Суханронии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба муносибати 64-умин солгарди ба тахти Имомат нишастани Волоҳазрат Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ, Оғохони 1V дар Маркази исмоилияи шаҳри Хоруғ

Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Бо фараҳмандию болидарӯҳӣ сидқан Шумо ва кулли пайравони мазҳаби исмоилии дини мубини исломро шахсан аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо фарорасии 64-умин солгарди ба тахти аршади Имомат нишастани Имоми Замон Волоҳазрат Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ табрику муборакбод менамоям! Мавлоно Ҳозир Имом 64 соли умри пурбаракати худро, аз ҷумла, солҳои беҳтарини ҷавониашонро барои хизмат ба ҷамоат ва инсоният бахшиданд ва хушбахтона имрӯз Волоҳазратро на фақат ҷамоати исмоилия, балки башарият чун яке аз чеҳраҳои маъруфи ҷаҳон – ҳомии исломи аслӣ, ки холӣ аз ифротгароиву дигар амалҳои зишт аст, сиёсатмадори шинохта, кордони маъруф ва олими забардаст эътироф мекунад. Миллионҳо одам дар курраи Замин имрӯз аз хизмати институтҳои ҷамоатӣ ва ташкилотҳои Огохон оид ба Рушд бархурдор буда, саҳми шахсан Волоҳазрати Воломақом ва сохторҳояшон дар беҳтар намудани сифати зиндагии мардум хеле бориз ва саривақтӣ аст. Бо қаноатмандӣ зикр менамоям, ки ин санаи муборак имсол дар моварои ду ҷашни муқаддаси миллиямон- бистучорсолагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва си солагии Истиқлолияти комили давлатӣ рост омад, ки манзалату масаррати онро бамаротиб гуворо месозад. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолии давлати миллии тоҷикон муридони ташнаи дидори роҳбари рӯҳонии худ имконият пайдо намуданд, ки ба мулоқоти он шахс мушарраф ва қалбҳои худро аз меҳромезтарин суханону ҳидоятҳои воломақом шодоб намоянд. Имоми Замон дар нахустин дидору иршодоти худашон ба пайравон аз сулҳу ваҳдат ва суботи иҷтимоию оромии рӯҳию равонии ҳар фарди тоҷик сухан гуфта дуои хайр доданд. Дар ин росто, ифтихормандона бояд қайд намуд, ки хизмату саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати даъвати Ҳозиримом Оғохони 1V ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он вазъи носозгор муҳайё намудани тамоми шароит барои баргузории мулоқоти Волоҳазрат бо пайравонаш, ҳам дар пойтахти Ватанамон-шаҳри Душанбе ва ҳам дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар қалби аҳли ҷамоаи исмоилии кишвар абадан сабт гардид. Айни ҳол, ташкилотҳои Оғохон дар ҳамаи каламрави ҷумҳурии мо бе мамоният фаъолият дошта, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ба онҳо имтиёзҳои махсус ва мақоми дипломатӣ дода шуддаст, ки ин боварии комил ва қадрдонии бузурги Ҳукумати Тоҷикистон ва Роҳбарияти Олии он нисбати шахсияти Имоми давр аст. Шукргузорӣ аз он бояд кард, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи қонунгузории миллӣ, тавассути эътирофи принсипу арзишҳои умумимиллӣ фазои озоди эътиқодӣ ба вуҷуд омада, имрӯз пайравони адён ва ҷараёнҳои суннатӣ расму одот ва анъанаҳои аҷдодони хешро озодона амалӣ менамоянд. Дар иртибот ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки “Дар кишвари мо ба шарофати Истиқлолият эҳёи арзишҳои ахлоқиву динӣ мақому манзалати хоса пайдо кардаанд. Мо онҳоро на фақат василаи беҳтарини тарбияи наслҳо медонем, балки омили ҳатмии худогоҳиву худшиносии мардум мешуморем. Зеро тамаддуни ислом худшиносиро инкор накарда, мўъминро бародари мўъмин хондааст ва ҳикмати бузургеро таъкид кардааст: «ҳар кӣ худро шинохт, Худои худро шинохт». Яъне, ҳикмати асилу арзишҳои ноби исломӣ дар ҳамаи давру замон, новобаста аз таҳрифу идроки муғризонаи гурӯҳҳои ифротӣ, моҳиятан тағйирнаёбанда буда, роҳи инсонро дар ҳаёти дунявӣ пурсаодату равшан ва ҳаёти маънавии ӯро ғанӣ менамояд. Фаъолияти озоди марказҳои Исмоилия дар шаҳрҳои зебои Душанбе ва Хоруғ як нишонаи таҳамулпазирӣ ва фарҳанги волои халқи тоҷик ва иродаи матини Хукумати Тоҷикистон аст.Волоҳазрат Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ доимо дар талоши ҳамзистии инсоният буда дар ин замина ба муридони хеш муроҷиат намуда, мефармоянд, ки “Майл дорам, ки ин рӯҳияи бародарӣ на танҳо дар равобит бо ҳамаи фарзандони рӯҳонии ман мавҷуд бошад, балки байни ҷамоати мо ва дигарҳо низ мавҷуд бошад.” Бар замми ин, дар иршодҳои худашон барои пайравон, дар радифи ҳидоят ба анҷоми фароизи мазҳабӣ ва ахлоқи ҳамидаву ҳасана доштан, инчунин, пайваста таъкид бар он менамоянд, ки пайравонаш ба симмати шаҳрванди кишварҳои худ бояд ҳамеша кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ ҳаёту фаъолияти худро ба роҳ монда, намунаи ибрат барои дигарон бошанд. Зимнан бояд тазаккур дод, ки фазилати ҷашнвораҳои динию мазҳабӣ дар моҳияти тарбиявию ахлоқии онҳо зоҳир гашта, дар ин рӯзҳои саид ба иловаи гирифтани саодати рӯҳонӣ, инчунин ширкати фаъол дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизорикунии мавзеъу маҳалҳо, пос доштани хотири гузаштагон, арҷгузории падару модарон ва калонсолон, дастгирии ниёзмандон, аёдати беморону барҷомондагон бояд марому нияти ҳар яки мо бошад.Бо ин ниятҳои нек ва умедворӣ ба фардои дурахшон, дар Рӯзи Имомат ба Волохазрати Воломақом умри дароз, саломатӣ ва нерӯи бепоён дар иҷрои рисолати бузургашон таманно намуда, барои ҳамагон саодати рӯзгор, оромии равонию рӯҳонӣ, тавфики фармонбардорӣ ва дар ҷодаи фаъолият баҳри гулгулшукуфоии Ватани маҳбуб комёбиҳои беназирро таманно менамоям.

БА ТАВАҶҶУҲИ РӮЗНОМАНИГОРОН ВА РОҲБАРОНИ ИДОРАВУ МУАССИСАҲОИ ВМКБ !

Оғоз аз санаи 12 июли соли 2021 дар асоси нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нишасти матбуотӣ бо роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят баргузор мегарданд. Санаи 12 июн нишасти матбуотии Раёсати маорифи вилоят ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст.

ДОВОДИМ ДО СВЕДЕНИЯ ВСЕХ РУКОВОДИТЕЛЕЙ ВЕДОМСТВ И УЧРЕЖЕНИЙ А ТАКЖЕ ЖУРНАЛИСТОВ ПО ГБАО!Согласно плану мероприятий государственной исполнительной власти Горно Бадахшанской Автономной Области начиная с 12-го июля 2021 года будут проводится пресс-конференции с участием руководителей ведомств и учреждений. 12-го июля планируется проведение пресс-конференции Управления образования области а также Государственного Университета города Хорог.

TO THE ATTENTION OF JOURNALISTS AND HEADS OF ADMINISTRATIONS AND INSTITUTIONS OF GBAO!Starting from July 12, 2021 accordance with the plan of events of the Local authority of Gorno-Badakhshan Autonomous Oblast will be held a press conference with the heads of departments and institutions of the region.A press conference of the Department of Education and Khorog State University is scheduled for June 12.

Statement by the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan

Today at 14:55, 4 Kyrgyz border guards illegally crossed the state border of Tajikistan at the Rosrovut section of Devashtich district, reports the Press Center of the Border Troops of the State Committee for National Security of Tajikistan.

The Kyrgyz servicemen were dressed in a combination of civilian and military uniforms, and were armed with AK firearms. They intended to steal 9 horses, belonging to residents of the Devashtich district, and to take them to the Kyrgyz Republic.

Kyrgyz border guards, contrary to the warning of the Tajik border guards about violation of the state border line, opened fire on them. Two Kyrgyz border guards were wounded by the return fire of Tajik border guards.

Currently, representatives of the competent authorities of the two countries are at the scene to clarify the circumstances of the incident.

Заявление Пресс-центра Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан

Пресс-центр Пограничных войск ГКНБ Республики Таджикистан сообщает, что 8 июля текущего года в 14 часов 55 минут четверо кыргызских пограничников незаконно пересекли государственную границу Республики Таджикистан на участке Росровут района Деваштич Согдийской области.

Нарушители были одеты в военную и гражданскую форму, имели при себе автоматы Калашникова, намеревались похитить 9 лошадей, принадлежащих жителям района Деваштич, и увести на территорию Кыргызстана.

На предупреждение таджикских пограничников о нарушении ими госграницы кыргызские военнослужащие открыли стрельбу из автоматического оружия. Ответным огнём таджикских пограничников двое нарушителей были ранены.

В настоящее время представители компетентных органов двух стран находятся на месте происшествия для выяснения обстоятельств инцидента.

ҚАДРДОНИИ ЗУМРАЕ АЗ АҲЛИ ФАРҲАНГ ВА МАТБУОТИ ВИЛОЯТ

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия бо як зумра фаъолони соҳаи фарҳангу васоити ахбори оммаи вилоят доир гашт.Вохӯриро муовини Раиси вилоят Амирбекзода Назира ифтитоҳ намуда, бо ибрози сипос бобати дастгирию мусоидатҳои Вазорати фарҳанг ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои мазкур, арз дошт, ки аҳли фарҳангу матбуот аз ин дастгирӣ рӯҳбаланд гардида, ҷавобан ба он кӯшиш менамоянд, ки тавассути фаъолияти касбию эҷодӣ сатҳу сифати корро баланд намоянд.Вазири фарҳанг дар суханронии худ ҳозиринро бо ҷашни Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, афзуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ имконият пайдо гардид, ки тоҷикон рӯ ба арзишҳои волои фарҳанги миллӣ оварда, дар ин муддат таҳкурсии соҳаро мустаҳкам, тавассути эҷоди асарҳои баландмазмун ва баргузории чорабиниҳои гуногун онро ба ҷаҳониён сазовор муаррифӣ намоянд. Қайд гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳо ба рушди фарҳанги миллӣ, эҳёи арзишҳо ва анъанаҳои хуби фарҳангӣ аз аввали соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, онро соҳаи афзалиятнок эълон намуданд. Саҳми фарҳанг дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, худогоҳию ватанпарастӣ ва миллатдӯстии шаҳрвандон басо бориз арзёбӣ гардид. Гуфта шуд, ки дар ҳудуди вилоят дар радифи бунёду тармими муассисаҳо ва бо асбобу анҷоми зарурӣ таъмин намудани онҳо, ҳамчунин, бобати тарбия ва ҷобаҷокунии мутахассисон низ корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Танҳо соли гузашта бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бинои нави театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи М.Назаров дар шаҳри Хоруғ барои 1000 ҷойи нишаст ифтитоҳ гардид, ки беҳтарин тӯҳфа ба аҳли фарҳанг ва дӯстдорони санъати мусиқию театрӣ мебошад. Ҷавобан ба ин, аҳли театр дар озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гашт. Ба китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят ҳамасола теъдоди зиёди китобҳои бадеию илмӣ ва публисистию дастурҳо ворид гардида, теъдоди хонандагон бамаротиб афзуда истодааст.Давлатзода Зулфия вобаста ба моҳият ва таҳкими фазои иттилоотии кишвар ибрози андеша намуда, аҳамияти васоити ахбори оммаро ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои давлату миллат ва арзишҳои фарҳангию ахлоқии он, махсусан, дар марҳилаи ҳозира, муҳим арзёбӣ намуд. Бо муқоиса ба солҳои пеш, таҳкурсии бинои иттилоотии вилоят хеле таҳким ёфта, имрӯз, танҳо ба намунаи пахши амвоҷи радиоӣ ва телевизионӣ метавон гуфт, ки дар радифи шабакаҳои умумидавлатӣ, телевизиони “Бадахшон” низ ба шабакаи моҳворавӣ пайваст гардид ва воҳаи пахши он 43 фоизро ташкил медиҳад. Шабакаҳои электронии интернетии мақомотҳои маҳаллӣ ва муассисаҳои давлатӣ дар вилоят рӯз ба рӯз фаъолияти худро густурда менамоянд. Ҳамчунин, Вазири фарҳанг ҳозиринро барои вусъати фаъолият бобати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муқаддаси миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуда, қайд намуд, ки аҳли қалам бояд дар бораи дастовардҳои Ватани маҳбуб ва заҳматҳои хастанопазири мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асарҳои баландмазмун эҷод намуда, пешкаши ҷомеа намоянд. Илова бар ин, таваҷҷӯҳи масъулин ба эҳтиёкорӣ дар нисбати бемории сироятии КОВИД-19 ҷалб гардида, таъкид шуд, ки аз ҳама неъмати пурбаҳо барои инсон саломатӣ аст ва дар ин марҳила бояд аз тавсияи мутахассисон кор гирифт ва байни ҷомеа корҳои фаҳмондадидҳиро роҳандозӣ намуд.Дар фарҷоми вохӯрӣ зумрае аз аҳли фарҳанг ва матбуоти вилоят барои хизматҳои сазовор ва фаъолияти пурсамари касбӣ бо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардиданд.


Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои cарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳадки соати  14:55-и санаи 08-уми июли соли 2021 4 сарҳадбони қирғиз марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ғайриқонунӣ убур намуданд.

Низомиёни қирғиз дар тан либоси омехтаи мулкиву ҳарбӣ дошта, бо силоҳи оташфишони АК мусаллаҳ буданд. Номбурдагон мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон интиқол диҳанд.

Сарҳадбонони қирғиз ба амри наряди сарҳадии марзбонони Тоҷикистон оид ба вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд.

Мақомоти дахлдори ду кишвар дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, қазияро таҳқиқ менамоянд.

БАШАРДӮСТӢ ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ҲАЁТИ ИНСОН АСТ.

6-уми июл соли ҷори Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов роҳбарияти комисарияти Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба бехатарӣ, дафтари ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ва роҳбарияти Хадамоти Оғохон оид ба макони зистро ба ҳузур пазируфт. Рохбарони идораҳои Созмони Милали Муттаҳид мавқеи башардӯстонаву инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд намуда бо мамнуят изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид чандин шартномаҳо ва конвенсияҳои байналмилалиро эътироф ва имзо кардааст, ва имрӯз уҳдадориҳои худро дар назди ҷомеаи ҷаҳон бошарафона иҷро намуда истодааст. Қабули гурезаҳо аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон , бахусус ҳарбиёни силоҳдор дар як шароити мутташаниҷи минтақа, мушкилотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ , амниятӣ ва бахусус дар шароити хуруҷи касалии КОВИД 19 худ як мисоли барҷастаи обрӯ ва масъулияти баланди Тоҷикистон дар назди башарият аст. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз амалҳои иҷрокардаи мақомоти иҷроияи ҳокииияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, кори сохторҳои қудрати баҳри таъмини будубоши гурезагон ва мушкилотҳо ба намояндагони ташкилотҳои байналмилалии ёрирасон маълумот дод. Қайд карда шуд, ки мақомот бо кулли сохторҳои давлатӣ, шарикони рушд ва аҳоли корбари намуда паноҳбурдагонро бо хурока, рахти хоб, хизматрасонии тибби ва ғайраҳо ба қадри имкон таъмин карда истодааст. Ҳадафи дигари ин мулокот ин ҳамкории минбаъдаи СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, минҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ буда, намояндагони ташкилотҳои баналмилалӣ иброз намуданд, ки Тоҷикистон ки имрӯз иқдоми неки башардӯсттнаро рӯи даст гирифтаст дар ин самт танҳо набуда созмонҳои мазкур, сафоратҳо ва дигар ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар ин рӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати инсондӯст ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот оиди масъалаи муайян намудани мавқеи гурезаҳо ва нақшаҳои минбаъдаро муайян ва тасдиқ намуда, бори дигар СММ ва Ташкилотҳои Волоҳазрат Оғохон иброз доштанд, ки ,дар ҳама гуна вазъият аз ташаббусхои неки Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳанд кард.


Бинои маъмурии Нерӯгоҳи Барқии Обии Себзор ба истифода дода шуд.

Хеле хушоянд аст,ки аз файзу баракати ваҳдат, сулҳу амонӣ, ва истиқлолияти комил ноҳияи Роштқалъа зиёда зеботару ободтар гардида истодааст. Ҳар як сокини ин диёр ифтихор аз он намуда истодааст, ки ба ифтихори таҷлили 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ободкориву созандагӣ, бунёдкориву хуррамгардонӣ бо маром идома ёфта истодааст ва то фарорасии ҷашн ноҳияи Роштқалъа боз ҳам бештар рушд хоҳад кард. Ин ободкориҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, симои ноҳия рӯз аз рӯз ва ба куллӣ тағъир ёфта истодааст.Бояд қайд кард, ки дар ноҳияи Роштқалъа баҳри истиқболи ин ҷашни таърихӣ сохтмонҳои зиёд қомат афрохта , ният аст, ки дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд.Ин аст,ки аз рафти корҳои сохтмони тайи ду рӯзи охир Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Далер Ҷумъа Шофақир, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов,Раиси ноҳияи Роштқалъа муҳтарам Назаршозода Лоиқ ва дигар намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.Инчунин зимни сафари корӣ дар ҷамоати Мирсаид Миршакар намояндаҳо бинои маъмурии Нерӯгоҳи Барқии Обии Себзорро, ки бо тарҳи нави замонавӣ сохта шудааст, ба истифода доданд.