НИШАСТҲОИ МАТБУОТИ

Барои соли таҳсили 2020- 2021 тибқи нақшаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон муассисаҳои таълимии ноҳияҳои ВМКБ 152 адад квотаи Президентӣ ҷудо гардидааст.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи роҳбарони идораву муассисаҳо вазифадор гардиданд, ки аз фаъолияти ҷамъбасти худ дар назди намояндагони васоити ахбори омма ҳисобот пешниҳод намоянд.
Дар асоси ин амр нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон оиди нишастҳои матбуоти аз тарафи раиси вилоят тасдиқ гардид. Тибқи нақшаи мазкур роҳбарони Райёсати маорифи вилоят, Намояндагии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи вилоят, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Пажӯҳишгоҳи улуми инсонии Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва шуъбаи фарҳанги вилоят дар назди намояндагони васоити ахбори омма аз фаъолияти ҷамъбасти шашмоҳа ҳисобот пешниҳод намуданд.
Яке аз самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ.Теъдоди кудакистонҳо дар маҷмӯъ 26 адад бо фарогирии 2110 тарбиягиранда ва шумораи Марказҳои рушди барвақтии кӯдак 283 адад (нисбати ҳамин давраи соли 2018 теъдоди 16 марказ ва 275 тарбиягиранда зиёдтар), ки 6465 тарбиягирандаро дар бар мегирад, ташкил медиҳад, ки ин 41,2 фоизи фарогирии кӯдакони синни томактабиро дар вилоят дар бар мегирад.
Айни ҳол дар ВМКБ 312 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавҷуд мебошанд, ки аз онҳо 65 адад муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 42 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 205 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, ки дар онҳо 38123 нафар хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 5649 нафар омӯзгор дарс медиҳанд.
Шумораи 26 нафар хонандагон гирандаи стипедияи Президентӣ ва 10 нафар хонанда гирандаи стипедияи Раиси вилоят мебошанд.
Ҷамъбасти сатҳи сифати дониши хонандагони МТМУ-и вилоят дар нимсолаи аввали соли 2020 тибқи ҳисоботи пешниҳодгардидаи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят сатҳи дониши 2854 -хонанда мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки сатҳи сифати дониши хонандагон 48,1 %, азхудкунӣ 91%-ро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи соли 2020 аз тарафи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо 24 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия ва 9-муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуда, барои фаъолияти минбаъдаи онҳо иҷозатнома ва шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ дода шуд.
Тибқи ҳисоботи ММТ-ии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2019 – 2020 аз теъдоди 2701 нафар хатмкунандагони соли ҷорӣ, 2275 нафар аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштанд, ки ин дар маљмўъ 84,2 фоизро ташкил медиҳад. Инчунини дигар хатмкардагони солҳои пешин 585-нафар ба қайд гирифта шуданд, ки ин дар маҷмўъ 105,8 фоизро дар бар мегирад.
Бо илова ба ин 90 нафар хонандагони синфи 9 –и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят тариқи Маркази миллии тести ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 2 нафарашон хатмкунандагони солҳои пеш мебошанд.
Барои соли таҳсили 2020- 2021 тибқи нақшаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон муассисаҳои таълимии ноҳияҳои вилоят 152 адад квотаи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин теъдод нисбати ноҳияҳо чунин аст: Барои ноҳияи Дарвоз 18 адад, барои ноҳияи Ванҷ 23 адад, барои ноҳияи Рушон 23 адад, барои ноњияи Шуғнон 17 адад, барои ноҳияи Роштқалъа 21 адад, барои ноҳияи Ишкошим 26 адад ва барои ноҳияи Мурғоб 25 адад пешбинӣ гардидааст. Моҳи июни соли ҷорӣ даври ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардида, 140 нафар хатмкунанда соҳиби квотаи Президентӣ гардиданд.
Инчунин 40 адад квотаи Президентии иловагӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва 10 адад квотаи иловагӣ ба ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.

НАҚЛИЁТ ВА АЛОҚА

Масофаи умумии роҳҳои вилоят 2728,4 километрро ташкил медиҳад, ки 1276,3 километри онро роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 383,5 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 1068,6 километр аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.
Барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят маблағи 5743,5 ҳазор сомонӣ нақшабандӣ шуда, маблағи 5410,2 ҳазор сомонӣ барои корҳои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо истифода гардида, 94,2 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 270,8 ҳазор сомонӣ масраф гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар роҳҳои автомобилгарди вилоят 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 3 нафар фавтиданд. Садамаҳои нақлиётӣ бо номусоидии роҳ ба қайд гирифта нашудаанд.
Ба ҳолати 1 июли соли 2020 муассисаҳои роҳдории вилоят барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳо ҳамагӣ 177 адад техника ва механизмҳои роҳдорӣ дар ихтиёр дошта, 129 ададашон дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ 149,4 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 2948,5 ҳазор мусофирро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ 37,5 фоиз кам гардида, ҳаҷми мусофиркашонӣ 4,0 фоиз зиёд гардидааст.
Шумораи истифодабарандагони алоқаи телефонӣ 10244 нафар буда, дар истифода мебошад.
Ҳаҷми даромади филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар вилоят 302,4 ҳазор сомониро ташкил дода, 97,2 фоизи нақша мебошад. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 бошад, ба андозаи 4,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми хизматрасонӣ ба аҳолӣ 52,5 фоизи ҳамин давраи соли 2019-ро ташкил медиҳад.
Роҳҳо ва купрукҳои вилоят сол аз сол обод шуда истодаанд ва имруз мардум метавонанд дар муддати 12 – 16 соат дар тамоми фасли сол ба шаҳри Душаннбе сафар намоянд, вале вазъи баъзе қисмати роҳҳо ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани қисмати кўпрукҳои мошингузар ҳанўз мушкилоти ҷиддии сокинони вилоят боқӣ мемонад.

ИҶРОИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2020

Мувофиқи маълумоти Сарраёсати молияи вилоят ва Раёсати андози Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети вилоят дар шаш моҳи соли 2020 аз рўи даромадҳои худии буҷети вилоят ба андозаи 104,1 фоиз таъмин гардид. (нақша 47 929 040 сомонӣ, иҷро 49 874 721 сомонӣ).. Аз ҳисоби даромадҳои худӣ дар ин давра аз нақшаи пешбинишуда маблағи 1945681,0 сомонӣ ба буҷети вилоят зиёдтар ворид гардид.
Дар баробари ин, дар шаш моҳи соли 2020 сифатнокии қисми даромади буҷети вилоят аз рўи се намуди андоз, андоз аз арзиши иловашуда ( 83%), боҷи давлатӣ (80,4%), ва андоз барои захираҳои табии (76,5%) таъмин нагардид. Сабаби асосии сифатнок иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят ва буҷети худии вилоят, ин пурра фаъолият накардани қисмате аз муассисаҳои сохтмонӣ мебошад. Инчунин қайд кардан зарур аст, ки аз сабаби паҳншавии пандемияи каронавируси навъи COVID – 19 дар моҳи июни соли равон нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонии шаҳру ноҳияҳои вилоят муваққатан аз кор боз дошта шудаанд.
Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети вилоят ба маблағи 136 млн 224 ҳазору 356 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо гардида, 90,4 фоизи нақшаро ташкил дод.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии вилоят дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз рӯи ҳисоботҳои пешакї ба андозаи 90,4 фоиз иҷро гардида (нақша 150 728 227 сомонӣ, иҷро 136 224 356 сомонӣ), маблағи 136 224 356 сомонӣ барои хароҷот равона карда шуд. Бояд қайд кард, ки маблағи хароҷот дар нимсолаи якум нисбат ба даромади воқеи 98,5 фоизро ташкил медиҳад. Аз он дар дастгоҳи идоракунии давлатӣ 87,9 фоиз (14 469 991 сомонӣ), мудофиа 91,6 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 92,0 фоиз (1 966 039 сомонӣ) , соҳаи маориф 90,3 фоиз (64 940 777 сомонӣ), соҳаи нигаҳдории тандурустӣ 93,3 фоиз (37 606 214 сомонӣ), суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 92,6 фоиз (1 321 467 сомонӣ), хоҷагии манзилию коммуналӣ 78,7 фоиз (3 317 053 сомонӣ), фарҳанг ва варзиш 88,3 фоиз (7 061 983 сомонӣ), хоҷагии қишлоқ 85,5 фоиз (1 071 269 сомонӣ) ва нақлиёт ва хоҷагии роҳ 70,4 фоизро (251 510 сомонӣ) ташкил медиҳад.
Бақияи қарзи андозҳо дар миқёси вилоят ба ҳолати 01.07.2020 маблағи 2169393 сомониро ташкил медињад. Дар маьмуъ щарзи андоз нисбати аввали сол ба маблағи 201,3 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.
Дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2020 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 33469,9 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 363,2 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар дар ин давра 11272,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 3430,9 ҳазор доллари ИМА кам гардидааст.
Пасандози аҳолӣ дар ин давра маблағи 230,2 млн сомонӣ ташкил дода, аз он бо асъори миллӣ 148,2 млн сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ 81,9 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 16,3 млн сомонӣ зиёд мебошад

ҶАМЪБАСТИ ШАШ МОҲИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ ДАР МАСЪАЛАИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар маҷмуъ 2162 ҳуҷҷат ворид гардидааст, ки 1400 адади он аз ҷониби раёсату кумитаҳо, идораву муассисаҳо, шуъбаҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят буда, боқимондаи он аниқтараш теъдоди 762 ҳуҷҷат аз Мақомоти болоӣ, аз ҷумла 4 адад Қонун ва 2 адад Қонуни Конститутсионии Ҷумњурии Тоҷикистон,19 адад Амр ва Фармони Президенти мамлакат, 35 қарор ва 1 фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 77 адад протоколҳои Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 69 адад супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, 78 супоришҳои муовинони Сарвазири мамлакат, 180 адад супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 адад барқияҳои ҳукуматӣ , 5 адад ҳуљљат аз Маҷлиси Олӣ, 265 аз Вазорату кумитаҳо, 8 адад аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шарикони рушд ворид гардидааст.
Аз ҷониби Раиси вилоят дар ин давра 7 адад амр ва 171 қарори раиси вилоят, аз ҷумла 23 адади онҳо дар заминаи Фармон, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 ададашон дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расида, ҷиҳати маълумот, корбарӣ ва иҷрои саривақтии минбаъда ба воҳидҳои сохтории дахлдори вилоятӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардида, ҷараёни амалишавии онҳо таҳти назорати ҳамарўза қарор доранд.

ҶАМБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВМКБ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2020

Субҳи имрӯз бо иштироки Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмудзода Насрулло ва раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон мӯҳтарам Ёдгор Файзов ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласа муовини якуми раиси вилоят, муовинон, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят, роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят ва шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.
Дар пайи ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳа раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ташаккуроти худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чиҳати дастгириҳои пайвастаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва рушди босуботи он баён намуда, инчунин чиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи шаҳру ноияҳои вилоят, ки вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ ва дигар аъзоёни ҳукумат вобаст гардида, имрӯз ба инфрасохтори шаҳру навоии вилоят дигаргуниҳои ҷидди рӯи кор оварда шуда истодаанд баён намуд.
Вобаста ба рӯзномаи ҷаласа муовини раиси ВМКБ Умедчон Носирзода маъулумот манзур намуда, кайд дошт, ки дар давоми 6 моҳи соли равон қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 47 миллиону 929 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки ин нишондод аз нақшаи пешбинигардида, наздики 2 миллион сомонӣ бештар маблағ ба буҷа ворид гардидааст.
Оиди масъалаи рушди саноати ВМКБ низ сухан рафта қайд гардид, ки дар вилоят 45 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки аз сабаби камчин будани шумораи коргарон ва ҳаҷми истеҳсолот қисмати зиёди онҳоро коргоҳ бояд ном бурд. Дар соли 2019 дар вилоят 16 чунин коргоҳҳо таъсис дода шуда, соли равон бошад таъсиси 9 коргоҳи дигар ба нақша гирифта шудааст. Диққати асосӣ дар ин самт ба афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти маҳалли равона гардидаст, ки ин ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва коҳиш додани хаҷми маҳсулоти воридоти ба бозорҳои дохили вилоят ба максад мувофиқ арзёби гардид. Афзоиш додани коркарди сангу мева, гиёҳои шифобахшу маҳсулоти чорво, обҳои маъдани инчунин таъсиси корхонаҳои истеҳсоли қубурҳои пластикӣ, дару тиреза, мизу курсӣ, духти либос ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи пешниҳодоти боло бурдани ҳаҷми маҳсулоти дохилӣ ҳисобида шуданд. Дар мавриди амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионии таъмини Истиқлолияти энергетики дар вилоят ба маблағи зиёда аз 50 млн доллари ИМА корҳо оиди беҳтар таъмин намудани таъмини аҳолии ВМКБ ва вилояти Бадахшони Афѓонистон бо неруи барқ дар фасли зимистон зарфи 2 соли охир амалӣ гардида истодааст.
. Дар самти таъмини сиҳатии омма кайд гардид, ки дар соли ҷорӣ сохтмони беморхонаи дар ноҳияи Ишкошим ба охир расонида мешавад. Инчунин бо кўмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд сохтмони 3 бунгоҳи тибби ва 4 маркази саломатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов кайд дошт, ки баҳри пешгирии хатари паҳншавии сироятии коронавируси нави COVID-2019 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини муассисаҳои тандурустии вилоят бо маводи доруворӣ, таҷҳизотҳои зарурӣ ва маводи хўрока ва инчунин дастгирии кормандони соҳаи тандурустии вилоят 45 адад мошинаҳои боркашонии калонҳаҷми пурбор ба маблағи зиёда аз 5,0 млн сомонї кӯмаки моддӣ расонда шуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари давлат, дар вилоят муваққатан 785 адад катҳои бистарикунонӣ барои ташхису табобати гирифторони бемории сироятии COVID-19 бо фароҳам овардани хамаи шароитхои зарурӣ, алалхусус бо кӯмаки бевоситаи шарикон оид ба рушт ва ташкилотхои ғайридавлатӣ таъмини таъчизоти тиббии замонавӣ ва доруворӣ ташкил карда шуданд.
Бояд қайд намуд , ки аз аввали элон гардидани бақайдгириии бемории сироятии коронавирус дар маљмўъ бо ташхиси “Илтиҳоби шуш” дар муассисаҳои тиббии вилоят 1994 нафар беморон бистарӣ гардида, ба ҳолати 1 июли соли равон 1896 нафари онҳо баъди гирифтани табобат ба хона чавоб дода шуданд.
. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов хамчунин минатдории самимии худро ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табибону шарикони рушд ва соҳибкорону шахсони саховатпеша чиҳати кӯмаку дастгириҳои пайвастаашон миннатдории самимии худро баён намуда, аз масъулини раёсати тандурустии вилоят даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи таҷҳизоти тиббӣ ва либоси хобу дигар ашёҳои зарурӣ ки дар вақти паҳншави ва табобати бемории Ковид 19 дастраси муассисаҳои табобати гардид, назорати ҷиддиро ба роҳ монад.
Масъалаи дигари меварии кори ҷамбасти нимсолаи аввали сол ин иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди зиёд намудани кишти картошка ва истифодаи самараноки хар як вачаб замини корам ба ҳисоб рафта, дар ин маврид таъкид гардид, ки дар майдони зиёда аз 105 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки ин нисбати соли гузашта 17 гектар ва ё 0,2 фоиз зиёд мебошад, ки майдони 4798 гектар онро кишти картошка ташкил медихад.
Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарапарсати вилоят Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон вазъи иҷтимоию иқтисодии ВМКБ–ро ба баррсӣ гирифта, қайд дошт, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ВМКБ –ро Дарвозаи тиллоии Тоҷикистон номида, қайд дошт, ки зарфи солҳои 2015-2019 бо сармояи беш аз 87 миллион сомонӣ танҳо муассисаҳои таълимии қаламрави ВМКБ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Маҳмудзода Насрулло ҳамчунин таъмини субвенсияи давлатӣ, татбиқи лоиаҳои сохтмонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷаҳонгардиро ки асосӣ пешрафти ВМКБ ба хисоб меравад мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод.
Ҳамчунин сардори РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод оиди фаъолияти ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят ва иҷрои нақша чорабини ки мураккаб аз 18 банд дар ҳошияи сафари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018-ум рӯи кор оваарда шуд, маълумот манзур намуд..
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов фаъолияти 6 моҳаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ВМКБ-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои дар пешистода ва ҷамъбасти семоҳаи саввуми сол ба масъулин супоришхои мушаххас доданд.

СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ ҶАШНИ ДАР НОҲИЯИ РӮШОН

Сохтмони муассисаи таълими дар ноҳияи Рӯшон барои 640 нафар хонанда бо маблағи 16 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, бинои маорифи ноҳияи Рӯшон дорои 14 утоқи кори бо маблағи 3 миллион сомонӣ ва бинои бонки амонатгузорӣ Амонатбонк дар ноҳияи Рӯшон бо маблағи 1 миллиону 999 ҳазор сомонӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд бо маром идома доранд.

БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРӢ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНИ ВА СОҲАИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ РӮШОН

Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷараёни боздиди кори аз ВМКБ аз рафти корҳои созандагиву бунёдкори, сохтмонӣ ва соҳаи кишоварзии ноҳияи Рӯшон дидан намуданд. Соҳибкори маҳаллӣ Давлатмамадов Ҳамдам ҷиҳати пеш бурдани соҳаи хоҷагидории 5 адад гармхонаи муосирро ташкил намудааст. Ҳамарӯза маҳсулоти кишоварзиро ба бозори шаҳри Хоруғ ба фурӯш мебарорад.

БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРӢ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНИ ШАҲРИ ХОРУҒ

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҷараёни боздиди кори аз ВМКБ рафти корҳои созандагиву бунёдкориро дар маркази вилоят шинос гардид. Ин мақоми баландпояро дар ҷараёни сафар Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло, муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳи намуданд. Нахуст боздиди корӣ аз майдони фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Хоруғ оғоз гардида, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода барои таъмири қисматгоҳи харобгаштаи фурудгоҳ ва асфалпушт намудани чуқуриҳои майдони ҳавои инчунин аз нав рангубор намудани аломатҳо ва панҷараи фурудгоҳ дастуроти мушаххас доданд. Ҳамчунин гуруҳи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дар сатҳи баланд ба истифода супоридани иншооти таъиноти иҷтимои дар шаҳри Хоруғ аз маркази савдои навбуёнд воқеъ дар Бозори 20 солагии Истиклолият дидан намуд. Бояд гуфт дар ин мавзеъ бо ташаббуси соҳибкори маҳалли сохтмони маркази савдои сетабақа идома дошта, қарор аст, ки дар остонаи ҷашни миллӣ чорумин маркази тиҷорати дар шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ба тартиб даровардани атрофи Маркази савдои навбунёд, асфалтпуш намудани майдончаи атрофии бино ва чароғонкунии беруни бино то баромадан ба роҳи асосӣ аз масъалаҳои ҳалталаб ном бурда шуданд. Бояд гуфт дар ҳудуди Бозори 20 солагии истиқлолият ҳамчунин карор аст, ки коргоҳи дузандагӣ бо ҷалби 45 нафар бонувону ҷавондухтарон дар пешорӯи ҷашни истиқлолияти давлати мавриди баҳрабардорӣ қарор хохад гирифт. Бунёди коргоҳи мазкур низ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, барои фаъолияти пурсамар ва фароҳам овардани рушди соҳибкори дар ин гушаи кишвар намояндаи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ташакуроти хосро ба бунёдкорон баён намуд.
Абдучаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни боздид аз иншооти ҷашнии шаҳри Хоруғ аз махалли сохмтони пули мошингузари маҳаллаи Селхозтехника дидан ба амал овард. Гуфтанист бо мақсади коҳиши тамбашави дар хатсайриҳои шаҳри Хоруғ бо ҳидояти Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди саввумин пули калони мошингузар бар фарози рудхонаи Ғунд дар шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудаст.Тибки лоиҳаи сохтмонӣ дарозии он беш аз 200 метр буда, он дар маркази вилоят нахустин пули мошингузари замонави мебошад.
Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин сохтмони бинои филиали рақами 66-и Бонки давалатии амонатгузории Ҷумҳури «Амонатбонк» оғоз гардида алакай 65 фисдаи корҳои бо ҷалби зиёда аз 50 нафар коргар ҷараён дорад. Бинои бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иншооти ҷашни буда дар арафи таҷлили сазовор аз ҷашни Истиқлолияти давлати мавриди истифодабари қарор хоҳад гирифт. Тибқи лоиҳа бинои мазкур чорошёна буда аз мачлисгох, шуъбахо ва кисми амалиётиву утоқҳои махсуси кори иборат мебошад. Фармоишгари ин сохтмон худи бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонатбонк ба ҳисоб меравад.
Гурӯҳи кори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҷараёни сохтмони Театри миллӣ дар шаҳри Хоруғ аз наздик ошно гардида, барои ба тартиб даровардани роҳравҳо ва майдончаҳои атрофии бинои Театр масъулини сохтмониро муваззаф намуд, ки дар асосӣ тархи меъмориву шаҳрсозӣ ҳудуди Театри миллиро пурра азнавсозӣ намоянд. Кайд намуд, ки Театри мазкур барои 1000 чойи нишаст пешбини гардида, маблағи сохтмони он баробар ба 37 миллион сомони мебошад, ки айни ҳол қариб 90-фоизи ин маблағ ба кор бурда шудаст.
Гуфтанист дар остонаи ҷашни милли қарор аст, ки дар майдони Исмоилии Сомонии шаҳри Хоруғ дар баробари парчами давлати хамчунин Нишони милли яке аз мукаддасоти дигари миллӣ низ бунёд хоҳад шуд. Фармоишгари Нишони миллӣ ҶДММ «Талко Менечмент» буда, паймонкори ин сохтмон ЧДММ «Бунёд» як ширкати сохтмонии маҳалли мебошад. Ин пружа низ дар қатори дигар иншооти ҷашни қарор гирифта, гурӯҳи кори Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуданд.
Дар баробари ин корҳои бунёди дар бинои муассисаи таълимии рақами 8-уми шаҳри Хоруғ бомаром ҷараён гирифта барои бунёди бинои таълимии ин иншоот аз ҷониби Хукумати Чумхурии Точикистон 26 миллон сомони ҷудо гардидаст, ки алакай 85 фоизи корҳо дар бинои якум ба итмом расонида шудааст. Ин иншоот барои 640 нафар хонанда бо тамоми шароитҳои лозими пешбини гардида, он аз се ошёна ва се бинои асосии таълими иборат мебошад. Корҳои сохтмони дар ин иншоот аз моҳи июни соли 2019 оғоз гардиданд. Дар марҳилаи якум аз руи лоиҳаи пешбинигардида, аз тарафи дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бинокорон бо масолеҳи сохтмони пурра таъмин буда, аллакай ҳаҷми муайяни корҳои бунёди анҷом дода шуданд. Паймонкори ин иншоот ҶДММ «Шариф ШС» буда, сохтмончиён ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд.
Гурӯҳи корӣ баъди боздид аз ин иншоот аз Боғи набототи Помир, ки аз миёни баландтарин богғҳои ҷахон ба шумор меравад, дидан анчом дод. Барои ҳифзи зебогии боғ супориш дода шуд, ки муҳаррики обкаш барои шодоб намудани гулу дарахтони ин боғ харидори ва дастраси маъмурияти боғ гардонда шавад. Таъмири рохравҳо ва бунёди дигар инфрасохтори зарурї барои боз хам зеботар гардонадни ин макони тамошобоб супоришхои ҷидди дода шуданд.
Давоми ду соли охир бо дастуру супоришҳои роҳбарияти олии малмакат дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикитсон се майдончаи мусоири варзиши сохта мавриди баҳрабардории қарор дода шуданд. Ҳоло низ ба истиқболи солгарди навбатии Истиқлолияти милли тибқи нақшаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ сохтмони 8 майдончаи варзиши ҷараен дорад, ки ду адади онхо бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншоотхои Ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Чумхурии Тоҷикитсон ва шаш майдончаи дигар бо дастгирии шарикони рушд бунёд шуда истодаанд. Гурухи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Абдуҷабор Раҳмонзода сохтмони ин майдончаи муосири варзишии махаллаи Тирчидро мавриди санҷиш қарор дода, барои бо сифати баланд ба истифода додани ин майдончаи варзишӣ ба масъулини шаҳрдорӣ супоришҳои иловагӣ доданд. Баъди боздид аз иншооти сохташавандаи таъиноти иҷтимои гуруҳи корӣ ба боздиди худ аз иншооти ҷашни дар шаҳри Хоруғ ҳусни анҷом бахшид.

ТАЪЗИЯНОМА

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон аз марги нобаҳангоми ходими сиёсӣ, чамъияти ва давлати, собиқ муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилоят, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ Назарбегим Муборакшоева сахт андўҳгин буда, ба пайвандон, хешу ақрабо ва наздикони марҳум изҳори тассалият ва ҳамдардии самимӣ баён намуда, аз даргоҳи Яздони пок барои онҳо сабри ҷамилро хоҳон аст.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов

БА ВОЛОҲАЗРАТИ ВОЛОМАҚОМ ШОҲЗОДА КАРИМ ОҒОХОН МАВЛОНО ҲОЗИР ИМОМ

Волоҳазрати Воломақом,
Бо камоли эҳтиром ва хушнудии беандоза Шуморо ба муносибати ба тахти мубораки Имомат нишастанатон аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон самимона табрик намуда, ба Шумо Волоҳазрати Воломақом тани сиҳат, умри дароз ва нерӯи бузург дар иҷрои рисолати таърихиатон  таманно дорам.
Ҳар як Имоми давр дар тӯли имоматашон ба ҷамоат ва инсоният хизмати беандоза намуданд, вале заҳмати шабонарӯзии Шуморо баҳри беҳтар намудани сифати зиндагии ҷамоати исмоилия ва умуман башарият, пуштибони аз исломи ҳақиқии холис аз фанатизм ва зиёдаравӣ васф кардан хеле мушкил мебошад,  зеро он беандоза аст. Ифтихор дорем, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон Шумо бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муносибати дипломативу сиёсӣ ва бародаронаро барқарор намуда Шабакаҳои Оғохон чун як шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуданд, ки дар қаламрави Тоҷикистон на танҳо бе ягон мамоният фаъолият доранд, балки аз чандин имтиёзҳо ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат бархурдор ҳастанд. Мусулмонони исмоилии Тоҷикистон шукригузор аз он ҳастанд, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот соҳибистиқлолии ватан ва ваҳдати миллӣ   озодона расму русуми аҷдодии худоо дар кулли қаламрави мамлакат иҷро менамоянд ва  чун шаҳрванди комилҳуқуқи давлат имконияти ширкати фаъол ва бемаҳдуд дар рушду нумӯи кишвар ва сохтани давлати демокративу ҳуқуқбунёдро доранд.
Сиёсати инсондӯстона ва муҳаббати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати дини мубини ислом ва эҳтирому эътибори ин шахсияти таърихӣ ва чун ориёитабори  тоҷик имконият фароҳам овард, ки ташрифи Шуморо ва дидорбинӣ бо муридони исмоили таъмин намуданд, ва ин ҳодисаи таърихӣ дар хотираҳо нақш баста боиси амалӣ гардидани ҳазорон барномаҳои муштарак ва ормонҳо гардид.
Аз фурсат истифода бурда минатдории самимии хешро ба Шумо Волоҳазрати Воломақом баҳри ҳамкорӣ ва кӯмаки бесобиқа дар пешгирӣ ва табобат намудани маризони COVID 19 баён менамоям. Умед дорам, ки ин ҳамкории мутақобилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилотҳои Оғохон дар оянда боз ҳам рушд ефта, ба сатҳи нав хоҳанд расид.
Бори дигар ин Рӯзи саидро ба Шумо ва кулли ҷамоати исмоилия муборак  гуфта, орзу дорам, ки тахти Имомат доимо  побарҷо бошад ва ҷамоату инсоният солҳои тулонӣ  аз  муҳаббат, ҳидоят  ва дуоҳои Шумо бархурдор бошанд.

Бо эҳтироми самимӣ
Едгор Файзов                           Раиси ВМКБ