Ҷамъбасти сол

Рўзи 09.01.2020 дар маҷлисгоҳи МИҲД – и вилоят ҷамъбасти фаъолияти яксолаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва воҳидҳои сохтории он таҳти раёсати раиси вилоят Ёдгор Файзов сурат гирифт. Дар кори ҷаласа аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири фарҳанг Орумбекзода Ш., вазири нақлиёт Худоёрзода Х., муовини якуми вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Шоимзода Ҷ., муовини якуми ВКД – и ҷумҳурӣ Аламшозода А., раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории вилоят иштирок доштанд. Дар бораи «Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020» муовини раиси вилоят Иматшозода А. маърўза кард. Ҳамчунин сарварони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар сохторҳо роҷеъ ба рушди соҳа ва беҳдошти фаъолият мулоҳизаҳои худро изҳор намуданд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири фарҳанг Орумбекзода Ш. ҷамъбасти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро хуб арзёбӣ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳояшро баён намуд. Раиси вилоят ҷаласаро ҷамъбаст ва дар фароварди он вазифаҳоро барои соли 2020 мушаххсан муайян намуд.