ТАГӢИРОТИ КАДРӢ ДАР СОХТОРИ АМНИЯТИ ВИЛОЯТ

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов дар оғози ҷаласа аз омодагии сокинони сарбаланди вилоят ба ҷашни барои миллати тоҷик фараҳманд 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон ва дастовардҳои ба даст омада ибрози назар намуда қайд кард, ки бе таъмини сулҳу суббот ва ваҳдату Истиқлолияти сартосари мамлакат имконияти рушди босуботи кишвар ғайри имкон мебошад. Гуфта шуд, ки маҳз таъмини вазъи амниятӣ дар минтақа ва сулҳу субот ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ ру ба беҳбуди ниходааст. Роҳбарияти вилоят саҳми арзандаи собиқ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар таъмини амнияти вилоят ва ҳамкориҳои судманд бо сохторҳои давлатиро аз ҳадафҳои асосии расидан ба оромиву осудагӣ дар вилоят унвон намуд. Гуфта шуд, ки Меликзода Маҳмад Эмом ҳамчун роҳбар дар вазифаи сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳамеша боадолатона кор намуда, бо масъалаҳои таҳлили ояндабинона назари нек ва нақшаҳои мушаххас дорад. Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Мирзоев оиди ба вазифаи сардори Раёсати талимиву омузишӣ ва мубориза бар зидди кибир терроризми Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани собиқ сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Меликзода Маҳмад Эмомро ба саҳми роҳбарони идораву муассисаҳои ҳудуди вилоят расонда кайд карданд, ки сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар муддати 4 соли фаъолияти хизматӣ тавонист уҳдадориҳои ҳарби ва хизмати ҳарбиро бо сари баланд иҷро намояд ва бо мардуми сарфарози ВМКБ якҷоя кор намояд. Бо назардошти фаъолияти хуби корӣ дар мувофиқа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Меликзода Маҳмад Эмом ба вазифаи боз ҳам пурмасъул таъин гардид. Ба ҷои Меликзода Маҳмад Эмом ба вазифаи сардори Раёсати Кумитаи давлатии аминяти милли Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар ВМКБ Салимзода Абдусамад Муъмин муаррифи карда шуд. Дар хусуси вазъи имрӯзаи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бисёр мураккаб ва таъғирёбанда арзёби гардид, сухан гуфт. Кайд шуд, ки новобаста аз оне, ки мо бо ҶИ Афғонистон 910 км марз дорем, таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат имрӯз сокинони ВМКБ, дар ру ба руи сархад зиндагии амну осоишта доранд. Зеро вазифаи ҳар яки мо муҳофизати хоки поки Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста барои хар як сокини мамлакат мебошад. Ба замми ин муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пахши маводҳои иғвоангез ва бар зидди давлату ҳукумат дар шабакаҳои иҷтимоиро яке аз масъалаҳои умдаи руз маънидод намуда дар ин самт аз сокинони вилоят зиракии сиёсиро талаб намуд.Собиқ сардори РКДАМ ҶТ Дар ВМКБ Меликзода Маҳмад Эмом зимни суханрони аз дастгирии мақомоти вилояти ва сохторҳои он, аҳли ҷомеа изҳори минатдори намуда зикр намуд, ки рисолати асоси ман хизмат ба мардум мебошад вале бе дастгирии аҳли ҷомеа наметавон ба ҳадафҳои нек расид. Яке аз ҳадафҳои асосии РКДАМ ҶТ дар вилоят ин аз лиҳози мусбӣ муаррифи намудани ВМКБ буд, ки дар ин ҷода ман аз тамоми имокниятҳо истифода намудам, иброз дошт Меликзода Махмад Эмом. Бо ёдовари аз фазои орому осудаи вилоят гуфта шуд, ки бошандагони Боми ҷаҳон таҳти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти созгор доранд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ҳамагонро мутмаин сохт, ки бошандагони ВМКБ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ваҳдату Истиқлолият зери сиёстаи пешгирифтаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ба хотири пешрафти кишвари маҳбубамон ҳамвора ҷаҳду талош хоҳанд кард.2 325Охват (люди)495ВзаимодействияПродвижение недоступно

3737Поделились: 3НравитсяКомментироватьПоделиться

Имруз бо иштироки раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рушон ба номи Карамшоев Додхудо 10 адад компютерҳои истехсоли нав кумак карда шуданд.

Имруз бо иштироки раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рушон ба номи Карамшоев Додхудо 10 адад компютерҳои истехсоли нав кумак карда шуданд. Бояд кайд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштанд, ки имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторонро танҳо нагузошта дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ менамояд. Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рушон аз ғамхориҳои бевосита Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати ба Хукумати Чумхурии Точикистон, ба шахсони саховатпеша, ки дар моҳи Шарифи Рамазон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати кумаки худро расонданд сипосгузори намуданд.

АМАЛИ НАҶИБОНА

Дастгирии оилаҳои ниёзманд, барҷомондаву ятимон ва маъюбон пайваста дар мадди назари Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов қарор доранд. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Носирзода Умедҷон кӯмаки яквақтаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзовро ба яке аз маъюбон Маликшоев Азизмамад дар ноҳияи Ишкошим расониданд. Дар зимн Маликшоев Азизмамад аз ин дастгириву ғамхории раиси вилоят изҳори хушнудӣ намуда, сипосу миннатдории худро ба Ёдгор Файзов Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баён доштанд.

КИШТИ БАҲОРӢ

Ҷихати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд намудани майдони кишти картошка то 40 фоиз дар ноҳияи Ишкошим тадбирҳо роҳандози гардида истодаанд бо ҳамин мақсад бахусус маъракаи гузаронидани кишти картошка дар деҳаи Дашти селексиони бо маром идома дорад, ки аз ҷараёни он муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Носирзода Умедҷон ва раиси ноҳияи Ишкошим Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад дидан намуданд.

ТАҶЛИЛИ ИДИ ЗАФАР ДАР ВМКБ

Субҳи имруз ба иштироки Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов чорабинии идона бахшида ба 76 умин солгарди галаба бар фашизм баргузор карда шуд. Дар огози чорабини Раиси вилоят ва дигар намояндагони расми барои пос нигоҳ доштани хотири ҷанговароне, ки ҷони худро баҳри муҳофизати Ватан фидо карданд гулчанбар гузоштанд. Дар чорабини ҳамчунин муовинони раиси вилоят , раиси шаҳри Хоруг, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят собиқадорон, ва сокинони шаҳри Хоруг иштирок намуданд. Зимни суханрони Раиси ВМКБ муҳтарам Ёдгор Файзов қайд доштанд, ки имрўз аз ин родмардони майдони ҷангу меҳнат ва занони диловару фидокор дар тамоми мамолики пасошўравӣ шахсони ангуштшуморе зинда мондаанд, вале кору пайкори онҳо абадан зинда хоҳад монд, зеро «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст». Кору пайкори ин насли қаҳрамон барои наслҳои имрўза дарси ибрату шоистаи пайравист, ки нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намудаанд: «Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад».Дар фарҷоми чорабини барономаи фарҳанги аз ҷониби беҳтарин ҳунармандони вилоят манзури иштирок дорон гардид.и ещё 244 487Охват (люди)899ВзаимодействияПродвижение недоступно


Табрикномаи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бахшида ба 76 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба

Хамдиёрони азиз!Имсол ба рўзи таърихӣ ва хотирмону мондагор – Рўзи Ғалаба 76 – сол пур мешавад. Дар таърихи инсоният он чун руҳдоди бузургтарин ва фоҷиабортарини асри 20 боќӣ мемонад. Ба ҳақиқат, то имрўз ҳам мисли ин рухдод – Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо ин масоҳату ин талафоти бузург воқеаю ҳодисаеро аҳли башар ёд надорад. Аммо таъсиру хотираи он, бахусус, дар кишварзои пасошўравӣ ва Аврупо то ҳол боқист. Гузашта аз ин, хотираву сабақҳои талхи ин рухдод бояд дар хотираи башарият ҳамеша зинда бошанд, зеро аз ёдҳо бурдани он ҷинояти азиме пешорўйи мардуми дунё хоҳад буд. Бахусус, фаромўш кардани қурбониҳои ин ҷанг, ки ададашон аз ҳудуди 57 млн мегузарад, камоли беэҳтиромӣ ва бешарафист. Ба ин хотир, ҳар сол ҷашн гирифтани Рўзи Ғалаба эҳтиром гузоштан ва пос доштани хотираи неки он одамоне аст, ки барои ҳаёти осоиштаи имрўза аз худ корнамоию қаҳрамониҳои бемисле зоҳир намуданд ва аксарашон барои наслҳои баъдина ҷон фидо карданд. Имрўз аз ин родмардони майдони ҷангу меҳнат ва занони диловару фидокор дар тамоми мамолики пасошўравӣ шахсони ангуштшуморе зинда мондаанд, вале кору пайкори онҳо абадан зинда хоҳад монд, зеро «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст». Кору пайкори ин насли қаҳрамон барои наслҳои имрўза дарси ибрату шоистаи пайравист, ки нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намудаанд: «Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад». Ин рўйдоди фоҷиаборро мардуми замони Шўравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ унвон карданд, зеро дар он мардуми Шўравӣ барои озод намудани Ватани паҳноварашон аз фашизми хунхор яксар бапо хест ва муддати чор сол ба ивази қурбониҳои беқиёс бо истилогарон мубориза бурд ва ливои пирўзиро рўзи 9 – майи соли 1945 дар лонаи фашизм – шаҳри Берлин барафрошт. Дар майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ фарзандони ғаюри миллати тоҷик низ мардонавор бо душман меҷангиданд ва аз худ намунаҳои бемислу монанди корнамоиҳо зоҳир мекарданд. Зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон бо душман диловарона ҷангиданд ва беш аз 92 ҳазор фарзандони содиқи Ватан дар он ҳалок гаштанд. Номи неку қаҳрамонии онҳоро ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик фаромуш намекунад. Аз миёни ин мардони майдон 57 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ҳар се дараьҷаи ордени «Шараф» ва 57 ҳазор нафар бо ордену медалхои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сазовор шуданд. Бояд гуфт, ки дар қатори дигарон 2,5 ҳазор сокинони вилоятамон дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат карданд ва 600 нафар дар майдонҳои ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Ному хотираи ин мардони майдон ҳеҷ гоҳ фаромўш намешавад. Ҳамаи сокинони вилоят хизматчиёни ҳарбиро бо ин рўзи фирўз муборакбод мегўям, барояшон рўзгори осуда, табъи хуш ва равнақу барорро таманно менамоям. Бигузор ҳамеша сулҳу субот дар фазои Ватани азизамон побарҷо ва ваҳдату ягонагии миллати тоҷик абадан устувор бошад.

САЛОМАТИ МАРДУМ БОЙГАРИИ МИЛЛАТ АСТ.

Дар доираи сафари кории худ ба Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шугнон Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз муассисаи тибби маркази саломатии ҷамоат дидан намуданд. Раиси вилоят аз вазъияти маркази саломати аз наздик шинос гардида барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва таъмин таҷҳизоти тибби ба роҳбарияти ноҳия ва масулини соҳаи тандурустии ноҳия супоришҳои ҷидди доданд. Раиси вилоят афзуданд, ки гарчанде, хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемори сирояти каронавирус ба қайд гирифта намешавад ҳам ба вазъияти санитарии муассисаҳои тибби диққати ҷидди бояд дод ва хизмати сифатнок расондан ба сокинони ин диёр дар мадди аввал бояд бошад.

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРИ

Имруз бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Куҳихстони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ва раиси ноҳияи Шугнон Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир хишти аввали бинои Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Шугнон гузошта шуд. Маблаггузори асосии сохтмони мазкур шуъбаи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буда пудратчии он ҶСК “Хизматгор” мебошад. Умед аст, ки то соли 2023 сохтмони бинои ҷамоат мавриди истифода карор дода мешавад.Маблаги умумии сохтмон 3,7 миллион сомонро ташкил дода, сохтмони бино бо тарҳи муосир сохта хоҳад шуд ва ба симои зебогии маркази ҷамоат ҳусни тоза хоҳад бахшид.и ещё 42 431Охват (люди)359ВзаимодействияПродвижение недоступно


ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪОНА

Имруз бо супориши Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ҳашари дастҷамъона бо иштироки кормандони дастгоҳи Раиси ВМКБ идораву муассисаҳои вилоят доир карда шуд. Ёдовар мешавем, ки бар асари фаромадани тарма дар деҳаи Кулеви ноҳияи Роштқалъа канали Додихудо вайрон гардида мушкилоти норасоии оби полези дар шаҳри Хоруг ба миён омад. Бо мақсади зудтар тоза намудани канали мазкур аз барф ва кушодани намудани он ба самти шаҳри Хоруг тамоми кормандони идораву мауссисаҳои вилоят ҷалб гардиданд.

КОР БО МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

Дар се моҳи соли 2021 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ 304 шаҳрванд, аз ин 154 нафар тариқи хаттӣ ва 150 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуданд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 16 муроҷиат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 19 муроҷиат (12,7 фоиз) ҷавоб гардонида шуд, 42 адад қонеъ нашуданд, барои 47 нафар аризадиҳандагон моҳияти қонун фаҳмонида дода шуда, 45 муроҷиат дар арафаи баррасӣ қарор доранд.