ШИРКАТҲО МУАЙЯН ГАРДИДАНД.

Субҳ имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон маросими имзои Созишномаҳо бо ширкатҳои ғолиб дар асоси лоиҳаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба Корхонаи Обу ташноби шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Маблағи умумии Созишномаҳо зиёда аз 2 миллион долари ИМА- ро ташкил медиҳад.  Максади асоси лоиҳаи мазкур ин беҳтар намудани сатҳи  зиндаги мардум мебошад. Лоиҳа  бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  амали гардида  аз тарафи Бонки Ҷаҳони маблағгузори карда мешавад. Дар асоси лоихаи инвестсиони оиди беҳтар намудани шабакаҳои обтаминкунии шаҳри Хоруғ ки аз тарафи Бонки Аврупоии Тачдид ва Рушд маблағгузори мешавад натиҷаҳои тендерҳо маълум гардиданд.   Бо супориши  раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов дар амали шудани лоиҳаи мазкур ба ширкатҳои дохилии дар вилоят фаъол буда афзалияти асоси дода шуда амали намудани фаъолиятҳои дар боло зикришуда ба ширкатҳои ҳудуди вилоят супорида шудааст. Ширкатҳои мазкур аз моҳи марти соли ҷори ба амалӣ намудани нақшаҳои ба зиммаи онҳо гузошта шуда фаъолияти худро шурӯъ менамоянд.