ТАБОБАТ ВА ТАШХИСИ БЕМОРОИИ КОВИД – 19 РОЙГОН МЕБОШАД.

Дар ҷавоб ба саволи рӯзноманигорон оид ба гузаронидани ваксинасия дар байни аҳолӣ сардори Раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров посух дод, ки айни замон дар вилоят марҳилаи аввали ваксинасия ба охир расид. Ваксинасия бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад. Ба вилоят 5750 воя дохил гардида, дар мадди аввал кормандони муассисаҳои тиббии шаҳри Хоруғ, 72 фоизи кормандони тибби ноҳияҳои вилоят ва нисфи сокинони аз 60 сола болои шаҳри Хоруғ ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд. Бо дастрас гардидани ваксинаи навбатӣ ин кор идома дода мешавад. Фарид Музаффаров дар рафти нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки баҳри пешгирии бемории Ковид-19 дар шашмоҳи соли равон аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маќомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шарикони рушд 695 ҳазору 278 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Айни замон муассисаҳои табобатии вилоят бо доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва таҷҳизоти лозимӣ пурра таъминанд.

АЗ НИШАСТИ МАТБУОТӢ Мурғоб.

«Якҷилва» ба фаъолият оғоз кардСаволи аввалине, ки аз ҷониби хабарнигорон ба муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб Исрорзода Исрор Наврӯзшоҳ пешниҳод гардид, таъсири роҳбандӣ аз ҷониби Қирғизистон ба вазъи бозори истеъмолӣ, таъмини аҳолӣ бо озуқа, сӯзишворӣ, молҳои ниёзи аввал ва хизматрасонӣ алоқаманд буд ва мувофиқи посухи ӯ таъсири роҳбандӣ аз ҷониби кишвари ҳамсоя аслан эҳсос намешавад. Ҳукумати мамлакат бо ҳидояти Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини аҳолии ноҳия бо озуқа, сӯзишворӣ, молҳои ниёзи аввал, инчунин таъмини фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагӣ тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ намудааст. Дар бозору марказҳои савдо, дӯконҳо орд, равған, шакар, биринҷ, меваю сабзавот ва дигар намудҳои озуқаворӣ ва дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ҳамаи намудҳои сӯзишворӣ аз ҷониби Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, нархи онҳо аз нархи дигар ноҳияҳои вилоят фарқ надорад. Зимистони имсола дар Мурғоб ниҳоят сарду тӯлонӣ буд, аммо омодагии саривақтӣ ба ин фасли сол имконият дод, ки мушкилоти ҷиддие дар таъмини аҳолӣ бо маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва фаъолияти муассисаҳои роҳсозӣ ва иҷтимоӣ эҷод нагардад. Рушди Мурғоб, ба ноҳияи худмаблағгузор табдил додани он ба ташкил ва пешрафти саноати кӯҳӣ алоқаманд аст. Фақат фаъолияти яксолаи корхонаи маъданкоркунии «Якҷилва» имкон дод, ки ба буҷаи худии ноҳия як миллион сомонӣ ворид шуда, бо ин маблағ як қатор масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳалли худро ёбанд. Аз 200 нафар коргароне, ки дар ин корхона кор карданд, теъдоди бештарашон сокинони маҳаллӣ буданд. Корхона бар иллати иқлими сард соле 200 рӯз кор мекунад. Соли гузашта бар асари хуруҷи бемории коронавирус умуман фаъолият накард. Хушбахтона, аз охири моҳи май он ба фаъолият оғоз кард ва ба буҷаи ноҳия аз ҳисоби фаъолияти чандрӯза алаккай 40 ҳазор сомонӣ ворид гашт. Имрӯз яке аз вазифаҳои афзалиятноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таъмини аҳолӣ бо ҷои кор мебошад,- гуфт Исрорзода Исрор Наврӯзшоҳ. Таъмини аҳолӣ бо ҷои кор маҳз ба ташкили чунин корхонаҳо, рушди соҳибкории хурду миёна дар самти бунёди корхонаҳои хурди маҳсулоти чорво, ҳунарҳои мардумӣ, инфрасохтори сайёҳӣ алоқаманд аст.2 753Охват (люди)357Взаимодействия-1,5x нижеПоказатель распространенияПродвижение недоступно

2929Комментарии: 1Поделились: 3НравитсяКомментироватьПоделиться

АЗ НИШАСТИ МАТБУОТӢн. Ишкошим.

Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ бештар аз 29,8 миллион сомониро ташкил дода, суръати афзоиши он ба 15 фоиз баробар шуд. Нақшаи даромади худӣ ба буҷаи ноҳия 105,3 таъмин гашт. Сифатнокии иҷроиши буҷет, ба ғайри андоз аз соҳибони нақлиёт иҷро гардид. Сабаби иҷро нашудани андоз аз ин намуд ба он алоқаманд аст, ки қисмати зиёди нақлиёти куҳнашуда, ки аз истифода баромадааст, аз қайди бозрасии давлатии автомобилӣ бароварда нашудааст. Барои аз миён бардоштани ин қазия комиссияи махсус дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташкил шуда, дар давоми ду моҳи оянда ин мушкилот аз миён бардошта мешавад,-иброз дошт Мирзозода Мӯсо Одинамамад.Дар нимсолаи аввали соли равон нисбати ҳамин давраи соли гузашта бонкҳо ба аҳолӣ бештар аз 2,1 миллион сомонӣ қарз доданд. Воридоти маблағ аз хориҷи кишвар назар ба шаш моҳи соли гузашта қариб 13,5 миллион зиёд шуд. Аммо дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат 40 фоиз кам гардид ва сабабаш номураттаб кор кардани нерӯгоҳи барқии Намадгут дар фасли зимистон маънидод гардид. Барои таъминоти амнияти озуқаворӣ дар мавсими имсола майдони кишти картошкаю сабзавот зиёд карда шуд. Барои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ бо дастгирии шарикони рушд 9 амбор сохта ба истифода дода шуданд. Ҷиҳати дар давоми сол таъмин намудани аҳолӣ бо кабудӣ ва сабзавоти тару тоза 53 гармхона дар масоҳати 1705 мурабаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Пурсиши хабарнигорон аз раиси ноҳия асосан ба таъмини инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, пешгирии бемории Ковид-19 алоқаманд буданд. -Барои равнақи сайёҳӣ дар ноҳия имкониятҳо фароҳам ҳастанд ба ҷуз нарасидани кадрҳо,-гуфт раиси ноҳия. Соли 2019 бештар аз ҳафт ҳазор нафар ҷаҳонгардони хориҷӣ аз ҷойҳои таърихию фарҳангӣ, чашмаҳои гарму шифобахш, манзараҳои тамошобоби ноҳия дидан намуданд. Соли гузашта бо сабаби хуруҷ ва паҳншавии бемории коронавирус ягон сайёҳи хориҷӣ ба ноҳия наомад. Хушбахтона, дар нимсолаи аввали соли равон 127 нафар сайёҳони хориҷӣ аз ноҳия дидан намуданд.2 204Охват (люди)146Взаимодействия-1,8x нижеПоказатель распространенияПродвижение недоступно

1717Комментарии: 1Поделились: 3НравитсяКомментироватьПоделиться

АЗ НИШАСТИ МАТБУОТӢ Ванҷ.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 40 фоиз афзудРаиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим оид ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар шаш моҳи аввали сол ба таври фишурда маълумот дода, гуфт, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ноҳия дар ин давра қонеъкунанда ҳастанд. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби рушди саноат, кишоварзӣ ва сохтмон нисбати соли гузашта 19 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бошад, 44 фоиз афзоиш ёфт. Ин аз бисёр ҷиҳат ба фаъол гаштани корхонаҳои коркарди мармар, ҶДММ «Хрустал» ва муътадил фаъолият намудани шабакаҳои барқии ноҳия алоқаманд аст. Бо вуҷуди он ки аз лиҳози таъминоти хоҷагии халқ ва аҳолӣ бо нерӯи барқ Ванҷ нисбат ба дигар ноҳияҳо пешрав аст, иқтидори тавлидотии ҳамаи нерӯгоҳҳои барқии ноҳия барои ташкили корхонаҳои саноатӣ ҳанӯз басанда нест. Айни ҳол шабакаҳои барқии ноҳия 2,6 мегават барқ истеҳсол мекунанд, аммо барои он ки дар қаламрави ноҳия корхонаҳои нисбатан пуриқтидори саноати кӯҳӣ сохта, ба коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр шурӯъ намоянд, беш аз 5,6 меговатт қувваи барқ зарур аст. Мо умед дорем, ки бо пайваст гардидани шабакаҳои энергетикии ноҳия ба шабакаи муттамаркази энергетикии ҷумҳурӣ, ки то охири соли равон пешбинӣ гардидааст, ин қазия ҳалли худро пайдо мекунад. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳам пешравиҳо кам нестанд. Ванҷ махсусан барои рушди боғдорӣ имкониятҳои зиёд дорад ва имрӯз қисмати зиёди мева аз ноҳия ба дигар минтақаҳои кишвар содир карда мешавад. Соли равон дар қаламрави ноҳия ба ҷои 8 гектари дар нақша пешбинишуда, 15 гектар боғи нав бунёд карда шуд. Нақшабандии кишти зироатҳои кишоварзӣ вобаста ба талаботи бозори истеъмолӣ роҳандозӣ мегардад. Ба хотири он ки талаботи аҳолӣ ба зироатҳои лӯбиёгӣ зиёд аст, майдони кишти ин зироатҳоро нисбати солҳои пешин хеле зиёд намудем.1 168Охват (люди)22Взаимодействия-3,5x нижеПоказатель распространенияПродвижение недоступно

77Поделились: 1НравитсяКомментироватьПоделиться

Санаи 14 уми июли соли равон котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмудзода Насрулло ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ба ноҳияи Ишкошим сафари корӣ анҷом доданд.

Дар зимн бояд қайд намуд, ки дар доираи сафари корӣ муҳтарам Маҳмудзода Насрулло котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳтарам Ёдгор Файзов раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади иҷрои амалии нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, № 7, банди 43 ҷиҳати иҷрои саривақтии супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ғайринавбатии фаврии Ҳукумати мамлакат дар таърихи 16 апрели соли 2020 оид ба афзоиш донаи кишти картошка ва ғалладонагиҳо аз заминҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия алалхусус кишти картошка дидан намуда аз рафти корҳои анҷомдодашуда дар самти мазкур аз наздик шинос гардиданд.Инчунин дар идомаи сафари корӣ котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмудзода Насрулло ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнии ҳудуди ноҳия бахусус аз вусъати корҳои сохтмонии беморхонаи минтақавии деҳаи Вранг, майдончаи варзишӣ, сохтмони мағоза ва меҳмонхонаи Муъминов Ҷумъабой, нуқтаи хизматрасонии Файзуллобеков Фарид (маркази савдо, ҳаммом, кошонаи ҳусн ва сартарошхона) дидан намуданд.Лозим ба зикр аст, ки котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмудзода Насрулло ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов вобаста ба таъминоти маводи озуқа ва молҳои рӯзгордорӣ аз нуқтаҳои савдои соҳибкорон дидан намуда, аз мавҷудият ва дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маводҳо хӯрока ва ашёи рӯзгордорӣ изҳори хушнудӣ намуданд.Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмудзода Насрулло ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ҷиҳати бо сифат ва муҳлатҳои наздик анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ба маъсулин дастуру супоришҳои иловагӣ доданд.2 875Охват (люди)438ВзаимодействияПродвижение недоступо


НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО РАИСОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ, МУРҒОБ ВА НОҲИЯИ ВАНҶ

Дар нишасти мабуотӣ раисони ноҳияи Ванҷ, Ишкошим ва Мурғоб иштирок намуда, оиди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияҳо ҳисобот манзур намуданд. Раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода қайд намуд, ки ба хотири 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиистон дар ноҳия сохта ва ба истифода додани 76 адад иншооти таъиноти гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуда, 31 адад иншоот ба маблағи зиёда аз 23,8 миллон сомонӣ пурра сохта шуда, корҳои сохтмонӣ дар 35 адади дигар идома доранд. Раиси ноҳия афзуд, ки дар ноҳия ба соҳаҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ диққати махсус равона гардида, дар ин росто иқдомоти зиёде баҳри рушди ин соҳаҳо дар ноҳия ҷомаи амал пушидаанд. Бо мақсади гузаронидани мавсими кишту кори баҳорӣ дар хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия соли ҷорӣ зиёда аз 91.8 тонна картошкаи навъи Бигроза аз давлати Олмон, 11,8 тонна аз давлатҳои дигар оварда шуданд. Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббор Қосим оиди фаъолияти иқтисодиёти иҷтимоиёти ноҳия ахборот дода, қайд намуд, ки дар ноҳия бештар ба самти саноат диққати махсус равона гардида, шумораи корхонаҳои саноатӣ зиёд шуда истодаанд. Зикр гардид, ки соҳаи кишоварзӣ самти афзалиятноки ноҳия маҳсуб ёфта, кишоварзони ноҳия дар соли 2021 дар майдони 1493 га кишти зироатҳои кишоварзиро гузаронидаанд. Раиси ноҳия бобати иҷрои якқатор банди нақша чорабиниҳо маълумот манзур намуда, гуфта шуд, ки дар ноҳия 83 иншот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, сохтмони 11 иншооти иловагӣ идома ёфта истодааст. Муовини аввали раиси ноҳияи Мурғоб Исрор Исроров оиди нақша чорабиниҳои самти мухталифи хоҷагии халқ ҳисобот манзур намуда, қайд гардид, ки дар ноҳия бештар ба соҳаи чорводорӣ диққти махсус равона шуда, дар ҳамаи хоҷагиҳои ноҳия сарфи назар аз шакли моликияташон ҳамагӣ 8 512 сентнер гўшт, 1500 сентнер шир ва 300 сентнер пашм истеҳсол шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2020 зиёдтар ба назар мерасад. Оиди неругоҳи барқи обии «Тоҷикисон» маълумот манзур гардида, гуфта шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2021 1970 834 квт соат қувваи барқ истеҳсол карда шуда, 1806 017 квт.саот қувваи барқ ба маблағи 723 743 сомонӣ барои фурўш интиқол дода шуд. Рўзноманигорон ба саволҳои хеш оиди вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои мазкур фаъолияти корхонаи истеҳсоли дар ноҳияҳои ва дигар саволҳо посух гирифтанд. посух гирифтанд.

ТАЪЗИЯНОМА

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нисбати фавти нобаҳангоми ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов, ки рӯзи 12 июл дар синни 70 солаги аз олам чашм пӯшиданд изҳори ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои вазнин ба аҳли наздикону пайвандон сабри ҷамил хоҳонанд.Руҳашон шод ва манзили охираташон обод бошад.

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА

Субҳи имрӯз котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмудзода Насрулло ва Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муҳтарам Ёдгор Файзов ҷиҳати шиносои бо иншоотҳои ҷашни умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Роштқалъа сафар карданд. Ноҳияи Роштқалъа дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба дастовардҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардааст. Дар маркази ноҳия сохтмонҳои зиёд бо тарҳи замонавӣ сохта шуда ба симои зоҳири марказ ҳусни тоза мебахшанд. Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарасти ин ноҳия гардида дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ноҳия саҳми калон доранд. Ҳаногми боздид аз иншоотҳои ҷашни Маҳмудзода Насрулло бо сохтмони иношоотҳои ҷашни аз наздик шинос гардида ба масъулини сохтмонҳо дар ноҳия барои сифатнок ва саривақт ба анҷом расондани иншоотҳо супоришҳои ҷидди доданд.и ещё 13

Худодод ЗАЙНИДДИН, “Оинаи Рашт” ЗАРАРДИДАГОН ТАНҲО НАМЕМОНАНД

Зилзилаи шадиде, ки имрӯз, соати 7,30-и субҳ дар кишвар ба вуқӯъ пайваст, дар минтақаи Рашт якчанд хонаҳои истиқоматӣ ва аҳолиро зарари моддиву ҷонӣ расонд.

Раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва Фақерзода Қадриддин фавран ба Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи телефонӣ суҳбат намуда, оид ба хисороти овардаи зилзила ҳисобот манзур намуданд.

Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бартараф кардани зарари он ситоди фаврӣ таъсис дода шуда, раиси Маҷлиси намонядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, директори Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмаҳмад Ато ва дигар масъулини мақомоти дахлдори кишвар ба минтақа омаданд.

Масъулини Ҳукумати кишвар дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хонаҳои зарардидагон рафта, изҳори тасалият иброз доштанд ва барои бартараф кардани  зарари офати табиӣ, инчунин дастгирии зарардидагон то ҳол кор бурда истодаанд.

Заминҷунбӣ дар минтақаи Рашт ХИСОРОРТ БАРТАРАФ МЕШАВАД

Зилзилаи субҳи имрӯз ба сари мардуми ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод омада хисороти ҷониву молӣ ба пай дошт. Дар натиҷа якчанд хонаи истиқоматии маҳалҳои аҳолинишин ва сокинони навоҳии мазкур зарари ҷониву молӣ диданад. Ба гуфтаи маенбаъ 4 нафар ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи мазкур Ҳумукумати мамлакат ва аҳли ҷомеаи кишварро ба ташвиш андохта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ фавран ба раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ва Фақерзода Қадриддин тариқи телефонӣ суҳбат доир кард ва аз вазъияти ба амал омада воқиф гардид. Дар асоси дастуру супоришҳои ӯ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди фаврӣ бо роҳбарии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳматоир Зокирзода ташкил карда шуд. Маҳматоир Зокирзода дар ҷои ҳодиса бо мардуми зарардида вохӯриҳо гузаронда, зикр кард, ки имрӯз мардуми зарардидаи ин офати табиӣ ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хонаҳои зарардида дар муҳлати кутоҳтарин бартараф хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки директори Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Нурмуҳаммад Ато вақти рух додани ҳодиса дар ноҳияи Рашт қарор дошт. Ӯ бо ҳамроҳии раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фавран ба хонаҳои зарардидагон рафта, ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори тасаллӣ кард.

Ба ҳамаи осебдидагон ёрии тиббӣ расонда шудааст.

Зарардидагони ҳодисаи табии мазкур аз чунин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз роҳи сиёсати инсонгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, изҳори миннатдорӣ намуда,бо эътимоди комил иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат онҳоро дар чунин рӯзи мушкил танҳо намонад.