Фазои сулҳу субот яке аз роҳи беҳтарини пеш бурдани пешрафти соҳаи иқтисод ва ободонии диёр мебошад.

Фазои сулҳу субот яке аз роҳи беҳтарини пеш бурдани пешрафти соҳаи иқтисод ва ободонии диёр мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ба ин мақсади муҳим расиданд тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодааст. Шарикони рушд низ ба пешрафти ҳамаи соҳаҳои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода саҳми худро дар ин соҳа гузошта истодаанд.
Дар асоси лоихаи инвестсиони оиди бехтар намудани шабакаҳои обтаминкунии шаҳри Хоруғ ки аз тарафи Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушд маблағузори мешавад натиҷаҳои тендерҳо маълум гардиданд. То охири моҳи январ имзои созишномаҳо бо ширкатҳо дар назар гирифта шудааст. Дар асоси нақша ширкатҳо кору фаъолиятро дар самтҳои зерин аз моҳи марти соли ҷори оғоз менамоянд.

Азнавсозии ду пойгоҳи насоси обкашӣ барои коркарди канализатсия – кор дар асоси фаъолияти мазкур 30% иҷро шуда истодааст

Барқарорсозии системаи канализатсия – кор аз моҳи марти соли ҷори оғоз мегардад.

Азнавсозии иншооти обтозакунӣ: Барқарорсозии панҷ ҳавзoи oбпарто – кор аз моҳи марти соли ҷори оғоз мешавад

таъмири бинои корхонаи обу ташноби шаҳри Хоруғ – кор аз моҳи марти соли ҷори оғоз мешавад

Таҷҳизот барои идора ва таъминоти барномавӣ – кор аз моҳи марти соли ҷори оғоз мешавад

Хариди ду мошини махсуси кори барои фаъолияти мунтазами корхона ва ​ 3 адад генератори дизели- 60% кор амали шудааст

Бо супориши бевоситаи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар амали шудани лоиҳаи мазкур ба ширкатҳои дохилии дар вилоят фаъол буда афзалияти асоси дода шуда амали намудани фаъолиятҳои дар боло зикришуда ба ширкатҳои ҳудуди вилоят супорида шудааст.