Маросими расмии номгузорӣ баргузор гашт

Бо пешниҳоди ҳайати омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон ва дастгирии мақомоти намояндагии ноҳия ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муассисаи мазкур ба номи ходими намоёни давлатию сиёсӣ устод Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров гузошта шуд.Дар маросими расмии номгузорӣ ба намояндагӣ аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят муовини Раиси ВМКБ Назира Амирбекзода, раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додихудоев, ҳамкорон, собиқадорони меҳнат, дӯстон, наздикон ва омӯзгорону толибилмони муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.Ҳайати расмии мақомоти маҳаллӣ ва роҳбарияти муассиса пардаи рамзиро аз нимпайкараи зиндаёд Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров, ки дар саҳни ҳавлии мактаб гузошта шудааст, бардошта, аз лавҳаи ёдгорӣ, ки ба ифтихори устод дар пештоқи муассиса, бо пешниҳоди расму мукофотҳои давлатию соҳавӣ ва дигар маводи хотиравӣ таҳия гардида буд, шинос шуданд. Ҳамчунин, дар ин ҷо дастовардҳо ва намунаҳои эҷоди шогирдон низ пешкаши ҳозирин гардид.Дар толори муассиса ҷамъомади тантанавиро раиси ноҳия бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, муовини Раиси вилоят Н.Амирбекзода, ки ҳамзамон яке аз шогирдони устод М. Рузадоров мебошад, матни табрикоти муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзовро ба муносибати номгузорӣ шудани муассиса ба самъи ҳозирин расонд. Дар табрикот аз он ҷумла, омадааст, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат, таҳти сиёсати хирадмандона ва маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар радифи иқдомҳои дигари наҷибонаи роҳбарияти олии кишвар, зинда намудани номи фарзандони барӯманди Ватан ва эҳтиром гузоштан ба хизматҳои онҳо, ба ҳукми анъана даромад. Устод Муҳаббатшоҳ Рӯзадоров аз ҷумлаи он шахсони барӯманди Ватан аст, ки бо дониши васеъ, меҳнати ҳалол ва таҷрибаи бойи ҳаётӣ тавонист аз сатҳи омӯзгори мактаби миёна то мансабҳои муовини Раиси ВМКБ ва мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ расад. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат буд. Бояд тазаккур дод, ки таҳсил дар Институти фалсафаи Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав ва фаъолият дар Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият муҳайё сохтанд, ки устод вобаста ба масъалаҳои мухталифи иҷтимоӣ мақолаҳои илмӣ таҳия намуда, дар чандин ҳамоиши илмии сатҳи байналмилалӣ баромад кунад. Ба сифати барномарез, сартренер ва мудири филиал дар яке аз барномаҳои шарикони рушд, ки ҷанбаҳои мухталифи инсонро ҳамчун объекти омӯзиш тадиқиқ менамуд, фаъолона иштирок намуда, ҳаммуалифи китоби шашҷилдаи таълимӣ оиди ин масъала мебошад.Дар радифи сиёсатшиносу сиёсатмадор ва омӯзгору олим будан устод ҳамчунин инсони хоксор, масъулиятшинос, фарзанди мушфиқ, ҳамсари вафодор ва падари меҳрубон буд. Бо мавқеи мустаҳками шаҳрвандӣ, ба ҳайси вакили мардумӣ, дар ҳалли мушкилоти ҷомеа ва афроди ҷудогона бевосита иштирок менамуд. Дорои ҳуввияти баланди миллӣ буд ва аз ватанпарастию миллатдӯстии худ ифтихор дошт.Давлату Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои содиқонаи Муҳаббатшо Рӯзадоровро бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо қадр намуда, устод, ҳамчунин, академики Академияи умумиҷаҳонии бехатарии комплексӣ ва аъзои Конфедератсияи байналхалқии журналистон буд.Ҳамкори устод, профессор Назрӣ Офаридаев, аз хотироти худ ҳангоми фаъолияти касбӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ёдовар шуда, қайд сохт, ки он шахс пайваста дар омӯзиш қарор дошта, бо касбияти баланди педагогӣ дар байни омӯзгорону донишҷӯён эҳтироми хосаро касб намуд. Бо рафтор ва муносбат ба атрофиён аз худ муомилаи хуб нишон дода, яке аз намояндагони беҳтарини аҳли зиёи кишвар ба ҳисоб мерафт. Корманди дастгоҳи Раиси вилоят Имомназар Хоҷаназар шогирдии чунин шахси обрӯманд ва варзидаро барои худ ифтихор хонда, афзуд, ки ба номи шодравон номгузорӣ шудани ин боргоҳи маърифат аз як тараф агар мояи фахр барои ҳайати омӯзгорону шогирдон бошад, аз ҷониби дигар он масъулияти онҳоро дучанд хоҳад намуд. Дар баромади худ директори муассиса Арамбегим Ҷаъфариева ҳозиринро бовар кунонданд, ки дар ҷавоб ба ғамхории Давлату Ҳукумат ва махсусан, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин бинои нави замонавиро барои хонандагону омӯзгорон тақдим намуданд, бо саъю кӯшиши дучанди худ, сатҳу сифати таълиму тарбияро боз ҳам баланд намуда, ба намунаи устод Рӯзадоров Муҳаббатшоҳ ходимони намоён ва фарзандони содиқу сарсупурдаи Ватану миллатро ба воя хоҳем расонд.Аз номи пайвандони устоди зиндаёд фарзандашон Сарвар Рӯзадоров ба сухан баромада, ба роҳбарияти олии мамлакат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати қадрдонӣ аз меҳнату фаъолияти қиблагоҳашон аз номи кулли наздикону хешон изҳори сипос намуда, қайд сохт, ки онҳо низ минбаъд масъулияти баланд доранд, ки дар доираи имконият муассисаро дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият дастгирӣ хоҳанд намуд.Шогирдони муассиса ва аҳли фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои худ, ки саршор аз меҳру муҳаббат ба Ватан, васфи сулҳу субот ва зебоиҳои диёр буданд, ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.

ИҚДОМИ НЕК

Субҳи имруз Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайёҳон” (Рахш такси – 33 33) – ро ба ҳузур пазируфтанд. Раиси вилоят меҳмононро ба вилоят хайра мақдам хонда барои амали намудани иқдомашон дар шаҳри Хоруғ тавфиқу барорро таманно намуд. Намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайёҳон” зимни мулоқот ба Раиси вилоят пешниҳод намуданд, ки бо мақсади густариш ва васеъ намудани доираи хизматрасониҳо, инчунин таъмини шаҳрвандон ва меҳмонони вилоят бо сифати баланди мусофиркашонии нақлиёти автомобили муосир мо тасмим гирифтем, ки бо иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят “Такси – 3333 -ро ҷорӣ намоем. Ин намуди хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таъсиси ҷойҳои нави кори барои сокинони маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.Ёдовар бояд шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сайёҳон” (Рахш такси – 33 33) дар шаҳрҳои Душанбе , Хуҷанд, Кулоб, Бохтар ва ноҳияҳои тобъеи марказ фаъолият намуда сокинон аз онҳо самаранок истифода мебаранд.9 548Охват (люди)2 066ВзаимодействияПродвижение недоступно

177177Комментарии: 16Поделились: 25НравитсяКомментироватьПоделиться

ҲАМКОРИ БА ХОТИРИ САЛОМАТИИ МАРДУМ

Субҳи имрӯз Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов директори Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Муҳаббат Баҳромовро ба ҳузур пазируфт. Раиси вилоят ба маъсулини Хадамоти Оғохон оид ба тандурусти барои нигоҳ доштани сиҳатии мардум изҳори сипос намуда қайд доштанд, ки Хадамоти Оғохон оид ба тандурусти дар даврони хуруҷи бемории сироятии Covid 19 фаъолияти хеле хуби тиббиро нишон доданд ва ба сокинон кумакҳои тибби бо сифати баланд расонданд. Умед аст, ки ин ҳамкориҳои судманд дар ояанда низ идома хоҳанд дошт. Директори Хадамоти Оғохон оид ба тандурусти доктор Муҳаббат Баҳромов дар навбати худ барои ҳамкориҳои судманд миёни Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатманди намуда қайд доштанд, ки бо фурсат аз сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳлоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои хеле хуб ноил гардидем. Қайд карда шуд, ки кушода шудани Филиали маркази тибби Оғохон дар ноҳияи Рушон ва оғози сохтон он дар ноҳияи Роштқалъа, Дарвоз ва ноҳияи Ишкошим далели гуфтаҳои боло мебошад. Маркази тибби Оғохон дар шаҳри Хоруғ ба сокинон кӯмаки тибби сифатнок расонида кушиш мекунанд дар оянда низ ин равандро идома диҳад. Ҷонибҳо зимни мулоқот баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурусти ва хизматрасониҳои тибби ба аҳолии, нархи хизматрасониҳои пулаки, омада будан ҳангоми пайдо шудани аломатҳои бемории Covid 19 миёни аҳоли инчунин интиқол додани маризон тавассути сарҳад аз давлати Исломии Афғонистон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат дар маркази тибби Оғохон дар шаҳри Хоруғ ибрози андеша намуданд. Дар фарҷом Раис вилоят муҳтарам Ёдгор Файзов бори дигар изҳори хушнуди намуд, ки кушодашавии Филиалҳои маркази тибби Оғохон дар ноҳияҳои вилоят ин дастраси пайдо намудани мардум ба кумаки тибии бо сифат ва ба ҷойкор ҷалб намудани мутахассиони соҳаи тибб мебошад, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи неку аҳволии мардум такони ҷидди хоҳад бахшид.

ИФТИТОҲИ ФИЛИАЛИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИИ ХУН ДАР ВМКБ

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар замони соҳибистиқлоли дар баробари шаҳрҳои Хуҷанду Бохтар ва Кўлоб бори нахуст Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи марказ муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва Директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» Одиназода Азиз ширкат намуда, ифтитоҳи чунин иншоотро дар вилоят ба манфиати кори шифокорон арзёбӣ карданд. Марказ дорои 15-утоқи барҳаво ва муҷҷаҳаз бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ барои нигоҳдории хун, се ташхисгоҳ, ҳуҷраи муоинаи донорон ва утоқи коркарди хун иборат мебошад. Ҳама ҳуҷраҳо бо мебел ва дигар шароити лозимаи корӣ муҳаё аст. Имрўзҳо дар Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Хоруғ 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ кору фаъолият менамоянд. Зимни шиносоӣ аз шароити фароҳам омада ва таъмини таҷҳизоти пешрафта ва шароити мусоиди корӣ меҳмонон шинос шуданд. Барои таъмиру таҷдиди бинои марказ 578 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ихтисос дода шуда, бо маблағи беш аз 700 ҳазор сомонӣ таҷҳизоту лавозимоти корӣ барои ҳуҷраҳои корӣ харидори шудааст. Марказ ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи умумиҷаҳони донорони хун, ки ҳамасола 14-уми июн ҷашн гирифта мешавад рўйи кор омад. Бартарияти маркази номбурда дар он аст, ки бо низоми ягонаи иттилоотии ҷумҳурӣ пайваст буда, фаъолияти кормандонро аз пойтахт назорат менамоянд. Аз ҷониби масъулини соҳа мутахассисон дар ду давр дар пойгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар шаҳри Душанбе ба бозомўзӣ фаро гирифта шуда, ҳамчун табибони кордон аз ўҳдаи вазифаҳои ба онҳо вогузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» дар маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ як рўйдоди муҳими таърихӣ буда, кормандони соҳаи тандурустӣ метавонанд чарроҳиҳои вазнинро аз ин ва баъд дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон анҷом хоҳанд дод. Муовини раиси Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон Назира Амирбекзода аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон барои бунёд ва таҷҳизонидани муассисаи замонавӣ миннатдории кормандони Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии худ» дар шаҳри Хоруғро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт. Зеро бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи тандурстӣ дар замони 30 соли охир дар вилоят ба дастовардҳои арзишманд ноил шуда, бо бунёд шудани беморхонаҳои замонавӣ ва дастрасӣ ба лавозимоти ҳозиразамони тиббӣ кори кормандони соҳаи тандурстии вилоятро ба дарҷаи баланд расонид. Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурстии вилоят дар замони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷўҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, муассисаҳои соҳаи тандурстии вилоят бо дастгоҳҳои пешрафтаи тибби ҷаҳонӣ дастраси дошта, ба таври шабонарўзӣ дар хизмати мардуми вилоят қарор доранд.

Мусобиқаи футбол байни кормандони идораву муассисаҳо барои дарёфти Ҷоми 30- солагии Истиқлоли давлатӣ ва “Нигини Помир”

Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи футбол байни кормандони идораву муассисаҳо барои дарёфти Ҷоми 30- солагии Истиқлоли давлатӣ ва “Нигини Помир” Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рузи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар ҳамкори бо Анҷумани Оғохон оид ба масоили ҷавонон ва варзиш дар ВМКБ мусобиқаи варзишӣ аз намуди Футбол байни кормандони идораву муассисаҳои шаҳриву вилоятӣ тайи 4 моҳ давом ёфта, дар маросими ҷамъбастии он муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Иматшозода иштирок ва суханрони намуданд. Қобили зикр аст, ки мусобиқаи мазкур ҳар рузи шанбе аз соати 8:00 то 19:00 дар толори калони Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ байни 22 даста (идораву муассиса ва ширкатҳои мобилӣ) доир гардид. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки мусобиқаи мазкур аз тарафи ширкати барқии Помир энерҷӣ дар соли 2018, Тселл дар соли 2019, Мегафон дар соли 2020 ва дар соли 2021 Вавилон дастгирӣ ёфта, ғолибон он қадрдонӣ карда шуданд. Дар бозии финали дастаҳои АКАH -2 ва PAMIRNERGY бо ҳам рақобат намуда бо ҳисоби 4:2 варзишгарони дастаи PAMIRNERGY ғолибиятро ба даст оварданд. Варзишгарони дастаи Муассисаи давлатии Мактаби варзиши сазовори ҷойи сеюм дар ин мусобиқа гардиданд. Ғолибон бо ҷом, медал, ифтихорнома ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд. Ҳамзамон зиёда аз 30 дучарха ( ВЕЛОСИПЕД) ба иштирокчиёни ин мусобиқа тақдим карда шуд.

Дави миллӣ дар шаҳри Хоруғ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир гардид.

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он Муовини Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода ва Раиси шаҳри Хоруғ Мирзонабот Алишер Худоберди иштирок ва суханронӣ намуданд.Масъулин аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонону наврасон ёдоварӣ карданд. Баъдан Дави миллӣ оғоз гардида, сокинони маркази вилоят, кормандони ташкилоту идораҳо, соҳаҳои фарҳангу маориф, тандурустӣ ва ҷавонону варзишгарон дар он иштирок карданд. Маросими ҷамъбастии Дави миллӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ сурат гирифта, иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд.

ДАСТИ КӮМАКИ МАРДУМИ ВМКБ БА СОКИНОНИ ШАХРИ КӮЛОБ

14 майи соли ҷорӣ дар доираи ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва соҳибкорони бо нангу номуси вилоят ва тибқи супориши Раиси вилоят муҳтарам Ёдгор Файзов кӯмаки сарвақтӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки дар натиҷаи омадани сел ва боришоти зиёд хисороти молӣ диданд, дасти кумак дароз намуданд.Бо дастгирии соҳибкорон ва саховатмандони вилоят таҳти роҳбарии соҳибкори муваффаки шаҳри Хоруг Айдибеки Бекмуроди маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, картошка, пиёз, инчунин ашёҳои рӯзғор, курпаву болин, рахти хоб ва дигар ашёҳои зарурӣ тавассути корвони кумакҳои мардумии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ирсол намуданд.Бо чунин иқдом кулли мардуми Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон омодагии хешро барои дастгирии сокинони осебдидаи вилояти Хатлон изҳор намуданд.

ТАҶЛИЛИ РУЗИ ОИЛА ДАР ВМКБ

Субҳи имруз бо ташабусси шуъбаи занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандии МИҲД ВМКБ чорабини тантанави бахшида ба Рузи оила таҷлил карда шуд, ки дар он муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода иштирок ва суханрони намуданд. Назира Амирбекзода иштриокдоронро аз номи Раиси вилоят муҳтарам Ёдгор Файзов табрику муборак бод гуфта кайд доштанд, ки Рӯзи байналмилалии оила, ки 15 моҳи май ҷашн гирифта мешавад, соли 1993 аз ҷониби СММ таъсис дода шуда буд. Таваҷҷуҳ ва изтироби ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масъалаҳои оила дар замони имрӯза, дар замони аз байн рафтани бисёр арзишҳои хонаводагӣ ва суннатҳои никоҳ сабаби пайдоиши он гардид. Ин ҷашни хушбахтӣ, ишқ ва вафодорист.Дар чорабини оилаҳои ҷавон аз шаҳру навоии вилоят ширкат варзида маҳорати хонаводагии ва ҳунари кадбонугии худро барои иштирокдорон нишон доданд. Дар фарҷоми чорабини муовини Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Назира Амирбекзода ба навхонадорон шаҳодатномаи акди никоҳ ва ба волидайни кудакони навзод шаҳодатномаи таваллуд дар вазъияти тантанавий супориданд.

КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БАРОИ ТАБАҚАИ НИЁЗМАНДИ ВМКБ

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимои буда барои сатҳи неку аҳволии мардум кушиш зиед ба харҷ медиҳад, ки сол то сол сатҳи зиндагии мардум беҳтару хубтар гардидааст. Ба ин хотир ҳамасола дар арафаи Иди Саиди Фитр кумаки хайрияви ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси табақаи ниёзманд аз ҷумла маъюбон мегардад. Имсол низ ин табақаи аҳоли аз кумаки Роҳбарияти Олии мамлакат бархурдор гардиданд. Кумак дар вазъияти тантанави ба маъюбон тақдим карда шуд, ки дар он муовини якуми Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳаётзода Фирдавс Ҷурахон, Вазири Тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Абдулозода ва Раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов иштирок ва суханрони намуданд. Кумаки мазкур барои 122 нафар маъюб аз оилаҳои ниёзманди вилоят, ки он аз қабили аробачаҳои маъюби ва маводҳои гизои ( орд, шакар, биринҷ, картошка, макарон ва равган) мебошад тақдим карда шуд.Дар фарҷоми чорабини Фарида Алибахшова раиси асосиатсияи маъюбони вилоят барои дастгири ҳамешаги аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати маъюбон изҳори сипос баёнро намуданд.и


КУМАКИ ХАЙРИЯВИ

Аз ҷониби соҳибкори ватани шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Исмоили Маҳмадзоҳир ба 500 оилаи ниëзманди Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон кӯмаки яквақтаи ғизоӣ дастрас гардид. Ин иқдом дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри дастгирии афроди камбизоат рӯи кор омада, дар арафаи Иди саиди Фитр дастрас гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари иҷтимоӣ буда, табақаи осебпазир таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти олии сиëсии кишвар мебошад. Кумак аз қабили картошка, шакар, равган, биринҷ ва макарон буда он дастраси оилаҳои ниезманди вилоят мегардад. Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба соҳибкории ҷавони шаҳри Бохтар барои кумак намудан ба табақаи ниёзманди вилоят изҳори сипос баён намуданд.