Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ба усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон захираи конҳои канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаи пайдоиши табиии минералӣ, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавӣ ва дигар омилҳои табиӣ ҷинсҳои кӯҳӣ, зуҳуроту конҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд ва дарёхое ки обашон дар таркибаш тилло доранд , хеле маъмул мебошад.
Аз ҳамин лихоз таҳи солҳои охир аҳоли ва роҳбарияти вилоят чандин маротиба ба хотири ташкил намудани ҷойҳои кори тавассути таъсиси гуруҳҳои худфаъолӣ ва худбиёрӣ ва инчунин ба роҳ мондани заршӯи дар дарёҳо ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дархостхо пешниход намуданд. Хушбахтона бо дастури бевоситаи Асосогузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рахмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо карори худ аз 27 ноябри соли 2019 таҳти рақами 600 “Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсонӣ воқеӣ истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ба усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ” ба ин фаъолият ичозат дод. Қабули чунин қарори нихоят саривакти баҳри муҳаё намудани шароити мусоид барои шуғли индувидалӣ, рушди соҳибкории хурд ва зиёд намудани даромади буҷети давлатӣ заминаи хуберо эчод кард. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ” ва “Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо” таҳия гардида, фаъолияти шахсони воқеиро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ба танзим даровард .
Тарзи додани иҷозат ниҳоят содда гардонида шуда, амалан он танҳо бақайдгирӣ мебошад. Он тавассути шуъбаи молияи ноҳия аз тарафи Вазорати молия дода мешавад. Дар додани иҷозат ба шахсони воқеӣ ягон шарт ва монеагӣ пешбинӣ нашуда ба хоҳишмандон тибқи пешниҳоди ариза ба мақомоти молияи маҳаллӣ бе мамоният иҷозат дода мешавад.
Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули мазкур аз ҷониби шахсони воқеи тибқи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояшон ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда, амалӣ карда мешавад.
Мавзеҳое, ки дар онҳо канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ истихроҷ карда мешаванд аз ҷониби Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуда, ба мақоми ваколатдор яъне Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд .
Ба номгӯи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки истихроҷи онҳо бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ иҷозат дода мешавад, металлҳои қиматбаҳо ва ранга: тилло, нуқра, платина, қалъагӣ (қалъагисанг), волфрам, титан, минералҳои унсурҳои нодирзаминӣ, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо: гурӯҳи корунд – ёқути сурх ва ёқути кабут, хризолит, топаз, азрақ, лаъл, клиногумит, беҷодаҳо, нефрит, ақиқ, гуруҳи квартс, пошхӯрдаҳои сурма, флюорит ва канданиҳои фоиданоки дигар дохил мешаванд.
Хариду фурӯши канданиҳои фоиданоки пошхӯрдаи истихроҷшуда тибқи Қоидаҳое, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2006 №215 “Дар бораи Қоидаҳои хариду фурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга” тасдиқ шудаанд, ба роҳ монда мешаванд. Дар вилоят айни ҳол се нуқтаи хариди металҳо ва сангҳои қиматбаҳо дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Мурғоб ва Рушон ташкил шудаанд.
Барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозат шахсони воқеӣ бо пешниҳоди ариза ва нусхаи шиноснома ба мақомоти молия дар маҳал муроҷиат менамоянд. Дар навбати худ мақомоти молия дар маҳал нусхаи ҳуҷҷатҳоро бо муросилоти почтаи электронӣ ба Комиссияи вазорат оид ба баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ ирсол менамояд. Ба истиснои ҳуҷҷати болозикр талаб намудани дигар ҳуҷҷат аз шахсони воқеӣ манъ мебошад.
Пас аз қабули қарор дар бораи иҷозатнома аз ҷониби Комиссия, ҳуҷҷати иҷозат тавассути мақомоти молия дар маҳал ба шахсони воқеӣ (довталаб) расонида мешавад. Раванди пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозат дар Тартиби баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ муфассал дарҷ ёфта, муҳлати баррасии ариза 10 рўзи кориро дар бар мегирад.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои баррасии ариза як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (тибқи қонуни ҶТ “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”) ва дар сурати қабул гардидани қарор дар хусуси додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои бланк) ба буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад. Талаб намудани дигар пардохтҳо аз довталабон манъ мебошад.
Дар навбати худ дорандагони иҷозат уҳдадор мебошанд, ки металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои истихроҷшударо ба Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия фурўшанд.
Ҳамзамон, қайд карда мешавад, ки роҳбарони мақомоти молия дар маҳал барои риоя кардани талаботи тартиби баррасии ариза ва пешниҳоди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхўрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ масъулияти шахси доранд.
Айни ҳол дар ВМКБ барои гирифтани иҷозат 116 нафар ба мақомоти ваколатдор дархост пешниҳод намуда, аз он аллакай 50 нафар иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ гирифтаанд. Боқимонда дархостҳо тибқи коидахои мавчуда дар арафи барраси мебошанд.
Пушида нест ки то кабули ин карор чандин чавонон бо роҳи ғайриконуни — қочоқ ба ин кор машғул шуданд ва мутааасифона дастгир шуда маҳбаси гаштанд. Қабули қарори мазкур имкон медихад, ки ин шуғл акнун қонуни гашта ҳазорон нафар метавонанд соҳиби ҷоӣи кори гарданд.

ҲАЗОР ТОННА КӮМАКИ ИЛОВАГӢ АНГИШТСАНГ БА МАКТАБҲО ВА МУАССИСАҲОИ ТИББИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КУҲИСТОНИ БАДАХШОН

Ба хотири омодагии беҳтари муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба давраи тирамоҳу зимистон солҳои 2020 – 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки иловатан аз буҷаи ҷудонамудаи давлат боз ҳазор тонна ангиштсанг ба Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон дастрас карда шавад. Айни ҳол дастрас намудани ангиштсанги ҷудогардида оғоз ёфта дар навбати аввал ба муассисаҳои замонавӣ, ки бо буғхонаҳо гарм карда мешаванд ва хароҷоти зиёд доранд таъмин мегарданд. Таъмини муассисаҳо аз ҷумла мактабҳои рақами 4, 21 ноҳияи Ванҷ, рақами 7 ва 9 ноҳияи Рӯшон, бемористони касалиҳои рӯҳии ноҳияи Роштқалъа алакай 180 тонна ангиштсанг кӯмак расонида шуд. Тибқи нақша сузишвории иловагии ҷудонамуда аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати як моҳ пурра ба вилоят дастрас карда мешавад.
Ин дастгирии саривақтӣ имкон медиҳад, ки гарми дар ин муассисаҳо таъмин гардад, кӯдакон ва маризон чанд ҳафтаи хунукии моҳи мартро паси сар кунанд ва маблағи сарфакардашудаи буҷа метавон барои пардохти барқ, об, партов ва хариди ҳезум истифода бурда шаванд.
Толибилмон, муаллимон ва кормандони муассисаҳои тибби аз ин дастгирии Пешвои миллат рӯҳу илҳоми тоза гирифта баҳри иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми сарвари давлат ба маорифчиён ва табибон ироа карда шуданд бо дили гарм ва ғайрати дучанд саҳмгузори менамоянд.