ТАЙЁРИ БА ЗИМИСТОНИ ИМСОЛА АЗ ИН РӮЗҲО БОЯД ДИД.

Таҳти раёсати муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода ҷаласаи ситоди вилоятии омодагӣ ба зимистонгузаронӣ доир гардид, ки дар он масъалаи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 мавриди баррасӣ қарор гирифт.Сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Имомназар Ақназаров оид ба масъала ахборот дода, қайд кард, ки дар ин самт корҳои муайян анҷом дода шудаанд. Нақшаи захиракунии маводи асосии ғизои босифату дастрас, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка, меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ, ҳамчунин сӯзишвории дизелӣ, ангишт ва ҳезум барои таъмини аҳолӣ тасдиқ гардида, барои иҷрои он фаъолият ба роҳ монда шудааст.Роҳбарони идораву муассисаҳо оид ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода гузориш доданд. Мушкилоти таъмини барқ яке аз масъалаи асосӣ арзёбӣ гардид. Соли гузашта ҷиҳати нарасидани об дар вилоят 11 мегаватт-соат қувваи барқ истеҳсол нашуд, ки боиси ҷорӣ гардидани реҷа дар шаҳру ноҳияҳо гардид. Ширкати барқии «Помирэнерҷи» имсол барои муътадил нигоҳ доштани қувваи барқ тендер эълон намуда, миқдори муайяни гармкунакҳои каммасрафро дастрас хоҳад кард, онҳо ба камтар сарф намудани қувваи барқ мусоидат менамоянд. Таъмини соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг бо маводи сӯзишворӣ ва ангишт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пешниҳод гардид, ки барои маблағгузории ин муассисаҳо беҳтар мешуд, агар онҳо дар сатҳи ноҳияҳо мутамарказ карда шаванд. Инчунин васл гардондани гармкунакҳои каммасраф дар ин муассисаҳо ба коҳиш ёфтани қарздорӣ аз қувваи барқ мусоидат хоҳад кард. Дар ҷаласа ҳамчунин доир ба захираи хӯроки чорво, маводи зиддилағжиш, корҳои соҳилмутаҳкамкунӣ ибрози назар карда шуд. Муовини раиси вилоят Умедҷон Носирзода баҳри беҳтар ба роҳ мондани омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.и ещё 30Охват (люди)4ВзаимодействияПродвижение недоступно

44

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД ҶИҲАТ РУШДИ САЙЁҲӢ

Субҳи имрӯз Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов коршиносони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии исломии Покистонро ба ҳузур пазируфт. Меҳмонон аз табиати нотакрори Тоҷикистон ҳарф зада қайд доштанд, ки мақсади сафари мо ба вилоят дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омухтани ёдгориҳои таърихӣ ва урфу одати сокиноне, ки дар “Шоҳроҳи абрешим” зиндагӣ доранд мебошад. Меҳмонон баён доштанд, ки дар Ҷумҳурии исломии Покистон, бахусус дар шимоли ин давлат, солҳои охир ҳазорон ёдгориҳои таърихӣ ва расму русуми қадима, тарзи ҳаёти он мардум омухта гардида, чандин қалъаҳо ва ҷойҳои таърихӣ барқарор гардиданд. Дар натиҷа шимоли Покистон ба макони сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ табдил ёфт. Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ дорои ҷойҳои таърихӣ ва фарҳангии ғанӣ буда таваҷҷӯҳи ҳазорон олим, тадқиқотчӣ ва сайёҳро ба худ ҷалб кардааст. Танҳо як хонаи помирӣ ҳазор ҷанбаи фалсафӣ ва таърихи қадима дорад. Пайвасти бойгарии ду кишвар ва барқарор намудани ҳамкории халқҳо ва давлатҳои “Шоҳроҳи абрешим” имкон медиҳад, ки ҷаҳон бо тамаддуни ин халқ шиносоӣ пайдо намоянд ва сайёҳи ба як соҳаи сердаромади мардум табдил ёбад. Барнома дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Асостсиатсияи сайёҳии экологии фарҳангии “Помир” ва Донишгоҳи Гарварди Британияи Кабир бо маблағгузории давлати Ингилистон амали мегардад.Бояд қайд кард, ки ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон баъд аз сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии исломии Покистон боз як густариши тозаеро касб кард ва ин барнома яке аз натиҷаҳои сафари Пешвои миллат ба ин давлат мебошад.

МУАРРИФИИ НИЗОМИ НАВИ ТИҶОРАТ

Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди содироти кишвар ва равнақ додани роҳҳои густариши гардиши савдои хориҷӣ низоми нави содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупоро қабул намуда, бо мақсади муаррифии низоми нави тиҷорат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ машваратҳоро доир менамояд. Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ мизи мудаввар бо иштироки Раиси вилоят Ёдгор Файзов ва масъулини Агентии содироту соҳибкорони вилоят доир карда шуд. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов барои баргузории мизи мудаввар ва муаррифии низоми нави тиҷоратӣ ба намояндагони Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос баён намуда бо ёдоварӣ аз суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд дошт, ки мавзўи содироту тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда яке аз масъалаҳои мубрами рўз маҳсуб меёбад, зеро давлате, ки дар он содирот мавқеи муайян дорад, иқтисоди он давлат пешрафта аст. Соҳибкорони ватаниро зарур аст, ки бо ин нави тиҷорат шинос гарданд, ки аз манфиат холи нахоҳад буд. Арз дошт, ки ба роҳ мондани чунин низоми тиҷоратӣ дар вилоят ва ҷалби соҳибкорон ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ –саноатикунонии босуръат мусоидати хуб намуда ба ин васила фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди вилоят боз ҳам рушд хоҳад кардМуовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Раҳимзода низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупоро барои иштирокдорон муаррифӣ намуда қайд дошт, ки ҳадаф аз қабул намудани низоми мазкур пеш аз ҳама мусоидат ба рушди босуботи миқдору сифати содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои истеҳсоли ватанӣ, мусоидат дар баланд бардоштани иқтидори содироти кишвар ва мусоидат ҷиҳати ҷалби харидорони мустақим, миёнравони боэътимод, шабакаҳои фурўши молҳои яклухт ва дигар шарикони тиҷоратӣ дониста мешавад. Мушкилоти асосии самти содирот ин мавҷуд набудани марказҳои лагистикӣ, инфросохтори роҳ, маълумоти кофӣ надоштан дар бораи бозори тиҷорат ва хизматрасониҳои бурунмарзӣ маҳсуб меёбанд. Амалӣ намудани низоми нави тиҷоратӣ дар ҷумҳурӣ барои беҳтар намудани сатҳу сифати маҳсулоти содиротӣ мусоидат намуда Агентӣ бо ҷалби соҳибкорону шарикони рушд метавонад ба муваффақиятҳо ноил гардад.Дар ҷараёни мизи гирд иштирокдорон бобати низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо суолҳо пешниҳод намуда ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.