Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамзамон Директори Академияи Васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Назира Амирбекзода бо аъзоёни Иттифоқи журналистони ВМКБ, рӯзноманигорони телевизиони Бадахшон, Рӯзномаи “Бадахшон”, донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хоруғ вохӯри баргузор намуданд.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамзамон Директори Академияи Васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ва муовини раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Назира Амирбекзода бо аъзоёни Иттифоқи журналистони ВМКБ, рӯзноманигорони телевизиони Бадахшон, Рӯзномаи “Бадахшон”, донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хоруғ вохӯри баргузор намуданд.
Зинатулло Исмоилзода оиди фазои иттилоотии вилоят сухан намуда қайд карданд, ки мо дар замони пешрафти технологияи муосир қарор дорем, ки ин аз мо мутахассисони соҳа меҳнати дучандро тақозо менамояд. Вобаста ба ин мо бояд дар ҳамаи самтҳои соҳаи рӯзноманигори фаъол бошем. Аъзоёни Иттифоқи журналистони вилоят имрӯз мутобиқи талаботҳои байналмиллалӣ кушиш намоянд омӯхтани забонҳои англисӣ ва руси ва навиштани мақолаҳо бо забонҳои хориҷи низ омода бошанд. Донишҷӯёни факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ки дар оянда мутахассисони соҳа хоҳанд шуд бояд дар вохӯри бо собиқадорон ва аъзоёни Иттифоқи журналистони вилоят ҷалб карда шаванд, ки барои онҳо як дарси амали хоҳад буд.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода миннатдории самимиро аз номи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ба раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон муҳтарам Зинатулло Исмоилзода барои суханҳои пурмӯҳтаво ва сӯҳбати ошкоро оиди фазои иттилоотии вилоят баён намуда барои пеш бурдани соҳаи рӯзноманигори ба раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон комёбиҳоро орзу намуданд.

Конференсия дар ошияи солхои 2019-2021″ Рушди дехот, сайёхи ва хунархои мардуми” дар мазуъи ” имкониятҳои сайёҳии ВМКБ ва монеаҳои рушди он”

Дар Донишгохи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев бо иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон сарпарасти соҳаи сайёҳӣ Носирзода Умедчон, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло ва , муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо , конференсия дар ошияи солхои 2019-2021″ Рушди дехот, сайёхи ва хунархои мардуми” дар мазуъи ” имкониятҳои сайёҳии ВМКБ ва монеаҳои рушди он” баргузор карда шуд. Дар конфронс имкониятҳои сайёҳии вилоят аз ҷониби олимону мутахассисони соҳа мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Маълумоти муфассал оиди конфронс дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ инъикос хоҳад шуд

Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов раиси Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Директори Академияи васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзодаро ба ҳузур пазируфтанд.

Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов раиси Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон Директори Академияи васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзодаро ба ҳузур пазируфтанд.
Раиси вилоятро дар мулоқот муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ҳамроҳи намуданд.
Дар мулоқот масъалаҳои пурзур кардани фаъолияти сомонаҳо ва нашрияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба бозомӯзӣ ҷалб намудани кормандони телевизиони маҳаллӣ ва рӯзномаи “Бадахшон” ва гузарондани назарсанҷӣ миёни аҳоли оиди фаъолияти фазои иттилоотии вилоят барраси карда шуданд. Ин чунин вохӯри бо аъзоёни Иттифоқи журналистони Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дар назар дошта шудааст .
Раиси вилоят меҳмононро ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хайри мақдам гуфта изҳор доштанд, ки соҳҳаи рӯзноманигори дар вилоят бояд беҳтар карда шавад ва мутахассисони ҷавони соҳаи рӯзноманигори ба курсомузи ва таҷрибаомӯзӣ ҷалб карда шаванд лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда саҳми намояндагони васоити ахбори омма дар рушди сиёсиву иқтисодӣ вилоят назаррас мебошад.
Раиси вилоят миннатдории худро ба Кумита телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри кӯмаки техникӣ барои телевизиони “Бадахшон” баён намуданд.

БАРНОМАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОДА ШУД.

БАРНОМАИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН МАВРИДИ ТАҲЛИЛ ҚАРОР ДОДА ШУД.
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шуғнон бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ва раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қосим Роҳбар ва дигар роҳбарони идораву муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд. Ҷаласаро раиси ноҳияи Шуғнон Гиёзода Азиз Қодир кушода эълон намуда сухани ифтитоҳиро ба раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қосим Роҳбар доданд.
Қосим Роҳбар зимни баромади худ қайд карданд, ки баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди иҷтимоию – иқтисодии ноҳияи Шуғнон марҳила ба марҳила дар натиҷаи татбиќи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардида истодааст. Табиати хушманзараи ноҳия барои рушди соҳаи туризм мувофиќ буда, чашмаҳои гарму шифобахш (Ҷелондеҳ, Бадчор ва Биҷандара), захираю канданиҳои зиёди табиӣ, ёдгориҳои таърихӣ ва манзараи зебо мавҷуд мебошад, ки истифодаи онҳо ба рушди минбаъдаи ноҳия мусоидат карда истодааст. Шумораи аҳолии ноҳия ба ҳолати 1 – уми июли соли 2019 ба 41 ҳазору 254 нафар расида нисбат ба соли 2015 (39008 нафар), 2246 нафар ё 5,5% зиёд гардидааст. Ноҳия аз 7 Ҷамоати деҳот иборат буда, дар ҳудуди он 6010 хонавода зиндагонӣ мекунанд. Шуғли аҳолии ноҳия асосан ба соҳаи кишоварзӣ равона гардидааст. Ифтихори мардуми ноҳияи Шуғнон аст, ки Қаҳрамони миллати тоҷик Шириншоҳ Шоҳтермур дар ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳия ба дунё омадааст ва ин гувоҳӣ он аст, ки ин сарзамини қаҳрамонон мебошад. Аз рўи нишондиҳандаҳои оморӣ ба ҳолати 01.01.2019 рушди соҳаҳои иқтисодии ноҳия таъмин гардида, маблағи истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ 172,1 млн.сомониро (буд соли 2015, 154,2 млн. сомонӣ) ташкил дода, нисбати соли 2015 (17,9 млн.сомонӣ) 111,6% зиёд мебошад. Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2015 – 2019 татбиқи 147 лоиҳа бо маблағгузории 214,7 млн.сомонӣ қабул гардидааст, ки амалигардонии он ба рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия таъсири мусбӣ расонида ва бо ин васила сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳия то андозаи муайян баланд бардошта шуда истодааст.

Татбиқи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи милии рушди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун нақшаи амали директивӣ, иҷрои саривақтии супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми сафарҳои кориашон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва амалишавии Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маќомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» пешрафти иќтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми маҳаллиро таъмин карда истодааст.

Ҳамзамон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро танзим мекунад.
Таъмини нишондиҳандаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019:

2.1. Таъмини пешрафти устувори иқтисодӣ (ҳадафи стратегӣ);
2.2. Рушди соҳибкорӣ;
2.3. Рушди саноат;
2.4. Таъмини истиќлолияти энергетикии мамлакат (ҳадафи стратегӣ);
2.5. Аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон(ҳадафи стратегӣ);
2.6. Ҳифзи амнияти озуқаворӣ (ҳадафи стратегӣ);
2.7. Вусъати шуғли пурмаҳсул (ҳадафи стратегӣ);
2.8. Рушди сайёҳӣ
2.9. Рушди сармояи инсонӣ (рушди маориф);
2.10. Рушди тандурустӣ;
2.11. Амалӣ намудани қатъномаи Маҷмаи умумии СММ доир ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 – 2028”;
2.12. Рушди варзиш ва ҷавонон;
2.13. Риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воќеӣ ва ҳуқуқӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”;
2.14. Таъмини ҳолати хуби экологӣ;
2.15. Баробарии гендерӣ.
Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов қайд намуданд, ки мо бояд ба ҳали масъалаҳои барномаи иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳои вилоят вобаста ба шароити ва имкониятҳо воқеъбинона назар кунем. Ба изофанависи омори дар ҳамаи соҳаҳо хотима бахшем. Онгоҳ мо метавонем барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилоятро натичабахш намоем. Барномаҳое, ки аз вилоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад мо бояд мутмаин бошем, ки барномаи пешниҳодгардида дар шароити кӯҳистон амали кардан мумкин аст. На ҳамаи барномаҳои пешниҳодгардидаи роҳбарони ноҳияҳои вилоят ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити вилоят амали кардан мумкин аст.

МУСОҲИБАИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН МӮҲТАРАМ ЁДГОР ФАЙЗОВ БО РӮЗНОМАНИГОРИ РУЗНОМАИ “ҶУМҲУРИЯТ


ЁДГОР ФАЙЗОВ: “ҶАНОБИ ОЛӢ БАРОИ МО НАМУНАИ БАРҶАСТААНД”

Чун рӯз рӯшан аст, ки дар замони истиқлол мавқеи хоси ҷуғрофӣ – дурӣ, баландкӯҳӣ, ҷойгирӣ дар минтақаи сарҳадӣ ва вижагиҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Тадбирҳои Ҳукумати кишвар аз раҳо додани минтақа аз бунбасти коммуникатсионӣ оғоз гардида, бунёди пояҳои устувори рушди иқтисодӣ зина ба зина амалӣ мешавад. Расо як сол пеш бо мақсади суръатбахшии бештари рушди иқтисодӣ бо Фармони Президент дар вилоят роҳбарияти нав таъйин шуд. Аз ҷараёни корҳои созандагӣ, рушди иқтисодии вилоят ва мушкилоти ҷойдошта суҳбате оростем бо раиси вилоят Ёдгор Файзов, ки манзури хонандагон мегардад.

– Таъйиноти Шумо ба мансаби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ғайричашмдошт буд. Баъди ин, мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин рӯйдод изҳори қаноатмандӣ карданд, яъне аз Шумо ҳамчун менеҷери соҳибтаҷриба умеди зиёд доранд. Инак, муддатест, ки Шумо ҳамчун раиси вилоят ба мардум хизмат мекунед. Бардоштҳоятон аз ин замон.

– Бисёр муташаккирам аз мардуми сарбаланди ВМКБ, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи таъйин намуданам ба мансаби иҷрокунандаи раиси ВМКБ хуш пазируфтанд. Ин эътимодро ман на танҳо дар сухан, балки дар амал эҳсос мекунам. Алҳол ВМКБ мисли дигар манотиқи кишварамон осудаву ором аст, мардум аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат ҷонибдорӣ мекунанд ва ҳаёти осоишта доранд. Вале аз ин муваффақиятҳое, ки ба даст овардаем, набояд фориғбол шавем, чунки вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза хоҳ – нохоҳ ба суботи давлатҳо таҳдид мекунад. Бинобар ин, барои ҳар яки мо муҳим аст, ки фирефтаи сиёсати таҳмилии бегонагон нашавему дар атрофи сиёсати сулҳҷӯёнаву таҳаммулгаронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем, чунки ҳар як сухану амалашон таҷассумгари ақида, арзишу манфиатҳои миллиамон аст. Бо истифода аз ин фурсат бояд бигӯям, ки Ҷаноби Олӣ барои мо намунаи барҷастаанд. Ман аз кору пайкори Сарвари давлатамон илҳом мегирам ва кӯшиш дорам, ки ба Ватану миллат содиқона хизмат кунам.

– Бо таъйин шуданатон ба мансаби раиси вилоят дар самти таъминоти волоияти қонун низ дигаргуниҳои мусбат ба назар мерасанд. Кадом омилҳои асосие барои ин мусоидат мекунанд?

– Дарвоқеъ, вазъи таъмини волоияти қонун хеле хуб шуд ва дар ин кор талошҳои зиёди ситоди байниидоравӣ, саҳми мардум, идораҳои қудратӣ ва бахасус, роҳнамоии Ҷаноби Олӣ, нақши бузург бозиданд. Умедворам, ин дастоварди муҳим пойдор хоҳад монд, зеро мардум хуб дарк мекунанд, ки рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст.
Барои муколама миёни ҷомеаву ҳокимият майдони озодро ташкил намудем. Пеш аз ҳама, ваколати муовинони раис, роҳбарони сохтору идораҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо дар қабули қарор тавсеа ёфт ва албатта, масъулияти онҳо низ бештар гардид. Изофанависӣ ва ҳисоботи бардурӯғро аз байн бурдем. Дар баробари ин, аз кормандони мақомот талаб кардам, ки дар маҳалҳо муколамаи дурустро ба роҳ монанд, то мардум барои мулоқот бо онҳо дастрасии бештар дошта бошанд.
Сомонаи мақомот фаъолтар гашт, ки тавассути он низ шаҳрвандон метавонанд бо мо дар иртибот бошанд. Ҳамаи интиқоду пешниҳодҳои шаҳрвандон, ки дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарҷ мегарданд, пайгирӣ шуда, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Шумораи вохӯриҳои оммавиро низ зиёд кардем, вале то сатҳе, ки регламенти Ҳукумати ҷумҳурӣ тақозо дорад, ҳанӯз ҳам талош намудан лозим аст. Бо вуҷуди дастовардҳо, мушкилоти ҳалталаб ҳоло мавҷуданд.

– Бо дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ВМКБ тӯли 28 соли истиқлолият симояшро ба куллӣ дигар кард ва сатҳи зиндагии мардум бамаротиб беҳтар гардид. Аммо рушди иқтисодӣ боз ҳам такони ҷиддиро мехоҳад, бахусус дар соҳаҳои саноат, соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоя ва амсоли инҳо. Аз 18 банде, ки дар «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2016 – 2020» баҳри равнақу ривоҷи саноат равона гардидааст, бо сабаби набудани сармоя 11 банди он иҷро нашудааст. Чӣ бояд кард, ки вазъи сармоягузорӣ дар вилоят беҳтар шавад?

– Бале, сифати ҳаёти имрӯзаро на фақат бо солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон, балки 10 соли гузашта ҳам муқоиса кардан нашояд. Рушду пешравиҳо назаррасанд, вале масоили ҳалталаби иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд. Бо мусоидати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти сохтмони мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пешрафти бузург насибамон гашт, вале дар ҷодаи рушди иқтисодӣ дар радифи сохтмони шоҳроҳи Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Кулма ва таъсиси ширкати «Помир энерҷи», ки ба пешрафти иқтисодиёти ВМКБ такони ҷиддӣ бахшиданд, татбиқи иқдомҳои дигари созанда ниҳоят зарур аст.
Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бе ба инобат гирифтани имкониятҳои воқеии маблағгузорӣ таҳия шудаанд, бинобар ин, солҳо дар коғаз хоҳанд монд. Дар робита ба ин масъала, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони рушд муроҷиат намудем ва умед аст, ки дастгирӣ хоҳад ёфт. Агар мо саноати кӯҳиро ба таври ҷиддӣ рушд набахшем ва барои инвеститсияи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам наорем, вилоят солҳо дар субвенсияи давлат боқӣ мемонад. Дар ин ҷода баъзе меъёрҳои ҳуқуқие ҳастанд, ки садди роҳ низ мешаванд. Масалан, умед доштем, ки бо ба истифода додани кони Алҷива дар ноҳияи Мурғоб шароити иқтисодии ноҳия беҳтар гардида, мардум бо ҷои кору маоши хуб таъмин хоҳанд шуд, вале аз сабаби аз ҳудуди ҷумҳурӣ иҷозат надодани содироти консентрат ширкати чиноии «Минерал» ба муфлисшавӣ рӯ ба рӯ гаштааст ва ҳатто қудрати пардохти маоши коргаронро надорад.
Барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, пеш аз ҳама, қонунгузориро дар ин самт бояд такмил дод. То он ки сармоягузор бояд бовар дошта бошад, ки ҳифзи сармояи ӯ кафолат дода мешавад. Ҳолатҳои яктарафа бекор кардани шартнома пешгирӣ гардад ва уҳдадориҳои шартнома сари вақт иҷро шаванд.
Бе муболиға гуфта метавонам, ки дар вилоят нисбат ба дигар манотиқи кишвар барои рушди соҳибкорӣ аз нуқтаи назари дастрасӣ ба маблағ ва кам будани санҷишҳо шароит хеле хубтар мебошад, вале бозори мо маҳдуд аст, даромади пулии мардум камтар ва, аз ҳама муҳим, қобилияту фарҳанги соҳибкории худи мо дар сатҳи паст қарор дорад. Бархе аз мардуми Бадахшон ҳанӯз ҳам мафкураи замони шӯравиро дорад, ки ин низ яке аз омилҳои садди роҳи рушд аст.

– Мувофиқи омори раёсати маорифи вилоят, ҳамасола дар ҳудуди ВМКБ шумораи хонандагон ба ҳисоби миёна 900 нафар кам мегардад. Бо ин сабаб аз соли 2014 то инҷониб ҳафт мактаб баста ва 400 синф ихтисор шудааст. Бо баста шудани мактабҳо шумораи бекорон дар вилоят, бахусус дар деҳаҳо, меафзояд. Доир ба паёмадҳои иҷтимоии ин раванд чӣ назар доред?

– Тақсимоти маблағҳои буҷетӣ бо усули сарикасӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мо, ки теъдоди ками хонанда доранд, ғайри қобили қабул аст. Мактабҳое ҳастанд, ки дар онҳо аз ду то ҳафт талаба таҳсил менамояд. Аз ин рӯ, моро мебояд дар як синф толибилмони синну соли гуногунро якҷо кунем ё хонандагони ин муассисаҳои таълимиро ба мактаб – интернатҳо гузаронем ва ё мактабҳои деҳаҳои наздикро якҷо кунем. Вале ба хотири бекор намондани муаллимон ҳоло ба чунин қарор даст назадаем.
Сабаби кам шудани шумораи хонандаҳо дар мактаб, пеш аз ҳама, муҳоҷират ва коҳиш ёфтани сатҳи таваллуд мебошад. Дар шароити муосир оилаҳо кӯшиш мекунанд, ки аз анъанаи пешини бисёрфарзандӣ даст кашанд. Бешубҳа, аз як тараф, банақшагирӣ ва танзим дар оила хуб аст, аммо аз тарафи дигар, ин раванд дар минтақаи мо ба камшавии таваллуд оварда расондааст, ки ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мо, яъне мақомоти иҷроия, дар ин самт бояд дурнамое дошта бошем. Фикр мекунам, барои ҳалли ин масъалаҳо каме фурсат лозим аст.

– Ҳоло дар вилоят проблемаҳои бекорӣ миёни ҷавонон, баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва мушкилиҳои дигари умда вуҷуд доранд. Онҳоро чӣ гуна метавон ҳал кард?

– Бекорӣ мушкилоти ҷиддист. Барои ба эътидол овардани ин вазъ мо аз Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳиш кардем, ки минбаъд дар Бадахшон ба корҳои сохтмонӣ ширкатҳо ва коргарони маҳаллӣ бештар ҷалб гарданд. Пешниҳоди моро дастгирӣ намуданд. Мутаассифона, ҷавонони мо дар сохтмон кор кардан намехоҳанд. Аз ин рӯ, тайи ҳашт моҳи соли равон фақат 30 дарсади маблағ аз худ карда шуд. Ширкатҳои маҳаллӣ ноилоҷ сохтмончиёнро аз дигар минтақаҳои кишвар ба кор гирифтанд ва суръати кор пеш рафт. Дар баробари ин, зиёда аз 130 нафарро ба сохтмони НБО «Роғун» сафарбар намудем, вале нисфашон корро партофта, баргаштанд. Инчунин, дар Бадахшон барои рушди кишоварзӣ ва чорводорӣ шароити хуб мавҷуд аст, вале мардум ба ин шуғлҳо чандон таваҷҷуҳ надорад. Парадокс: аз як тараф шикоят аз набудани ҷои кор, ҳамзамон, майли кор кардан надоштан…
Фоизи қарзҳои бонкӣ, бо вуҷуди солҳои охир каме коҳиш ёфтан, ҳанӯз ҳам баланд аст. Бо чунин фоизи баланд таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолот мушкил мебошад. Барои дастгирии соҳибкорон аз ҷониби Фонди дастгирии соҳибкорони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарз бо 10 фоизи солона ба андозаи то як миллион сомонӣ пешниҳод мегардад ва дар вилоят аллакай 16 соҳибкор аз ин қарз бархӯрдор шуд. Мутаассифона, 10 нафарашон аз уҳдаи пардохти саривақтии он набаромада, қарздор шуданд. Аз ҷониби грантҳои президентӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар вилоят беш аз 1000 барнома маблағгузорӣ шудааст.
Дуруст аст, ки дурии роҳ ба сифату нархи хӯрокворӣ таъсир мерасонад. Аммо ман фикр намекунам, ки дар ин минтақа мардум аз нарасидани хӯроквории хушсифат танқисии ҷиддӣ кашанд. Бо дастгирии Ҳукумат, хоса ғамхориҳои доимии Пешвои миллат, тавассути Агентии захираҳои моддии давлатӣ деҳаҳои дурдасттарин бо орд, равған, шакар, биринҷ ва ғайра бо нархи арзон таъмин мешаванд. Ҳамчунин, саҳми соҳибкорон низ дар ин кор арзанда аст. Дар баробари ин, барои таъминоти аҳолӣ бо ғизои хушсифат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор барномаҳо, аз ҷумла коркарди мева, сохтмони гармхонаҳо, рушди чорводорӣ, хусусан мурғпарварӣ, амалӣ мешаванд.

– Сенарияҳои макроиқтисодии рушди ояндаи вилоят кадоманд?
– Рушди саноати куҳӣ, туризм, энергетика, соҳибкории миёна ва хурд, коркарди гиёҳҳои табиии шифобахш, мева, рушди чорводорӣ, бахусус қутоспарварӣ дар қисмати Помири Шарқӣ ва ҳамкориҳои байнисарҳадӣ аз ҷумлаи фаъолиятҳое мебошанд, ки метавонанд сифати зиндагии мардумро хеле беҳтар намоянд. Албатта, бе инфрасохтор, бахусус роҳ, ин корҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.
Феълан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳоро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия намуда истодааст. Талош дорем, ки зимни таҳияи он дархосту талаботи мардум ва шароиту имконоти маҳалҳо ба инобат гирифта шавад, то барнома воқеӣ ва татбиқшаванда бошад.

Моҳира САНГМАМАДОВА,
«Ҷумҳурият»

Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.10.2019 №: 190 Мутолиа

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ОМУЗГОР ДАР ВМКБ

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон бо иштироки муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов “Рӯзи омӯзгорон” бо тантана таҷлил карда шуд.
Дар чорабинии идона раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов аз номи мақомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҳамаи омӯзгоронро бо иди касбиашон табрик намуда қайд карданд, ки “Имрўз дар саросари кишвари маҳбубумон яке аз идҳои касбии барои ҳамагон мўътабар – «Рўзи муаллим» ҷашн гирифта мешавад. Ҷашнгирии иди касбии омўзгорон -– ин худ як навъи эҳтирому арҷгузории давлат ва тамоми аҳли љомеа ба фаъолияти арзишманду таќдирсози омўзгорон дар таълиму тарбияи наслҳои имрўзу фардои миллат мебошад. Омўзгор парваришгари ақлу хирад, таълимдиҳандаи касбу ҳунар буда, дар заминаи арзишҳои маънавию ахлоқӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, минҷумла насли наврасро тарбия намуда, симо ва рисолати инсонро мўътабар месозад. Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми омўзгорон, кормандони соҳаи маорифро ба ифтихори иди касбӣ- «Рўзи муаллим» аз номи Мақомоти иҷроияи ​ ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан аз​ номи худам самимона табрик гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломативу хушбахтӣ дар кори ниҳоят душвору масъулиятнок ва дар айни замон пуршарафу боифтихор комёбиҳои беназирро таманно дорам”.
.
​ Инчунин дар чорабинии мазкур аз номи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаҳо, мукофотҳои пулӣ, медалҳо ва тӯҳфа барои собиқадорони соҳаи маориф ва омӯзгорон тақдим карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертӣ бо иштироки беҳтарин санъаткорони вилоят барои омӯзгорон пешкаш карда шуд.

Аъзоёни “Ассотсиатсияи шикорчиёни ВМКБ” Зафар Бекмуродов, Шавкат Лаълбеков ва Қарақул Соҳибқулов, ки бо супориши бевоситаи раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор корҳоро баҳри беҳбудии сифати зиндагии мардум анҷом доданд

Аъзоёни “Ассотсиатсияи шикорчиёни ВМКБ” Зафар Бекмуродов, Шавкат Лаълбеков ва Қарақул Соҳибқулов, ки бо супориши бевоситаи раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор корҳоро баҳри беҳбудии сифати зиндагии мардум анҷом доданд. Ин шахсони саховатманди ба 100 нафар оилаҳои камбизоати ноҳияи Мурғоб аз қабили сӯзишворӣ ва хӯрока кӯмаки моддӣ расонданд, ва 40 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Мурғобро барои истироҳат ба дараи Ромит ва тамошои зебогӣ ва пешравиҳои маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе интиқол доданд. Баҳри таъмини оби нӯшокӣ дар шаҳри Хоруғ ду адад дастгоҳи обкашӣ ва сохтмони толори варзишӣ дар деҳоти Кӯҳна Қурғони ноҳияи Мурғоб маблағгузори карданд.
Ин шахсиятҳои сахватпеша баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оянда низ ният доранд, ки дар ободонии вилоят саҳми худро гузоранд.
Аз ин ҷиҳат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон миннатдории самими худро сараввал ба раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ин шахсиятҳое, ки дар ободонии диёри худ бетараф нестанд баён менамояд

ВОХӮРИ БО МАРДУМ

Зимни сафари кори ба ноҳияи Шуғнон ва ба истифода додани як қатор иншоотҳои соҳаи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Шуғнон муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов бо мардум аз наздик сӯҳбату вохӯриҳоро баргузор намуданд. Раиси вилоят мардуми заҳматкаши Шуғнони болоро бо Иди Забони давлати ва кушодашавии иншоотҳое, ки мардуми ин диёр ба онҳо ниёз доштанд, табрику муборакбод намуданд ва иброз доштанд, ки ноҳияи Шуғнон дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурге ноил гардидаст. Маҳз бо шарофати сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Шуғнон, ки калонтарин ноҳия дар вилоят мебошад симоҳои худро куллан тағйир хоҳад дод.
Дар анҷоми суҳбат сокинони ноҳияи Шуғнон миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва Барномаи Ҷонибдории Рушди Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон барои барои дастгириҳо баҳри ободони ва созандагӣ дар ноҳия баён намуданд.

Сохта ва ба истифода додани таҳхона барои нигоҳдории 50 тон тухмии картошка, гандум ва дигар сабзавот дар ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон.

Сохта ва ба истифода додани таҳхона барои нигоҳдории 50 тон тухмии картошка, гандум ва дигар сабзавот дар ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон. Таҳхона аз тарафи Барномаи Ҷонибдории Рушди Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон сохта мавриди истифодабарии сокинон қарор дода шуд.

ТАҶЛИЛИ ИДИ ЗАБОН ДАР ВМКБ

5 октябр ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Раиси вилоят мӯҳтарам Ёдгор Файзов иштирокчиёни ҷамъомад ва сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки аз соли 2009 инҷониб дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 5 – уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Раиси вилоят зимни суханрониаш аз ҷумла таъкид намуд, ки алалхусус, дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти давлат ба рушду такомули забони давлатӣ таваҷҷуҳу ғамхории зиёде зоҳир карда мешавад. Дар масъалаи омӯхтани забон, гиромӣ доштани забони модарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дода, дар суханрониҳо, мулоқоту вохӯриҳои сершумори худ муҳимияти ин масъаларо таъкид менамоянд.

Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ба сифати яке аз забонҳои ширину шевотарини дунё аз ҷониби бузургтарин шарқшиносони дунё эътироф гардида, барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллати тоҷик нақши муҳим дорад.
Олими шинохта дар бахши дигар аз суханрони худ даъват намуд, ки ҳамагон бояд ба тозагии забон кӯшанд ва ҳифзи забони давлатӣ кори танҳо забоншиносону олимону адибон нест. Мо ҳар як соҳибони ин забонем ва бо ифтихор аз гузаштаи таърихиву фарҳанги беш аз ҳазорсола имрӯз талош кунем, ки он аз олудагиҳо озод бошад.

Раиси вилоят ҳамзамон изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон барои рушду такомули забони миллӣ пайваста тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамоянд, то ки забони миллии мо ба ниёзҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ҷавобгӯ ва дар арсаи муборизаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва фарҳангӣ муқовиматпазир гардад.