)388ВзаимодействияПродвижение недоступно

4747Комментарии: 2Поделились: 6НравитсяКомментироватьПоделиться